Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои зиндагӣ

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 476        Шарҳ: 0

 

Омӯзишу мутолиаи пайваста инсонро  муваффақу комёб ва обрӯманд мегардонад. Оне, ки ҳамнафаси китоб аст, ҳамеша дар ҷомеа соҳибэҳтиром аст.  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» шавқу завқи наврасону ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеаро ба омӯзишу мутолиа зиёд намуд.

Ин иқдом   масъулияти мо - омӯз-горонро дар шавқманд намудани хонандагон ба мутолиаи осори бадеӣ бештар менамояд. Аз ин рӯ, ман ҳамеша дар вақти муайян дар дарсҳо дар бораи аҳамияти китоб дар зиндагӣ, рушди тафаккуру ҷаҳонбинӣ ба кӯдакони хурсол нақл мекунам, зеро маҳз дар хурдсолӣ метавон онҳоро ба китобхонӣ ҷалб намуд. Хушбахтона, ба масъалаи мазкур ҳафтаномаи дӯстдоштаи мо «Омӯзгор» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар шумора навиштаҳои хубу арзишмандро оид ба аҳамияти омӯзиши китоб ба нашр мерасонад, ки мо дар дарсҳоямон аз навиштаҳо ба таври васеъ истифода мекунем. «Омӯзгор», инчунин, вобаста ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Конститутсия, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам ва дигар ҷашнҳои муҳим саҳифапайвандҳоро созмон дода, навиштаҳои ҷолибро ба нашр мерасонад, ки мо дар дарсҳоямон фаровон истифода мекунем. Ин тарз дар саҳифаи махсус ҷойир кардани мавод  кори мо - омӯзгоронро осон намуда, ҳамчун дастури раҳнамо дар гузаронидани чорабиниву ҳамоишҳо  бароямон хидмат мекунад.

Аз ҷумла, ҳафтаномаи «Омӯзгор» озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро мунтазам пайгирӣ намуда, аз давраҳои аввал то давраи ҷумҳуриявиро инъикос намуд, ки аз як тараф, дар муаррифии наврасону ҷавонони лаёқатманду китобхон мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, меҳри наврасонро ба омӯзишу мутолиа бештар менамояд. Ҳафтаи гузашта ғолибони даври сеюми озмун  маълум гардиданд. Ин нишон медиҳад, ки насли навраси кишвар китобдӯсту китобхон ҳастанд, зеро аксари онҳое, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Аз ҷониби масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардидани китобхонон омили ҳавасмандкунӣ ва меҳри омӯзишро бедор намудан дар ниҳоди насли наврас аст. Ин иқдом воқеан, шоистаи таҳсин аст. Дигар омили муҳими  ифтихорафзо, ки пайваста аз нашрияи «Омӯзгор» аз он огоҳ мегардем, дар заминаи озмуни мазкур  нашри асарҳои зиёди бадеиву илмӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар мебошад. Имрӯз Вазорати маориф ва илм силсилаи асарҳои бадеиро ба нашр расонда, дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардонад, ки аз ин иқдом фонди китобхонаҳои мактабӣ ғанӣ мегардад. Чанде пеш 30 китоби барчидаи осори адибони муосири тоҷик аз ҷониби нашриёти «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба нашр расид, ки  шоистаи таҳсин аст. Бояд, як нусхагӣ ин асарҳои мондагор ба китобхонаҳои тамоми ҷумҳурӣ дастрас карда шавад, то наврасону ҷавонон аз онҳо ғизои маънавӣ гиранд, зеро дар ноҳияҳои дурдаст дастрасӣ ба китобҳои бадеӣ аз мушкилоти рӯз аст. Озмуни мазкур дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар нашри китобҳои бадеӣ, китобхону китобдӯст гардидани насли наврас ва ватандӯсту худшинос гардидани онҳо саҳми босазо гузорад.

 

Заррина АЛИБОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии  мактаби №52-и

 шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш