Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми нек

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 120        Шарҳ: 0

 

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва зодрӯзи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Сарчашмаи саодат”аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид.

Дар он дар баробари дигар кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва 150 ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ширкати фаъолона дошта, ба маблағи 33 ҳазору 712 сомонӣ 1 ҳазору 265 нусха харидорӣ намуданд.

Дар қатори дигар донишгоҳҳои олии кишвар, фурӯши китобҳои ДИС ДДТТ низ ба роҳ монда шуда, 23 номгӯи китобҳо пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Барои иштироки фаъолона дар аксияи намоиш ва фурӯши китоб бахшида ба зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ДИС ДДТТ аз тарафи раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сипоснома сарфароз гардонида шуд. 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш