Дар адабиёти садаи XX равияи хоссе дар наср ба вуҷуд омад, яъне, воқеият бо ҳодисоти ғайривоқеӣ ва сеҳру хаёл омехта дар тору пуди осори бадеъ ҷо шуд. Ин равияро реализми ҷодуӣ ё сеҳромез номиданд, ки бори нахуст ин истилоҳро ҳунаршиноси аврупоӣ, манзаранигор Франс Руҳ ба кор бурд. Ӯ дар осори наққошӣ халалдор шудани қонунмандиҳои вақту фазоро дида, изҳори тарсу ҳаросро дар пешорӯйи воқеияти тағйирёбанда ба мушоҳида гирифт. Наққошон аз воқеият дур нарафта, дар рӯёрӯйи он дунёи вижаи хеш ва тасаввури ормонии худро, ки ба қонунҳои дохилии худашон тобеъ буданд, инчунин, ба иродаи муаллифон ба тасвир мегирифтанд.
Ҳамин тавр, ду олам – яке дар хаёли муаллиф офаридашуда ва дигаре – дунёи воқеӣ ба ҳам печида дар осори ҳунарӣ инъикос ёфтанд. Аз назари он адибоне, ки бо ин шева, яъне, сабки реализми ҷодуӣ асарҳо меофариданд, воқеият ончунон беканор аст, ки дар он ҳам хаёл ва ҳам воқеият ба ҳузур меғунҷад ва одам ихтиёр дорад, ки дар дохили ин ҳастӣ мавқеи худро дарёбад.
Ҳарчанд ин равиши ҳунарӣ дар Аврупо пайдо шуд, аммо дар Амрикои Лотинӣ тавассути бузургтарин адибонаш, аз қабили Хулио Кортасар, Габриэл Гарсиа Маркес, Хорхе Луис Борхес, Карлос Кастанеда, Пауло Коэлйо, Исабел Алйенде, Алехо Карпантйер, Марио Варгас Лйоса, Мигел Астуриас, Карлос Фуэнтес ва дигарон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Гап дар ин ки баъди кашфи қитъаи Амрико аврупоиён дар ин минтақа ончунон афсонаву устура, расму одоти гуногун ва фарҳанги ғариберо диданд, ки дар ҳайрат монда, ин сарзаминро ҳамчун қитъаи сеҳру ҷоду ба қалам доданд.
Габриэл Маркес, ки яке аз бузургтарин намояндагони ин сабки адабӣ дар Амрикои Лотинӣ аст, боре навишта буд. «Ман дар ҳайратам, ки дар осорам бештар тахайюлро мардум меписандад, ҳол он ки ман ягон сатре надорам, ки ба воқеият гиреҳ нахӯрда бошад. Проблема ин аст, ки дар ин қитъа воқеият ба самараи пуршӯртарин мавҷи тахайюл ниҳоят шабеҳ аст».
Яъне, аз назари удабои ин минтақа сеҳру муъҷизаву руъёву тахайюл асоси ҳастии сокинони ин қитъа мебошад. Дар ин навъи осори адабӣ гузаштаву имрӯза зуд-зуд ҷойи худро иваз мекунанд, қаҳрамонон хобҳое мебинанд, ки воқеиятро аз байн мебарад, вақту замон оҳистарав ё зудгузар тасвир мешавад ва гоҳе назми он халалдор карда мешавад. Бештар дар ин осор устураву афсона ва ривояту унсурҳои эътиқодӣ истифода шуда, ҳамчун василаи маърифати ҳақиқати воқеаҳои аслӣ хидмат мекунанд.
Аксар воқеоти роману қиссаҳои ин равия анҷоми воқеӣ надоранд, натиҷагириҳо ба ҳукми хонанда вогузор мешаванд. Қаҳрамонони ин осор дар аксар маворид танҳоянд ва мехоҳанд дуруст дарк кунанд, ки барои чӣ мезиянд ва пайваста дар ҷустуҷӯйи ҷойгоҳи худ дар зиндагӣ мубориза мекунанд.
