Дар низоми давлатдории муосир Паём ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ мавқеи хос дошта, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсии давлат ба ҳисоб меравад. Он қутбнамои фаъолият маҳсуб ёфта, барои ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ ва муҳим арзёбӣ мешавад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) чун санади муҳим дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, дар он раванди рушди кишвар дар соли сипаришуда натиҷагирӣ ва барномаи пешбурди соҳаҳои мухталиф барои солҳои оянда мушаххас гардид. Тамоми табақаҳои аҳолии мамлакат, кормандону коргарони соҳаҳои гуногун вазифа ва рисолати хешро дар давоми сол мушаххас намуда, дар амри иҷрои рисолати бузурги касбӣ, шаҳрвандӣ ва инсонӣ саҳм гирифта, ба таъбири Пешвои муаззами миллат «аҳлонаву сарҷамъона ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд».
Пӯшида нест, ки дар тамоми давру замон илму маориф ҳамчун омили асосӣ ва ҳалкунандаи пешрафти ҳар як ҷомеа хидмат мекунад. Рушди устувори давлат, таҳкими иқтисод, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва ташаккули ҷомеаи солиму созанда бевосита ба сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ соҳаи маориф яке аз нуктаҳои меҳварӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Дар ин санади сарнавиштсоз Сарвари давлат бо таъкиди нақши калидии маориф дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар, зарурати тақвияти низоми таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замонро вазифаҳои аввалиндараҷа муайян намуданд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба соҳаи маориф ва илм афзалият дода, ин матлабро чунин таъкид доштанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Танҳо аз ҳамин нуктаи Паём метавон дарк намуд, ки Сарвари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ кардаанд. Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз доштанд: «Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад».
Ин таъкиди Пешвои миллат нишон ме диҳад, ки рушди соҳаҳои илму маориф барои давлат на танҳо афзалият, балки сармоягузории стратегӣ ба ояндаи миллат аст. Аз ҷумла, таъкид ба зиёд шудани маблағгузорӣ ва ҷудо намудани беш аз 21 фоизи буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини кадрҳои баландихтисосро ҳамчун омили асосии рушди устувор ва пешрафти давлат мешуморад. Ин нукта, ҳамчунин, шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти маориф на танҳо ба иҷрои вазифаҳои кунунӣ, балки ба таҳияи заминаи мустаҳкам барои наслҳои оянда нигаронида шуда, ба ибораи дигар, дастгирӣ ва сармоягузории пайваста ба илму маориф ҳамчун таҳкурсӣ барои бун ёди ояндаи неку пурсаодат мебошад.
Дар Паёми Пешвои миллат равшан эҳсос гардид, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф аз марҳалаи барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор ва рақобатпазир ворид гардидааст. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат таҳкими маблағгузории соҳаи маориф мебошад. Сарвари давлат таъкид намуданд: «Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015ум панҷуним баробар зиёд мебошад».
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷум ҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҳамчун санади муҳимми роҳнамо ва барномавӣ барои рушди марҳалаи нави сиёсати давлатӣ, бахусус, дар соҳаи маориф аҳаммияти таърихӣ ва стратегӣ дорад. Ин санади сарнавиштсоз на танҳо вазифаҳои мушаххас ва афзалиятнокро дар назди аҳли маориф муайян менамояд, балки дурнамои равшан ва устувори рушди соҳаро дар заминаи талаботи замон ва манфиатҳои миллии кишвар мушаххас месозад. Паём бо баррасии амиқи равандҳои ҷаҳонӣ зарурати такмили низоми таҳсилот, омода намудани кадрҳои рақобатпазир ва ташаккули ҷомеаи донишбунёдро ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ маънидод менамояд.
Итминон аст, ки омӯзгорон, олимон ва тамоми аҳли маорифи кишвар бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва касбӣ аз ҳидояту дастурҳои созандаи Пешвои миллат самаранок истифода намуда, дар бунёди ҷомеаи донишмеҳвар, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ соҳаҳои маориф ва илмро ҳамеша дар мақоми аввал қарор дода, дар ин самт тадбирҳои барҷастаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маърифатиро пайгирона татбиқ менамоянд. Ҳадафи асосии ин сиёсати маорифпарварона таъмини имрӯз ва фардои дурахшони наслҳои оянда, боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва таҳкими иқтидори инсонӣ ҳамчун омили асосии пешрафти давлат мебошад.
Бешубҳа, Паёми навбатии Президенти мамлакат барои тамоми ҷомеаи шаҳрвандии кишвар сармашқи кор ва дас тури амал ба ҳисоб рафта, баҳри ҳарчи зудтар ва босамар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Обидҷон МАҲМУДЗОДА, доктори илмҳои филологӣ, профессор, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ













