Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакистони хусусии «Уқобча»

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 223        Шарҳ: 0

 

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» - ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмӯи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ин соҳибкорзан бо бунёди чунин кӯдакистони зебову замонавӣ, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад, орзуи деринаи хешро, ки саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ буд, амалӣ кард.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш