Мувофиқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар кишвар 3738 адад истироҳатгоҳ, ки аз ин теъдод 28 адади он фароғатгоҳи беруназшаҳрӣ мебошад, фаъолият доранд.
Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» соли 1960 дар масоҳати 6 гектар замин бунёд шудааст. Ҳамасола дар фасли тобистон дар ин ҷо наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Мувофиқи иттилои директори истироҳатгоҳ Алишер Раҷабализода, соли ҷорӣ низ бояд тибқи нақша 760 нафар кӯдаку наврас дар ин ҷо истироҳат кунанд. Истироҳатгоҳ дар чаҳор баст фаъолият менамояд. Дар ҳар баст 190 нафар наврас ҷалб карда мешавад, ки аз ин теъдод 30 нафар хонандаи мактаб-интернати рақами 1 мебошад. Хонандагон мувофиқи синну сол ба 6 гурӯҳ-«Ситорача», «Душанбе», «Истиқлол», «Ваҳдат», «Дониш» ва «Роғун» тақсим гардидаанд.
Истироҳатгоҳ аз хонаҳои якошёна, айвончаҳои тобистона, намоишгоҳ, ҳаммом, китобхона, ошхона ва варзишгоҳҳо иборат мебошад. Дар саҳни ҳавлии он фаввораи зебое мавҷуд буда, дохили хонаҳо бошад, бо кату ҷевончаҳои якхела, кондитсионер ва телевизиор ҷиҳозонида шудааст.
Дар айвончаҳо кӯдакон гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, бо ҳам суҳбату бозӣ доштанд. Аз суҳбат бо наврасон маълумамон гашт, ки онҳо тарбиятгирандагони мактаб-интернати рақами 1 мебошанд. Ба ин наврасон дар истироҳатгоҳ бештар машғулиятҳои фарҳангиву варзишӣ ва озмунҳои гуногуни баргузоршаванда, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Беҳтарин гурӯҳ», «Ҳозирҷавобон», «Ситораи истироҳатгоҳ», «Маликаи «Шарора»», «Рӯзи шоҳи обӣ» («Рӯзи Нептун»), «Рӯзи пойлучон» ва «Шоҳмотбози беҳтарин» писанд аст.
Беназир Хуррамова 12 сол дошта, тӯли панҷ сол мешавад, ки таътили тобистонаашро дар «Шарора» мегузаронад. Ӯ дар ин ҷо қариб дар тамоми озмуну мусобиқаҳо иштирок мекунад.
– Дирӯз дар истироҳатгоҳ мусобиқаи варзишии «Шоҳмотбози беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойи дуюм гардидам,-гуфт бо ифтихор Б. Хуррамова.
Файзинисо Акрамова 26 сол боз дар мактаб-интернат ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба кӯдакон сабақ медиҳад, инчунин, ҳамасола онҳоро дар истироҳатгоҳи мазкур ҳамроҳӣ мекунад.
– Барои кӯдакони мактаб-интернат аз ҷониби Давлату Ҳукумат тамоми шароит муҳайё шудааст ва мо-омӯзгорон кӯшиш мекунем, доим ҳамроҳашон бошему меҳру муҳаббати саршори худро ба онҳо эҳдо ва бо ин васила, заррае ҳам бошад, ҳисси бепадариву бемодариро дар вуҷудашон кам менамоем,-гуфт Ф. Акрамова.
Гулноз Муллоҷонзода-омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Исмоили Сомонист. Муаллима дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, дар истироҳатгоҳ ба ҳайси мураббия дар гурӯҳи «Ваҳдат» бачагони 13-14-соларо роҳбаладӣ мекунад.
– Гурӯҳи «Ваҳдат» 37 нафар узв дорад. Аҳли гурӯҳ дар мусобиқаҳои варзишии дар истироҳатгоҳ ташкилшаванда фаъолона ширкат меварзанд ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд,-иброз намуд муаллима.
Дар «Шарора» барои шиноварӣ ҳавзи калоне мавҷуд аст.
– Бозиҳои обӣ, мусобиқаҳои шиноварӣ изтироби шадиди равониро кам намуда, муҳити шодиву фараҳро дар истироҳатгоҳ ба вуҷуд меорад. Вақте кӯдак оббозӣ ё шино мекунад, мушакҳояш фаъол мешаванд ва ин ба рушди дурусти ҷисмониаш мусоидат мекунад. Шиноварӣ кори дилу рагҳоро низ беҳтар мегардонад. Дар истироҳатгоҳ кӯдакон таҳти роҳбарии мураббии варзиш Сироҷиддин Ғафуров ҳамарӯза машқи шиноварӣ менамоянд,-иброз намуд сармураббии истироҳатгоҳ Тоҳир Шарифзода.
Китобхона дар байни бинои хобгоҳҳои истироҳатгоҳ ҷой гирифтааст. Тибқи маълумоти сармураббӣ Т. Шарифзода, дар китобхона беш аз 600 китоби бадеӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ мавҷуд аст. Мо хостем, аз вазъи китобхона аз наздик шинос шавем, лекин мавсуф огоҳамон кард, ки бо сабаби муваққатан қароргоҳи намояндаи шуъбаи кор бо ноболиғони ноҳияи Исмоили Сомонӣ будан он аз фаъолият бозмондааст. Ба суоли «Кӯдакон чӣ гуна китобҳоро дастрас мекунанд?», сармураббӣ иброз дошт, ки китобҳоро бо теъдоди 40-50 нусха ба мураббиёни гурӯҳҳо тақсим кардаанд, то ба кӯдакон дастрас намоянд.
Масъалаи дигаре, ки дар истироҳатгоҳ диққатамонро ҷалб кард, фаъол набудани маҳфилҳои омӯзиши забони русиву англисӣ аст. Сармураббӣ Т. Шарифзода шарҳ дод, ки фаъолияти ин маҳфилҳо дар нақша-чорабинӣ ва реҷаи рӯзи истироҳатгоҳ ҷой дода нашудааст. Ӯ гуфт:
– Барои ташкили чунин маҳфилҳо воҳиди корӣ ва синфхонаҳои иловагӣ намерасанд. Ҳоло дар истироҳатгоҳ шаш мураббӣ, се ёрдамчӣ, ду корманди тиб, ошпазон, фаррошон, дар умум, 32 коргар фаъолият доранд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷаҳду талош дорад, то дар оянда мувофиқи нақшаи дурнамои истироҳатгоҳ воҳиди кориро зиёд ва боз ду гурӯҳи алоҳида ташкил кунад.
Бунгоҳи тиббӣ дар як канори истироҳатгоҳ ҷой гирифта, аз ду ҳуҷра – ҷойи қабули беморон ва хонаи изолятсионӣ иборат мебошад. Дар дохили бунгоҳ мизу курсӣ, ҷевони нигоҳдории доруворӣ ва рахти хоб барои беморон гузошта шудааст. Дар бунгоҳ ду нафар – табиб ва ҳамшираи шафқат фаъолият мекунанд. Ҳангоме ба бунгоҳи тиббӣ дохил шудем, ҳамшираи шафқатро дар пайи расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба кӯдаки тақрибан 10-12-сола, ки аз дарди даст шиква дошт, дарёфтем. Табиб Фирӯза Исоқова иттилоъ дод, ки соли аввал аст, ин ҷо кор мекунад ва ҳангоми муроҷиати истироҳаткунандагон асосан ба онҳо ёрии аввалинро мерасонанд.
Ҳуҷраи дар назди бунгоҳи тиббӣ қарордошта дар ҳолати ғайригигиенӣ қарор дошт.
– Ба ғайр аз ин, мо боз ду ҷойи оббозии дигар дорем, ки якеаш барои фасли тобистон мувофиқ сохта шудааст. Кӯдакон асосан бо иҷозати мураббия бо навбат дар лаҳзаҳои дамгирӣ имкон доранд аз он истифода баранд,-қайд намуд сармураббӣ.
Ошхонаи муассиса аз ҳафт ҳуҷра ва толор иборат мебошад. Дар ошхона даҳ нафар коргар, ки аз ин теъдод чаҳор нафарашон ошпазанд, фаъолият менамоянд. Дар умум, дар ошхона барои 220 нафар таом ва хӯришу шириниҳои гуногун омода мекунанд.
Ҳангоми хайрихуш бо мо истироҳаткунандагон дар бар либосҳои ҷолиби аз пораҳои гуногуни матоъ омодашуда доштанд. Хуллас, ҳама бо табъи болида ба маъракаи навбатии «Рӯзи шоҳи обӣ» («Рӯзи Нептун») тайёрӣ медиданд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
Хуршеда АЗИЗОВА,
«Омӯзгор»