Озими литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар гаштем. Дар саҳни муассиса маҷлиси пагоҳирӯзии омӯзгорону хонандагон ҷараён дошт.
Директори муассиса Шаҳло Насруллозода дар баробари масоили тартибу интизом, сару либоси мактабӣ, ҳамкории фаъол бо волидон ҷамъбасти соли хониш ва омодагӣ ба имтиҳонҳо ба саҳна ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро даъват кард.
Баъдан ба дарси омӯзгори ҷавон Бахтовар Ҳукумзод дар синфи 7 аз алгебра ворид шудем. Дарс аз рӯйи талаботи методӣ ва бо истифода аз усулҳои ҷолибу муосир ҷараён гирифт. Ҳозирҷавобии хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар дарс аз дониши хубу муҳаббаташон ба омӯзиш гувоҳӣ медод. Бояд зикр намуд, ки омӯзгори ҷавон Б. Ҳукумзода Аълочии маориф ва илм, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» мебошад.
Дар синфхона ду нафар падару модари хонандагон низ ҳузур доштанд. Носирҷон Маъмурзода-падари яке аз хонандагон, аз ҷумла, зикр намуд, ки тибқи нақша, волидон ба таври навбатдорӣ дар дарсҳо иштирок намуда, пас аз таҳлилҳои моҳона фикру пешниҳодҳои худро бо роҳбарияти мактаб пешниҳод мекунанд. Се фарзандаш дар ҳамин муассиса бо муваффақият таҳсил мекунанд. Писари калониаш Мустафо муассисаро бо медали тилло ва аттестати аълои универсалӣ хатм намуда, фарзандони дигараш – Раҳмонҷон ва Матин дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Дар долони муассиса гӯшаи махсуси «Хонандагони намунавӣ» ташкил шудааст. Ҷомҳо, медалҳо, ифтихорномаҳо, аксҳо ва дигар дастовардҳо дар ин гӯша ҷой гирифтаанд. Тавре Ш. Насруллозода изҳор намуд, соли равон хонандагони муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 18 ҷойи ифтихорӣ – 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷиро ба даст овардаанд.
Китобхонаи литсей дорои зиёда аз 11 ҳазор нусха китоб, аз ҷумла, 9 ҳазор китоби дарсӣ ва 1900 китоби бадеӣ мебошад. Заррагул Юлдошева-китобдори муассиса, иттилоъ дод, ки маҳфили «Дӯстдорони китоб» беш аз 500 аъзо дорад. Хонандагону омӯзгорон барои иштирок дар озмунҳо маҳз дар ин ҷо омодагӣ мебинанд.
Соли гузашта 4 хонанда дар номинатсияҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Имсол шумораи довталабон зиёд гардида, 7 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар муассиса 40 маҳфили фаннӣ амал мекунад. Яке аз маҳфилҳои фаъол «Биологони наврас», ки бо роҳбарии Ҳанифа Раҳимова фаъолият менамояд, ба ҳисоб меравад.
Баъди анҷоми машғулиятҳои таълимӣ дар литсейи давлатии «Ориёно» дарсҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд. Аз суҳбат бо хонандагон бармеояд, ки маҳз машғулиятҳои иловагӣ ба беҳтар шудани сатҳи дониши онҳо мусоидат менамоянд.
Омӯзгори физика Давлаталӣ Солеҳов таъкид кард, ки ҳар ҳафта ду маротиба дарсҳои иловагӣ мегузаранд. Хонандагони синфҳои болоӣ аз химия, математика, биология ва забонҳои хориҷӣ низ дарсҳои иловагӣ мегиранд.
С. АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»