Аслан, дар осори реализми ҷодуӣ ҳадаф дарёфти падидаҳои аҷибу ғариб аст, ки тавассути онҳо дунёи ботинии персонажҳо амиқтар ошкор мешавад. Агарчи муҳити атроф чун ҳамеша орому сокит аст, аммо дар ҳар қадам муаммое, сеҳре, ҳодисае ғайривоқеӣ рух медиҳад ва то ҷойе сарҳади миёни хобу бедорӣ, орзуву воқеият аз миён бардошта мешавад.
Дар пасманзари чунин тасвирҳои руъёгуна ҳамеша муаммоҳо ва масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ дар назар дошта мешавад. Масалан, дар асарҳои адибони Амрикои Лотинӣ тавассути ҷодуву хаёл маҷозан инқилобу юришҳову набардҳои дохилии ҳамватанон инъикос меёбад: адибон қаҳрамонони худро дар ин ё он марҳалаҳои таърих гузошта, мушоҳида мекунанд, ки ӯ худро дар вазъиятҳои мушкил ва фавқулода чӣ гуна ошкор мекунад, роҷеъ ба адолат ва некиву бадӣ чӣ андеша ҳосил мекунанд.
Масалан, Габриэл Маркес дар романи «Сад соли танҳоӣ» (1967) деҳа ё шаҳраки хаёлии Макондоро офарида, ҳаводиси хаёливу воқеиро ба ҳам омехтааст. Дар ин асар таърихи оилаи Буэндиа дар ҳафт насл бо истифодаи унсурҳои ҷодуву руъёҳо тасвир мешавад. Ҳама фарзандону наберагону аберагони Буэндиа хатои сарвари оиларо такрор мекунанд ва касе аз онҳо, хушбахтона, намемирад. Онҳо дар як вақт тоҷи шуҳрат ба сар доранд, гоҳе ба камтарин чиз эҳтиёҷ, аммо ба танҳоиву дармондагиву адами муҳаббат гирифторанд.
Воқеаҳои тасвиршуда ончунон рангоранг ва аз эҳтимол дуранд, ки фаҳмидани онҳо бисёр мушкил аст. Муаллиф ба суоле посух додан мехоҳад, ки ҳамеша ақли башарро ба худ ҷалб мекард ва имрӯз ҳам мекунад: «Рӯзи оянда (худи оянда) чӣ гуна мешуда бошад?»
Нависанда сад соли ҳаёти ин оиларо ба тасвир кашида, ба ин сана аҳаммияти фалсафӣ медиҳад. Ӯ нишон медиҳад, ки вақт чун хатти рост нест, балки ҳалқавор мечархад, спиралмонанд ё морпеч аст ва ҳамеша аъзои оиларо ба гузаштаи наздику дур мебарад. Ҳатто қаҳрамони асосӣ гӯё на одам, балки худи вақт аст. Ва ин кори адиб рамзист. Масъалаи танҳоӣ дар роман ҷойгоҳи асосӣ дорад ва нависанда онро чун нақси асосии садаи XX мешуморад. Фаъолият ва буду набуди ин оиларо дар ҳафт насли одамӣ аксар муҳаққиқони адабиёт китоби ҳаёти башарият ва қомуси муҳаббати одамӣ гуфтаанд. Навъи онро низ аҳли нақд ҳар гуна – роман-афсона, роман-маҷоз, роман-истиора ва ғайра баҳо додаанд.
Ҳамин тавр, намояндагони реализми ҷодувона ё сеҳромез ба эҳсоси нозуки одамон, ки ба ҳасрат ва қонеъ набудан аз ҳаёт асос доранд, гӯиё нохун заданд: одати одамон дар кӯдакист, ки ваъдаҳо мешунаванд: ҳаёт пур аз ҳаводиси хуш хоҳад шуд, оянда рӯшан аст, аммо дар асл онро берангу пурғам меёбанд. Ин равиши ҳунарӣ як навъ омехтаи масали фалсафӣ ва романи таърихиро мемонад, ки хонандаро ба умқи фаҳмиши воқеият раҳнамун месозад.
Аслан сухан дар бораи чӣ гуна маърифат кардани рӯйдодҳост. Равонпизишки лаҳистонӣ Антоний Кемпинский хеле содаву одӣ фаҳмонидааст, ки фарқ миёни инсони тандуруст ва оне, ки аз нигоҳи равонӣ иллат дорад, чӣ буда метавонад. Одами сиҳат дар торикӣ ҳангоми тарс буттае ё чизи ниҳолмонандеро дида, гумон мекунад, ки ин ё буттае ҳаст, ё ғоратгаре. Он касе, ки мубталои бемории равонист, ҳамон чизро ҳам бутта гумон мекунад ва ҳам тороҷгар.
