Нашрияи Омӯзгор

Саноатикунонӣ - асоси таъмини рушди устувор

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 150        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Дар заминаи ин ҳама метавон  ба чанд хулоса расид:

1.Рушд ва таъмини  саноатикунонии босуръат дар  соҳаи  кишоварзӣ имконият медиҳад, ки раванди гузариши хоҷагии қишлоқ аз соҳаи аграрии саноатӣ ба саноатии аграрӣ зудтар амалӣ гардад. Саноатикунонӣ, дараҷа ва сатҳи афзоиши он аз инкишофи илм дар соҳаҳои пешбарандаи хоҷагии халқ, аз дастовардҳои илмӣ- техникӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, аз ҷумла, кишоварзӣ вобаста мебошад.

2. Аз ҷиҳати иқтисодӣ моҳияти саноатикунонии деҳот вобаста аст ба корбасти саноат (соҳаҳои энергетика,  техника, технология…) дар пешбурди хоҷагии қишлоқ. Аз ин рӯ, дараҷаи саноатикунонии хоҷагии қишлоқ  ченаки асосӣ дар масъалаи рушди саноат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, омилҳои моддӣ, шаклҳо ва роҳҳои татбиқи саноатикунонии хоҷагии қишлоқ  бисёрҷабҳа аст. Ҳамин тавр, дар зери  таъсири  пешрафти илмӣ- техникӣ дар саноат имконияти барои хоҷагии қишлоқ истифода намудани мошинҳо ва техникаи нав, мошинҳои ҳосилнокияшон баланд, ки барои механизатсияи комплекси истеҳсолоти кишоварзӣ зарур мебошад, ба миён меояд.

3. Раванди саноатикунонии босуръат барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, бештар таъмин кардани талаботи корхонаҳои хоҷагии қишлоқ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо нуриҳои минералӣ, воситаҳои химиявӣ ва биологӣ, мубориза бар зидди  ҳашароти зараррасон ва  касалиҳои растаниҳо, воситаҳои ҳифзи саломатии чорво, ҳифзи замин аз эрозия, бунёди иншооти нави гидромелиориативӣ, корҳои хушккунӣ, ҳамвор кардани заминҳо ва ғайра нақши фаъол мебозад.

4. Барои таъмини наздикшавии ҳамаи звеноҳои  мураккаби фосилавии байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ оид ба истеҳсолот, коркард, нигоҳдорӣ, тайёр кардан ва фурӯши маҳсулоти меваю сабзавот, бунёди иттиҳодияҳои байнихоҷагӣ,  кооперативҳо ё комплексҳои агросаноатӣ раванди саноатикунонӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин маврид бояд механизми нави тақсими даромад (фоида) мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ (манфиатҳои  тарафҳо) таҳия ва амалӣ карда шавад.

5. Масъалаи дигар таъминоти кадрии соҳаи саноати кишвар мебошад. Агар дар оғози соли хониши 1991-1992 шумораи донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ (дар соҳаи саноат)  7293 нафарро ташкил дода бошад, пас, ин нишондиҳанда дар  соли  хониши 2017-2018 ба 26336 нафар расидааст, яъне нисбатан 3,6 баробар зиёд шудааст.  Дар ин давра шумораи донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ (оид ба соҳаҳои саноат ва сохтмон)  аз 10975 нафари соли хониши 1991-1992 ба 9532 нафар  дар соли хониши 2017 -2018 расидааст, ки 1413 нафар кам аст.

Агар дар соли хониши 1991-1992 ба мактабҳои олии касбӣ, ки барои  соҳаи саноат кадр тайёр мекунанд, 1651 нафар дохил шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли хониши 2018 - 2019 7773 нафарро ташкил додааст, ки ин  нисбат ба  соҳаи кишоварзӣ 3 баробар зиёд аст

Ҳамин тавр, соли 1991 аз рӯи  ихтисосҳои соҳаи саноат мактабҳои олии ҷумҳуриро 944 нафар ва соли 2018 бошад, 5782 нафар хатм кардаанд. Дар соли 1991 2905 нафар мутахассис пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисос ба корхонаҳои саноатӣ ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуда буданд. Ин нишондиҳанда  дар соли 2018 1760 нафарро ташкил дод (39,4% кам шудааст). Тайёр кардани кадрҳои соҳаи саноат махсусан, дар омӯзишгоҳи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бештар  манфиатовар аст. 

6. Бояд ёдовар шуд, ки самти дигари  муҳими соҳаи кишоварзиро пахтакорӣ ташкил медиҳад. Бо ақидаи олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ, аз маҳсулоти  пахтакорӣ ва  коркарди пахта дар саноат зиёда аз 147 номгӯи  маҳсулот истеҳсол кардан  мумкин аст. Ҳоло дар корхонаҳои саноатии  ҷумҳурӣ аз пахта равған, нах, ресмон (ришта), кунҷора, шулха,  баъзе намуди матоъҳои пахтагӣ истеҳсол  мешавад, ки ин хеле кам аст.

Илова аз ин, дар шароити ҳозира, пеш аз ҳама, ба ҷараёни  мутобиқсозии хоҷагиҳои  пахтакор, махсусан, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои саноатии коркарди пахта ба низоми нави муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ, ба зиёд кардани ҳаҷми  истеҳсолот ва махсусан, истеҳсоли навъҳои якум, дуюми маҳсулоти дорои сифати  баланд диққат додан лозим  аст. 

Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 оид ба зиёд кардани ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,0% баробар ва расонидани ҳиссаи индустрия дар маҷмӯи  маҳсулоти  дохилии кишвар  то 21%  пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, бояд дар соли 2035 ҳаҷми  истеҳсоли саноатӣ ба 7,4 маротиба, рушди  ММД бошад, ба 5,05 маротиба бояд зиёд  карда шавад. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин тадбирҳо бояд рушди  баланди саноати кишварро  таъмин кунанд.

Дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) омадааст: «Мо саноатикунонии  босуръатро ҳамчун  ҳадафи чоруми стратегии кишвар муайян кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад».

«Дар натиҷаи тадбирҳои андешида шуда, - қайд намуданд Президенти кишвар, -  дар 7 соли охир ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллард сомонӣ ба 27,5 миллард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7%) зиёд гардидааст». Президенти мамлакат иброз доштанд, ки нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидатгар ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нест.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки  роҳбарони  вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи «ашёи хом -  истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ- дарёфти бозори фурӯш» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин самт бояд корҳои

зерин анҷом дода шаванд:

1. Таъмини рушди устувори ҳаҷми натуравӣ ва арзиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ,  рақобатпазир ва зиёд кардани ҳаҷми он дар бозори дохили ва берунӣ;

2. Беҳтар сохтани муҳити ҷалби сармоягузорон барои рушди босуръати саноатикунонӣ, ташкили кластерҳои истеҳсол, кластерҳои энергетикӣ,  коркарди пахта ва меваю сабзавот;

3.  Бунёди низоми оқилонаи тайёр кардани кадрҳое, ки  ба идораи технологияҳои нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазир қодир бошанд;

4. Бояд дар асоси технологияи инноватсионӣ ба кам кардани хароҷоти  истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат мусоидат намуд;

5. Ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳо, баланд бардоштани  тахассуси онҳо дар ҳамаи самтҳои  истеҳсолоти саноатӣ бояд диққати махсус дода шавад.

Инчунин, бо дарназардошти рушди босуръати муносибатҳои нави иқтисодӣ бояд дар  муддати кӯтоҳ технологияҳои навро барои истеҳсоли маҳсулот  сари кор овард. Оид ба ҳалли ин масъала дар «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи истеҳсолшавандаи кишвар дар давраи то соли 2025» қайд  карда шудааст, ки дар марказҳои аҳолинишин, шаҳрҳо ва минтақаҳое, ки мардум ба пахтакорӣ машғуланд, корхонаҳои коркарди  комплексии пахта бо сикли пурраи  истеҳсолӣ, бо  иқтидори коркарди на камтар аз 5,0 ҳазор тонна  пахта дар як сол ба нақша гирифта шавад.

Албатта, амалисозии чунин вазифаи стратегӣ имконият медиҳад, ки аз як тараф, ҷойҳои нави корӣ бунёд карда шаванд, аз тарафи дигар, ҳаҷми хароҷоти ҳадди ақали интиқолро барои корхонаҳои коркарди пахта, барои таҳвили ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр барои бозор таъмин намоянд ва эҳтиёҷоти бозорро саривақт омӯхта, вобаста ба он маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намоянд.

Маълум, ки нахи пахтаи тоҷик асосан ба кишварҳои Туркия, Россия ва Эрон содирот карда мешавад. Мувофиқи ҳисоби  мутахассисони соҳа,  корхонаҳои  нассоҷии кишвар  метавонанд дар мавриди таҷдид ва навсозии таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технологияи мавҷуда  тақрибан 80 ҳазор  тонна  нахи пахтаро коркард намоянд.

Ҳоло (солҳои 2012-2018) дар ҷумҳурӣ иловатан 20 корхонаи коркарди нахи пахта бо иқтидори коркард ва истеҳсоли то 65 ҳазор тонна ашёи хом бунёд карда шудааст, аммо коркарди нахи пахта, ва маҳсулоти  ниҳоии он дар  миқёси ҷумҳурӣ ҳанӯз ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ҳамин тавр, ҳоло дар ҷумҳурӣ имкониятҳои зиёд намудани ҳаҷми  истеҳсол ва коркарди саноатии пахта хеле зиёд аст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи давра ба давра зиёд намудани иқтидори корхонаҳои амалкунанда, инчунин, бунёди корхонаҳои  нави саноатиро ба нақша гирифтааст, ки мақсад аз ин коркарди иловагии зиёда аз 132 ҳазор тонна пахта дар дохили ҷумҳурӣ мебошад. Ин ба гузоштани  қадамҳои устувор дар роҳи саноатикунонии босуръати кишвар, амалӣ гардидани стратегияи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи созгор хоҳад буд.

 

Зариф Шарифов,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДАТ

ба номи Ш. Шоҳтемур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш