Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (16 декабри соли 2025) ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ-стратегӣ, аз як тараф, ҳисоботи мақомоти иҷроия дар бораи дастоварду мушкилоти ҷойдошта буда, аз ҷониби дигар, самтҳои афзалиятноки рушди давлатро муайян менамояд. Дар ҳуҷҷати мазкур оид ба маориф ҳамчун соҳаи калидии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ низ масъалагузорӣ мешавад.
Пешвои миллат ба муносибати самимона ва ҷиддияшон ба соҳаи маориф ишора намуда, таъкид карданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Паём маорифро на танҳо ҳамчун як соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун омили калидии рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ баррасӣ намуда, ба таври возеҳ дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро ҳамчун «сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат» таъриф шудааст. Чунин муносибат пурра ба Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф то соли 2030 мувофиқ аст, ки тибқи он рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи дониш, малака ва салоҳияти аҳолӣ вобаста аст.
Таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба он ки рушди ҳамаи соҳаҳо аз илму маорифи пешрафта вобаста мебошад, нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ маорифро ҳамчун пояи асосии стратегияҳои дарозмуддати миллӣ мешиносад.
Ин аст, ки маблағгузории соҳа низ ҳамасола афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти зикршуда, барои соли 2026 танҳо барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 панҷуним баробар зиёд буда, ба беш 21 фоизи Буҷети давлатӣ баробар мебошад. Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки давлат маорифро ҳамчун соҳаи хароҷотӣ не, балки ҳамчун соҳаи истеҳсолкунандаи арзишҳои стратегӣ арзёбӣ менамояд.
Дар баробари зиёд кардани маблағгузории соҳа, Ҳукумати кишвар ба ислоҳоти маблағгузории соҳа ҷиҳати боз ҳам шаффоф ва самаранок шудани он диққат медиҳад. Ин аст, ки дар Паём масъалаи мутобиқ ба стандарҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла, гузариш ба низоми сарикасӣ саривақтӣ дониста шуд. Ин иқдом ба баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва рақобатпазирии низоми таҳсилоти касбӣ нигаронда шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки тибқи ин низом, маблағгузорӣ на аз рӯйи шумораи муассисаҳо, балки вобаста ба шумораи воқеии хонандагон ва донишҷӯён амалӣ мегардад.
Аз назари иқтисод ва идораи соҳаи маориф, маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ, ба фармоиш асосёфта) як механизми муосир ба ҳисоб меравад, ки ба афзоиши самаранокӣ, шаффофият ва адолати молиявӣ мусоидат мекунад. Ин низом имконият медиҳад:
– тақсими одилонаи захираҳои молиявӣ;
– ташаккули муҳити рақобатпазир миёни муассисаҳои таълимӣ;
– беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои таълимӣ;
– баланд бардоштани масъулияти роҳбарияти муассисаҳо.
Ислоҳоти дигаре, ки ба он дар Паём ишора шуд, ин омодагӣ барои гузариш ба низоми таҳсилоти 12-солаи таҳсилот мебошад. Роҳбари давлат таъкид доштанд: «Тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем».
Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ҳамчун як қадами стратегӣ дар самти мутобиқсозии низоми таҳсилоти миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Таҳсилоти 12-сола имконият медиҳад, ки натиҷаҳои зерин ба даст оянд:
– баланд бардоштани сатҳи омодагии зеҳнӣ ва касбии хонандагон;
– фароҳам овардани заминаи беҳтар барои интихоби касб;
– мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнати муосир;
– ҳамгироии низоми таҳсилоти Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии маориф.
Аз нигоҳи илмӣ, гузариш ба таҳсилоти 12-сола на танҳо тағйири давомнокии таҳсил, балки ислоҳоти мундариҷаи таълим, усулҳои омӯзиш ва арзёбии донишро талаб мекунад. Дар Паём зарурати омодасозии инфрасохтор, такмили барномаҳои таълимӣ ва бозомӯзии омӯзгорон махсус таъкид мешавад, ки ин ҳама бо барномаҳои давлатии соҳаи маориф иртиботи зич доранд.
Дар асоси татқиқоти ташкилотҳои байналмилалии PISA (Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон), кишварҳои дорои низоми 12-сола (ё 13-сола) дар саводнокии функсионалӣ (қобилияти истифодаи дониш дар ҳаёт) натиҷаҳои баландтар доранд. Инчунин, давомнокии таҳсил мустақиман бо сатҳи IQ ва маҳсулнокии меҳнати калонсолон дар оянда вобастагӣ дорад. Ҳар як соли иловагии таҳсил дар мактаб метавонад сатҳи даромади ояндаи фардро аз 8% то 10% зиёд кунад.
Паём маорифро бо вазифаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва саноатикунонии босуръат пайванд медиҳад. Супоришҳо ба вазоратҳои маориф ва илм ҷиҳати омӯзиши талаботи бозори меҳнат ва зиёд намудани мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ гувоҳи онанд, ки маориф бояд ба ниёзҳои воқеии иқтисоди миллӣ мутобиқ карда шавад. Дар ин замина, маориф ҳамчун механизми асосии тайёр кардани захираҳои кадрӣ барои иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта баррасӣ мегардад.
Аз ҷониби Пешвои миллат вобаста ба маориф чанд иқдоми муҳимми дигар низ гирифта шуд:
1. Ҳукумаи кишвар вазифадор гардид, ки ҷиҳати ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, омодагии гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим, вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.
2. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб вазифадор шуданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)-ро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд;
3. Ба сохтору идораҳои дахлдор, аз ҷумла, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки бурду бохти низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро (аз соли 2014 дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар амал мекунад) бо иштироки гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ намуда, бо мақсади пурра аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
4. Ташкили гурӯҳи босалоҳияти корӣ оид ба таҳлилу баррасии вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва пешниҳоди хулосаҳои асоснок, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат.
5. Бо дарназардошти бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул шудани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид – эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват шуд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ба таври васеъ муаррифӣ намоянд. Ҳамзамон, пешниҳод шуд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Роҳбари давлат ба масъалаи тарбияи насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, таъкид карданд, ки ҷомеаи бесавод ба таассуб, хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки ин ҳолат метавонад ба амнияти миллӣ таҳдид намояд. Аз ин рӯ, маориф дар баробари интиқоли дониш, вазифаи муҳимми тарбияи шаҳрвандони ватандӯст, худшинос ва дорои ҷаҳонбинии илмиро иҷро мекунад. Ин паҳлу маорифро ба унсури муҳимми пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими суботи ҷомеа табдил медиҳад.
Бо дарназардошти зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва имкониятҳои имрӯзаи иқтисодии кишвар Пешвои миллат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 «маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соҳҳаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд; ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад; инчунин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд».
Иқдоми мазкур, албатта, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҷалби мутахассисон ба мактабу маориф мусоидат менамояд.
Умуман, дар Паёми Роҳбари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҳия ва такмили зиёда аз 10 стртатегияву барномаҳои давлатӣ, таҳия ва пешниҳоди 2 қонуни мукаммал ва амалӣ намудани даҳҳо ташаббуси нав супоришҳо дода шуд, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани конун, яъне, Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз намунаи онҳо мебошанд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад.
Мо-аҳли маорифро зарур аст, ки дар доираи таъкидҳои Сарвари давлат ҷиҳати иҷрои вазифаи инсониву шаҳрвандӣ аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон заҳмат кашем.
Фатҳиддин УСМОНЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ













