Нашрияи Омӯзгор

Маҳфилҳои чакандӯзӣ

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар 19 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 21 маҳфили “Чакандӯзӣ” бо фарогирии 854 нафар таъсис дода шуданд. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимӣ ва Марказҳои таҳсилоти иловагӣ 50 осорхонаи кишваршиносӣ ташкил гардид.

Ба иттилои масъулин дар се моҳи аввали соли 2020 се муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби бинои алоҳида гардиданд ва барои фаъолияти маҳфилҳо ва ҳунаромӯзии наврасон шароити беҳтар муҳайё гардид. Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Темурмалик барои гузаронидани машғулиятҳо бинои алоҳида ва ҳуҷраҳои мувофиқ надоштанд ва  акнун ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ, 379 маҳфил, 1237 гурӯҳ бо фарогирии 12 843 аъзо фаъолият доранд.

 

С. АЗИЗӢ,

 вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш