Нашрияи Омӯзгор

Шоҳкории Мавлоно

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 285        Шарҳ: 0

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз маъруфтарину тавонотарин шоирону андешамандони адабиёти класикии тоҷик ба шумор  меравад, хушбахтона, аз худ осори ғаниву фаровоне ба мерос гузоштааст, ки асосан ба ин гуна аст: «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мактубот». Китоби «Маснавии маънавӣ», ки боиси шуҳрати беандоза пайдо кардани Мавлоно шудааст, асари хеле фарогиру пурмуҳтаво буда, байни аҳли илму адаб то ба имрӯз эътиқоду эътирофи беназир дорад ва ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Дар бораи ин шоҳасар солиёни зиёд боз ин байт сари забонҳост:

«Маснавии маънавӣ» - и Мавлавӣ                

Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ.

Дар бораи сабаби эҷоди ин маснавӣ нақле мавҷуд аст, ки ба ҳақиқаташ аксар муҳаққиқон шак надоранд. Яке аз  дӯстон ва  муридони Мавлоно – Ҳисомиддин Чалабӣ соли 1258 зимни суҳбате аз ӯ хоҳиш менамояд, ки оид ба масоили гуногун ва бештар баҳсталаби тасаввуф, нуктаҳои умдаву нозуки диниву фалсафӣ дар назм асаре хушфаҳм ва равону самимӣ биофарад. Шоири бузург ин пешниҳоди мутафаккири ҳамзамону ҳамнишасташро зуд пазируфт ва соле пас ба эҷоди «Маснавии маънавӣ» оғоз кард ва тамоми ҳаёти минбаъдаашро ба ин кори бузург бахшид. Асари мазкурро, ки дар ҷаҳони адаб камсобиқа аст, Ҷалолиддини Балхӣ дар давоми беш аз даҳ сол иншо кард, вале он андаке нотамом монд. Асар аз шаш дафтар иборат буда, дафтари шашум, ки хотимаи маснавист, дар нимаи ҳикояте қатъ мешавад. Гарчи шоири тавоно  асарашро ба ҷамъбаст нарасондааст (аз бевафоии умр), сухани асосиашро гуфтааст ва ба ин  маънӣ онро метавон комил эътироф кард. Дар бораи «Маснавии маънавӣ» адабиётшинос ва адиби номвар Саид Нафисӣ навиштааст (60 сол пеш): «Ҳафтсаду чиҳил сол аст, ки аз канори дарёи Рум (баҳри Сиёҳ) то канори рӯди Ганг бар ҳамаи андешаҳо ҳукмронӣ мекунад, нусхаҳо аз он бардоштаанд, шарҳҳо ба он навиштаанд, гапҳо аз он кардаанд, тарҷумаҳо аз он кардаанд,  хулосаҳо аз он пардохтаанд. Яке мехонад ва бар авроқи он мегиряд, яке замзама мекунад ва бар ашъори он даст меафшонаду пой мекӯбад, яке дар  намозу тоат онро бо розу ниёзи худ ҷуфт мекунад, яке аз он ҳикмат меомӯзад, дигарӣ ирфон, савумӣ луғат ва сарфу наҳв, чаҳорумӣ сухангӯиву фасоҳат, панҷумӣ дин, шашумӣ достони онро аз бар  мекунад. Яке бар ашъори он масал мезанад, дигаре сухани ӯро  гувоҳи худ меоварад, якеро механдонад, дигареро мегирёнад. Худо донад, ки ин китоб чӣ шӯрҳо дар ҷаҳон афканда ва чӣ шӯрҳоро фурӯ нишондааст». Чӣ қадар баҳои баланд ва хеле фарогиру муассир! Воқеан ҳам, «Маснавии маънавӣ» саршори маънӣ, панду андарз, латифаву масалу тамсил, пур аз ҳикоёти  диловезу ҳикматрез аст. Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки дар ин асар ба зиёда аз ҳазору дусад мавзӯи иртиботманд ба дину фалсафа ва одобу рафтор дахл карда шудааст. Муҳтавои китоб бо  804 оёти динӣ (қуръонӣ) ва 531 ҳадиси набавӣ ҳамбастагӣ дорад. «Маснавии маънавӣ»-ро бидуни омодагии ҷиддӣ мутолиа кардан имкон надорад. Дар солҳои гуногун зумрае аз донишмандону муҳаққиқон ба ин шоҳасар шарҳномаҳо эҷод кардаву «Маснавӣ»-хононро раҳнамоӣ бинмудаанд.

Аз ҷумла, дар ҳошияи он донишмандони мумтоз Абдулбоқии Гулпинорлӣ дар 6 ҷилд, Бадеуззамони Фурӯзонфар дар 3 ҷилд, Карими Замонӣ дар 7 ҷилд ва Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ дар 15 ҷилд шарҳнома навиштаанд.

«Маснавии маънавӣ» соли 2001 бори аввал дар шакли комил дар Тоҷикистон бо ҳуруфи кириллӣ ба чоп расидаву минбаъд якчанд маротиба бознашр гардидааст ва  дастраси  доираи васеи хонандагон  мебошад. Месазад, ки ҳамагон ин китоби бузургро варақ бизанему ба дунёи маънавияш фурӯ равем ва аз он  баҳрабардорӣ намоем.

Ниёзбибӣ Раҷабова,

омӯзгори забон ва адабиёти

тоҷики литсейи «Раҳнамо»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш