Нашрияи Омӯзгор

“Тоҷикон”-ро бояд омӯхт

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 163        Шарҳ: 0

 

Бо андешаҳои муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Гулчеҳра Мӯсоева  бо номи “Омӯзиши “Тоҷикон” дар мактаб” тавассути нашрияи “Омӯзгор” аз 6 феврали соли равон ошно шудем.

Фикру дархостҳои ҳампе-шаамон моро низ маъқул афтод.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар  машғулиятҳои забони модарӣ, хониш, математика, табиатшиносӣ ва дигар фанҳои таълимӣ дар бораи кишвари азизамон ба воситаи мисолу масъалаҳо, шеъру матнҳои ҳикоямонанд маълумоти саҳеҳ ҳосил мекунанд.

Иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси “Тоҷикон” ба ҳар хонадон” бори дигар имкон фароҳам меоварад,ки то омӯзгорон дар вақти муносиби машғулиятҳо ба синну соли шогирдон эътибор дода, аз асари арзишманди муаррихи  сатҳи  ҷаҳонӣ, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” мисолҳо оранд, зеро дар ин синну сол хонандагонро ба таърихи пурифтихори ниёгони худ ошно кардан саривақтист.

Тақсимоти соатҳои омӯзиши мавзӯъҳои китоби аллома Бобоҷон Ғафуров, албатта, ба салоҳияти Вазорати маориф ва илм вобаста буда, мо - омӯзгорон мехостем,ки тавсия ва номгӯи мавзӯъҳо мувофиқи даврабандии барномаҳои таълимӣ интихоб мешавад.

Мағруба ОБЛОҚУЛОВА,

Реза ХАЁЛОВА,

Ойсара МАВЛОНОВА,

Назира РАСУЛОВА,

омӯзгорони мактаби миёнаи №2,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш