Пагоҳии барвақт духтаракону писаракон ҳамроҳи волидон вориди муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мешуданд. Мураббияҳо ҳар як кӯдакро ном гирифта, ба пеши худ даъват менамуданд. Баъди ба дасти мураббияҳо супурдани кӯдакон табиби муассиса онҳоро як-як аз назар гузаронида, сипас иҷозаи ба гурӯҳ даромадан медод.
Сараввал барои огаҳӣ аз рафти дарсҳо ба гурӯҳи якум (мураббияаш Заррина Соҳибназарова) даромадем. Дар гурӯҳ 16 нафар тарбиятгиранда ҳузур доштанд. Синфхонаи мазкур бо мизу курсиҳои мувофиқ, шиору овезаҳо, телевизор, кондитсионер, ҷевонҳо барои ҷузвдону зочаҳои кӯдакон таъмин буд.
Кӯдакистон дуошёна буда, аз бинои таълимӣ, бинои маъмурӣ, ошхона, толори фарҳангӣ ва 6 синфхона иборат аст. Он соли 2015 дар заминаи мактаб-интернат таъсис ёфта, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия соли 2022 аз ҷониби Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон»-и Бонки Ҷаҳонӣ пурра азнавсозӣ гардида, бо мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевон, ашёи зарурии дигар, оби сард, ташнобҳои дохилӣ ва ғайра таъмин гардидааст.
Ба гурӯҳи 3-и хурдсолон даромадем. Мураббияи ботаҷриба Нозанин Назарзода ба шогирдон дар хусуси манзараҳои зебои Тоҷикистон ва олами вуҳуш бо истифода аз тасвирҳо маълумот медод. Дар гурӯҳ барои тасаввуроти амиқи кӯдакон шиору овезаҳо, аз ҷумла, қоидаҳои сӯхтор, Қаҳрамонони Тоҷикистон, ҷашнҳои миллию давлатӣ, ҷадвали рақамҳо, ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ, акси ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ, рангҳо, тасвири «Афсонаи дӯстдоштаи ман», манзараи фаслҳои сол насб гардида, барои истироҳати онҳо дастгоҳи сардкунии ҳаво (кондитсионер) ва барои тамошои филмҳои тасвирӣ телевизор насб шуда, ҳамчунин, катҳои хоби сеқабата муҳайё карда шудаанд. Барои шустушӯй дар дохили ҳар синф ташноб бо доштани оби хунук ва гарм мавҷуд аст.
Маҳбуба Алимардонзода-мудири кӯдакистон зимни суҳбат иброз дошт, ки рушди бахши таҳсилоти томактабӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
– Дар кӯдакистон 120 нафар кӯдаку наврас дар шаш гурӯҳ, аз ҷумла, гурӯҳи якуми тифлӣ, гурӯҳи хурд, гурӯҳи миёна, гурӯҳи калон, гурӯҳи томактабӣ ва гурӯҳи мактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар гурӯҳҳо, ҳамчунин, забонҳои русӣ ва англисӣ дарс дода мешавад. Барои назорати рафти дарсҳо ва бехатарӣ дар биноҳои боғча 13 адад камераи назоратӣ насб гардидааст. Баҳри тарбияи дурусти кӯдакон 7 мураббияи таҷрибадор ва ҷавон ҷалб шудаанд,-зикр намуд мудири кӯдакистон.
Рӯзи ҳузури мо барои тарбиятгирандагон ошпазҳо марҷумакшӯрбо омода карда буданд. Аз соати 12:00 то 13:00 таом пурра ба таълимгирандагон расонда шуд. Барои таъмин бо нони гарм дар тафдони ошхона ҳамарӯза нон мепазанд. Мудири кӯдакистон иттилоъ дод, ки як адад тафдони нав аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ харидорӣ шуд. Пас аз сарфи ғазо аз рӯйи реҷа ёрдамчиёни мураббияҳо кӯдаконро барои истироҳат ба катҳои хоб роҳнамоӣ карданд.
Бояд гуфт, ки дар кӯдакистон баҳри обутоби бадан дар давраи ташкили лагерҳои наздимуассисавӣ нуқтаҳои қум барои бозӣ ташкил карда шудааст. Ҳавзи оббозӣ холӣ аз об буд. Ба гуфтаи масъулин, аксари волидон барои оббозии фарзандонашон иҷоза намедиҳанд. Мутаассифона, чанд сол боз дар боғча воҳиди кории равоншинос ихтисор гардидааст. Дар майдончаи муассиса барои бозии кӯдакон арғунчаку дигар лавозимот барои бозӣ намерасанд.
Худододи ИСЛОМ,
«Омӯзгор»