Айнан ҳамин тавр, персонажҳои асарҳои реализми ҷодуиро дар ду ҳолат адибон тасвир мекунанд: дар дунёи воқеӣ ва ҳам дар олами хаёл, дар олами субъективӣ ва ҳам дар олами ҳақиқӣ. Ва ин дуализм ё духӯрагӣ қаҳрамононро ба ҳайрат намеорад, зеро ба назарашон ин вазъу ҳолатҳо табиӣ менамоянд ва дар ниҳоят, хонанда, мисли он ки ҳипноз истифода карда бошад, худаш чизҳои реалиро аз ғайри он дигар фарқ намекунад.
Аз сӯйи дигар, чунин рӯйкард барои тасвири воқеият чандон мухолифи ҳақиқат ҳам нест, зеро дар мағзи ҳар яки мо, ки масалан, дар як макон қарор дорем, тасаввури як лаҳза ба макони дигар рафтан ҳамеша ҳаст: мақоли «худам ин ҷову дилам ҷойи дигарест» ин рафтори моро собит мекунад.
Аз ин ҷиҳат романи «62. Модел барои ҷамъоварӣ»-и Хулио Кортасар хеле аҷиб сохта шудааст: он аз якчанд сели шуур ё хатҳои ёду хаёл иборат шудааст. Ӯ аз пайи метафизикаи Арасту рафта, сипас гӯиё ба ҷараёни бехатарии вуҷудӣ мепайвандад. Фикру хаёл ва таассуроти персонажҳо аз якчанд қабати замонӣ мегузаранд, минтақаҳои зиёди ҷуғрофиро тай мекунанд. Кортасар бо ин ҳунарсозиаш моро маҷбур мекунад, ки андеша кунем: кадоме аввалитар ва асоситар аст – шаҳре, ки мо он ҷо ба камол расидем ё шаҳри хаёлие, ки барои наҷот бояд ба он ҷо кӯч бандем?
Шартӣ будани вақту замон хосияти асосии реализми ҷодувона аст. Барои романи вуқуъгароёнаи садаи XIX, масалан, барои эҷодиёти Оноре де Балзак ё Стендал хеле муҳим буд, ки гузашти айём дақиқ бошад, онҳо на фақат солу моҳ, балки ному фомили ходимони давлатии ҳамонвақтаро дақиқан менавиштанд, дигар ҳодисаҳои рухдодаро низ. Аммо дар равияи реализми ҷодуӣ ин гуна нест: вақт гоҳ тез, гоҳ ончунон оҳиста мегузарад, ки қаҳрамонон имкони ҳатто ба гузашта рӯ ба рӯ шуданро пайдо мекунанд. Ин нависандаҳо гӯё ба мо гуфтан мехоҳанд, ки на фақат фазо, балки вақт низ арзишдоварии ягона дошта наметавонад.
Ҳама одамон дар як лаҳзаи вақт вуҷуд доранд, аммо онро ба таври гуногун, аз ҷонибҳои гуногун мебинанд, пас фаҳмиши якхелаи вақту замон аз ҷониби ҳамагон вуҷуд дошта наметавонад. Боз ҳам намунаи ин гуна фаҳму дарк романи «Сад соли танҳоӣ»-и Маркес аст. Масалан, дар хонаи ҷодугар Мелкиадес ҳамеша моҳи март аст ва ҳама рӯзаш рӯзи душанбе аст, дар Макондо борон чор солу ёздаҳ моҳу ду рӯз меборад ва ғайра. Ба назар чунин мерасад, ки ҳар рӯзи Макондо баробар ба як қарн аст.
Табиист, ки дар қиссаву романҳои реализми ҷодуӣ аз устураҳо ба таври фаровон истифода мекунанд. Адибон онро ҳамчун воситаи ошкор намудани муаммоҳои зиндагӣ ба кор бурдаанд. Масалан, дар осори Карпентйер ва Астуриас, ки бузургтарин намояндагони ин равия маҳсуб мешаванд, ҳадаф аз корбурди образҳои асотириву фолклории Амрикои Ҷанубӣ дарку маърифати амиқи воқеияти ҳамонрӯза аст.
Мақсади инҳо дар хонанда ба вуҷуд овардани таваҷҷуҳ ба ривояту афсонаҳои эътиқодӣ ба ин далел аст, ки аз тариқи ошкор кардани моҳияти онҳо воқеият дуруст фаҳмида шавад, зеро посухҳои илмӣ ба хонанда чандон таъсир надоранд. Масалан, худи унвони «Китоби мавҷудоти хаёлӣ»-и Хорхе Луис Борхес гӯё аз он қисса мекунад, ки китоб аз ҳамин навъ мавҷудот иборат бошад. Аммо дар асл Борхес на тасвири муфассали ин ё он ҳаявон ё тимсоли руҳ, балки маъноеро пажуҳиш мекунад, ки андар пайдоиши онҳо дар замин аз ҷониби мардум ба вуҷуд омадааст.
Амрикои Ҷанубӣ минтақаи аз нигоҳи устураву фолклор хеле ғанист, бахусус, ҳиндувони маҳаллӣ, инкҳо ва астекҳо асотири фаровоне дар ҳама масъалаҳои зиндагӣ доранд. Аммо нависандагони ин равия ҳадафе надоранд, ки ин мардумонро ситоиш кунанд. На фақат ҳиндувони бумӣ соҳибони неруи руҳ, хиради азалӣ ва донишҳои пурасрор буданд. Онҳо низ ба суолҳои ҳамешагии ҳастӣ посух меҷӯянд, аммо диди маҳдуди онҳо ба олами ашё, аз назари адибони реализми ҷодуӣ, беҳтар ва амиқтар аз назари дигарон аст.
Масалан, нависандаи номвари ин қитъа Мигел Анхел Астуриас соли 1967 ба Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт барои романи «Одамони ҷуворимакказор» ноил шуд. Дар ин асар адиб аз урфу одат ва фарҳанги қадими мардуми Гватемала, ки то кунун бо ҳамон мафкураи асотириву ривоятҳои бостониашон ниҳоят ба марзу бумашон дилбаставу ҳама рухдодҳои ҳастиро бо меъёру милокҳои тасаввури асотириашон андоза мекунанд, сухан мегӯяд.
Дигар хусусияти ин равияи адабӣ истифодаи фаровони масал (тамсил) дар осори адабист. Аммо адибони реализми ҷодуӣ аз масал ҷиҳати панду насиҳат ва аз мафкураи динӣ сӯйиистифода намекунанд, балки қаҳрамононро дар моварои мантиқи масал мегузоранд: қаҳрамон барои ҳар амалу рафтораш, уфту хезаш посух мегӯяд, аммо ба натиҷаи гирудори қаҳрамони адиб мудохила накарда, хулосаашро ба хонанда ҳавола мекунад. Намунаи ин гуна асар романи «Шоҳигарии замин»-и Алехо Карпентйер аст.
Нависандаи дигар Хуан Рулфо дар романи «Педро Парамо» дар як биёбони мексикоӣ деҳаи хароберо тасвир мекунад, ки фазояш пур аз ҳаводиси ғайримаъмулист, бархӯрди мурдаҳову зиндаҳо, шабаҳ ва хаёлоти бидуни марз дар тору пуди асар мавқеи марказӣ дорад.
Романи «Рақси воқеият»-и нависандаи Чили Алехандро Ходоровски, ҳарчанд шарҳиҳолӣ бошад ҳам, аммо саршор аз унсурҳои афсонавию устура ва ҳодисоти ғайривоқеист. Романҳои Диас «Ҳаёти кӯтоҳи фантастии Оскар Вау», Ҳессе «Гурги даштӣ», Моррисон «Суруди Сулаймон», Салмон Рушдӣ «Кӯдакони нимашаб», Апдайк «Бразилия», Лаура Эскевел «Ҳамчун дар об, ҳамчун дар оташ» низ бо ҳамин шаклу сабк ва мафкураи адабӣ таълиф шуда, намунаҳои беҳтарини ин равияи адабӣ ба шумор мераванд.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос












