Нашрияи Омӯзгор

Озмун ва таҳаввули маънавӣ

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) баён доштанд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат масъулини соҳаҳои дахлдори кишварро дар татбиқ ва амалӣ намудани дастури дар як сол хондани на кам аз 5 китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир муваззаф гардониданд.

Ин раванд ҷузъи муҳими омӯзиш буда, ба ин васила шахс метавонад ҷаҳонро сайр кунад ва ба умқи таърих фурӯ равад ва аз таъриху фарҳанги миллатҳо, аз гузаштаи худ огаҳӣ пайдо намояд, бештар худшиносу худогоҳ, ватандӯсту накукор бошад.

Ба мушоҳида расидааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ афзун гардидааст ва теъдоди аъзои китобхонаи миллӣ хеле зиёд шудааст. Нашриёти «Адиб» рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта намоиш -фурӯши китобро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор менамояд, ки низ амали фарҳангпарварона мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дӯстдорони китоб, аз ҷумла, омӯзгорону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа аз манотиқи гуногуни мамлакат китобҳои дилхоҳи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Мутобиқи низомномаи баргузории озмуни мазкур дар соли 2020 иштирокчиёни озмун ба се гурӯҳ: тарбиягирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) ҷудо карда шудаанд.

Озмуни имсола аз рӯи 5 номинатсия: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ доир карда мешавад. Аз рӯи чаҳор гурӯҳ ва панҷ номинатсияи муқарраргардида 76 нафар имкон доранд, ки ҷиҳати сазовор гардидан ба мукофотҳо идомаи сабқат намоянд.

Ҳаҷми маблағгузории озмун 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ зиёд карда, маблағи шоҳҷоиза аз 50 ҳазор ба 60 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ғамхориҳои бепоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавононро ба он талқин менамоянд, ки суннатҳои ахлоқӣ, таърих, адабиёт ва фалсафаи қадимии халқи худро бо диққат омӯзанд, донанд ва барои ояндаи дурахшони худ замина фароҳам оваранд. Ин ҳама аз ҳамнишинӣ бо китоб сарчашма мегирад.

 

А.ҶАЪФАРОВ,

мутахассиси пешбари

раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш