Нашрияи Омӯзгор

“Бозиҳои миллӣ” ҷамъбаст гардид

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни вилоятии “Бозиҳои миллӣ” дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки дар озмуни имсола, пас аз фосилаи тӯлонӣ хонандагони соҳибистеъдоди шаҳру навоҳии Панҷакент ва Айнӣ низ ширкат варзиданд.

Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилоят, дар оғоз зикр кард, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ эҳёи бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси эҳтироми хонандагон ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқу тарғиби онҳо байни мактабиён ва таҷлили ботантанаи ҷашни Иди Наврӯз мебошад.

Сипас, хонандагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллӣ - бодбаракпаронӣ, лаклакпаронӣ, чиллакбозӣ, арғамчинбозӣ чусту чолокӣ нишон доданд.

Ғолибони бахшҳо бо туҳфаҳои раиси вилоят сарфароз гардида, иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, ба 60 нафар иштирокчии хурдсоли бозиҳои миллӣ туҳфаҳо тақдим гардиданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш