Амали дастаҷамъона

Дар замони муосир масъалаи тарбияи ҳуқуқии ҷавонон ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат табдил ёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз, тарбияи дурусти онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҷомеа, мактаб ва оила мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии мамлакат баҳри тарбияи ҳуқуқии хонандагон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Тарбияи ҳуқуқӣ ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд, ба қонун эҳтиром гузоранд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ барои таҳкими робитаи оилаву мактаб ва баланд бардоштани масъулияти падару модар нақши муҳим мебозад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун «вабои аср» ба амнияти ҷаҳон таҳдид мекунад. Ин амалҳои номатлуб сабаби сар задани низоъҳои миллӣ, динӣ ва сиёсӣ гардида, ҷони ҳазорон одами бегуноҳро аз байн мебаранд. Қурбонии асосии чунин гурӯҳҳо аксаран ҷавонон мебошанд, зеро онҳо аз ҷиҳати равонӣ зудбовар ва эҳсосотӣ ҳастанд.
Террористон бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, таблиғоти бардурӯғ ва шиорҳои диниву сиёсӣ ҷавононро фиреб медиҳанд. Баъзе ҷавонон аз сабаби надоштани ҷаҳонбинии сиёсӣ ва маърифати дурусти динӣ ба доми онҳо меафтанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, моҳияти воқеии гурӯҳҳои ифротиро дарк намоянд.
Оила нахустин мактаби тарбия мебошад. Агар муҳити оила солим бошад, фарзанд низ боодоб, меҳнатдӯст ва ватандӯст ба камол мерасад. Дар оилаҳои носолим, ки муҳаббат, назорат ва таваҷҷуҳи падару модар кам аст, эҳтимоли ба роҳи нодуруст рафтани фарзанд бештар мешавад. Омӯзгорон бояд на танҳо дониш диҳанд, балки наврасону ҷавононро дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯст доштани Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.
Яке аз роҳҳои муҳимми пешгирии экстремизм, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон мебошад. Ҷавонон бояд ба омӯзиши илм, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир ва мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд. Бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар ниҳоди ҷавонон аҳаммияти калон дорад.
Фарҳод РАҲМОНОВ,

ассистенти кафедраи идораи молияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий