Нашрияи Омӯзгор

Булбули хушилҳони Хуҷанд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 163        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навин ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (26.12.2019) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки «бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард».

Ин иттилои хушро аҳли кишвар бо самимият пазируфтанд ва акнун дар саросари мамлакат тадбирҳои шоиста барои созовор истиқбол ва таҷлил намудани ҷашнҳои мазкур амалӣ карда мешаванд. Камоли Хуҷандӣ, воқеан ҳам, аз шоирони тавонову пуровоза ва ширинбаёни халқи тоҷик мебошад ва дар адабиёти классикии тоҷик мавқеи намоён дорад.

Ӯ зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд буда, дар Самарқанд таҳсили илм кардаву муддате чанд дар Хоразму Чоч (Тошканд) истиқомат намудааст. Ин шоири забардаст аз бисёр илмҳои замонааш огаҳӣ пайдо кардааст ва махсусан, дар улуми машҳури замонаш – забону адабиёт, фиқҳ, калом, ҳадис, тафсир, ҳикмат тасаввуф мумтоз будааст. Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари шаҳри Ҳиҷоз дар бозгашт дар шаҳри Табрез таваққуф мекунад, зеро табиату обу ҳавои хуши ин шаҳр мафтунаш менамояд. Султон Ҳусайн, ки он ҳангоми ҳокими Ироқу Озарбойҷон буд (1375-1383), аз Валиёнкӯҳ ном мавзеи Табрез ба шоир боғе ҳадя мекунад. Камоли Хуҷандӣ бо амри қисмат муддате дар пойтахти давлати Олин-Ӯрда-шаҳри Сарой зиста бошад ҳам, бо фарорасии мавриди мусоид ба Табрез бармегардад ва боқимондаи умрашро ин ҷо мегузаронад ва пайваста ба эҷод машғул мешавад. Шоир соли 1401 аз ҷаҳон даргузаштааст ва ӯро дар оғӯши Валиёнкӯҳи Табрез ба хок супоридаанд. Ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, пеш аз ҳама, намунаи барҷастаи ватандӯстист. Ӯ тамоми умр, ҳарчанд зиндагии осоиштаву давлати кифоя дошт, бо ёди Ватан мезист, ҳамеша бо меҳру садоқат ёди диёру ҳамдиёрон мекард, ифтихор дошт, ки зодаву парвардаи шаҳри нозанину маҳбуб – Хуҷанд мебошад:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол

Бовар намекунанд, ки гӯям: - Хуҷандиям!

Ин шоири маъруф аз худ мероси ғановатманде гузоштааст, ки асосан мутааллиқ ба жанри ғазаланд. Дар ғазалҳои диловезу шӯрангези худ ӯ ишқу муҳаббат, фасли баҳору манзараҳои зебо, ёди диёру одаму одамгарӣ, нишоти зиндагию ғанимат донистани рӯзгор, хислатҳои некуи инсонӣ ва амсоли инҳоро мавзӯи марказӣ қарор додааст:

Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо,

Карданд пур аз накҳат гулҳо ҳама домонҳо.

ххх

Боде, ки нест аз сари кӯйи ту, нест бод,

В-ар ҳасту нест ҳамраҳи бӯйи ту, нест бод!

Шоир, махсусан, ба дӯстон эътиқоди самимӣ дошт ва дӯсту дӯстиро ситоиш мекард. Дӯст дар ашъори ӯ ба маънои васеъ омада:

Матлаи ҳусну ҷамол аст офтоби рӯйи

дӯст,

Ҳусни матлаъ бин, ки дар матлаъ ҳадиси

рӯйи ӯст.

Хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо эҷоди Камоли Хуҷандӣ дар шакли китобҳои алоҳида борҳо ба нашр расидааст. Дар бораи ин шоири тавоно муҳаққиқон, олимон ва қаламкашони зиёде рисолаву мақолаҳо эҷод кардаанд. Худи шоир барҳақ гуфтааст:

Гар биҷӯянд ба сад қарн, наёбанд, Камол,

Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои

Хуҷанд.

 

Ҳанифа ҒАФУРОВА,

омӯзгори забон ва адабиёт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш