Қадамҳои ҷиддӣ дар омӯзиши фанҳои дақиқ

Оғоз

Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва муҳимми кишвар маҳсуб ёфта, дар ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва татбиқи илм дар истеҳсолот мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешавад. Зеро бо рушди бомаром соҳаи маорифи мамлакат ба марҳалаи нави пешрафт ворид гардида, сатҳи зиндагии мардум ва обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар мешавад. Маҳз бо кашфиёту ихтироъ ва пажуҳишҳои бунёдӣ метавон дар замони муосир мавқеи шоиста пайдо намуд ва дар ин миён зарур аст, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир карда шавад. Аз ин ҷост, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф» эълон гардид, ки қадами устувор дар пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) ба масъулин супориш дода, таъкид карданд: «…назорати азхудкунии до­нишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд». Ҳамин ташаббуси Сарвари давлат марҳалаи навро ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ боз намуд ва дар доираи он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани омӯзиши фанҳои дақиқ нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» қабул гардидаву корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.

Таъмин бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ

Барои самараноку ҳадафманд роҳандозӣ гардидани дарсҳо зарур аст, ки заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шаванд, зеро омӯзиши фанҳои дақиқ бештар ҷанбаи амалӣ дошта, бо истифода аз техникаву технология, воситаҳои аёнӣ ва маҳлулҳои химиявӣ сурат мегиранд. Бинобар ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Ба таъкиди сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода, соли 2024 аз 2056 кабинети фаннии банақшагирифташуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2108 адад кабинет харидорӣ карда шудааст, ки 102,5% иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, соли 2024 дар шаҳри Душанбе 110 адад (112,2%), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 122 адад (81,9%), вилояти Суғд 667 адад (105,2%), вилояти Хатлон 858 адад (108,5%) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 351 адад (91,4%) таъмин гардидааст.

Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Аҳмадҷон Раҳмонзода зикр намуд, ки дар доираи татбиқи омӯзиши фанҳои дақиқ дар мактабҳои олии кишвар як қатор корҳо анҷом пазируфтанд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 16 озмоишгоҳи таълимӣ, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 67 озмоишгоҳи таълимӣ, парки технологӣ, 2 хоҷагии таълимию таҷрибавӣ, 12 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ, 15 озмоишгоҳи илмию таълимӣ фаъолият доранд. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 167 адад номгӯйи дастгоҳу таҷҳизот, лавозимоти таълимӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил гардидааст. Илова бар ин, дар назди Маркази рушди истеъдодҳо ва парки технологии донишкадаи мазкур 5 адад лавҳаи озмоишии амалкунандаи худсохт ба фаъолият шуруъ кард. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев 3 озмоишгоҳ — «Петрография ва минералогия», «Конҳои канданиҳои фоиданок ва таҳлили таҳшин (шлих)», «Суфтакунӣ (шлифование) ва коркарди санг» ва Маркази системаи иттилоотии кӯҳӣ-геологӣ сохта шуда, 2 озмоишгоҳ бо асбобҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд.

Таҷдиди стандарту барнома ва китобҳо

Таҷдиди назар намудани стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи ёрирасон оид ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва омӯзиши мукаммали силсилаи равия ва дурнамои зиёд намудани соатҳои таълимӣ аз омилҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълимӣ ба ҳисоб мераванд. Ба таъкиди Ш. Асомиддинзода, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷдиди назар намудани стандарт, барнома ва нақшаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба мақсади ба синфҳои таълими равия ҷудо намудани хонандагон ба амал баровардани дифференсиатсияи тахассусӣ (тафриқа, яъне, гурӯҳбандии фанҳо аз рӯйи равия) ва фардикунонии таълим, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайқал додани малакаю истеъдод, азхуд кардани дониш аз рӯйи равияи табиӣ-риёзӣ ва технологӣ, ташаккули афкори шахсии хонанда ва татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» «Нақшаи таълимии синфҳои таълимашон равиявӣ»-ро таҳия ва бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 29.08.2022, №12/18 тасдиқ ва бо фармоиши вазири маориф ва илм аз 13.09.2022 №1341 мавриди амал қарор дод. Дар баробари ин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар доираи лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳияи китобҳои насли нав ба роҳ монда шуда, баъди натиҷаи мусбати озмоиш мавриди истифодаи умуми хонандагон гардонида мешавад.

Омӯзгорону устодон соли 2024 16 номгӯйи дастури таълимӣ ва воситаҳои таълимиро таҳия намудаанд. Ҳамчунин, аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик дар доираи фанҳои дақиқ донишномаҳои «Кайҳон», «Парандаҳо», «Ҳайвоноти ширхӯр», «Техника», «Ҷуғрофия», «Саёҳатнома», «Ахтарони илм», «Ахтаршиносӣ», «Сайёраи замин», «Ихтирооти инсон», «Унсурҳои кимиёвӣ» ва «Ҳашарот»-ро, ки дар маҷмуъ, 12 ададро ташкил медиҳанд, ба нашр расонида шуд.

Тақвияти фаъолияти маҳфилҳо ва иштирок дар олимпиадаҳо

Фаъолияти маҳфилҳо дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тақвият ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 9298 маҳфили равияи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ба монанди ««Экологони ҷавон», «Гулпарварӣ», «Гиёҳшиносӣ», «Табиатшиносони ҷавон», «Математикони ҷавон», «Техникони ҷавон», «Ихтироъкорони ҷавон», «Физикони ҷавон», «Химикони ҷавон» ва «Барномасозони ҷавон» бо фарогирии 115528 нафар хонанда ташкил карда шудааст.

Дар баробари ин, ҷиҳати вусъати омӯзиши фанҳои дақиқ олимпиадаҳои гуногун баргузор мегарданд, ки ба дарёфти хонандагони лаёқатманду ихтироъкору навовар мусоидат мекунанд. Дар ин самт, толибилмони тоҷик дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар мактабҳои олӣ

Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои дақиқ ҳамкории мактабҳои олӣ бо корхонаву ташкилотҳои дохиливу хориҷӣ густариш ёфтааст. Дар ин маврид А. Раҳмонзода қайд кард, ки Донишгоҳи давлатии Данғара бо корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо корхонаи сементи шаҳри Душанбе, корхонаи алюминийи шаҳри Турсунзода бо комбинати металлургии шаҳри Ҳисор ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 65 корхонаи саноатӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 11 корхонаи саноатӣ, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо 20 корхонаи саноатӣ дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва пас аз хатм бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо қарордодҳои тарафайн ба имзо расонида шудаанд.

Ба омӯзишу таҳқиқи илмҳои бунёдӣ низ диққати махсус зоҳир гардида, шуроҳои нав ва муштараки дифои рисолаҳои илмӣ таъсис дода шуда, талабот нисбат ба раванди таҳия ва ташхиси илмии диссертатсияҳо пурзӯр гардидааст, ки ба татбиқи илм дар истеҳсолот такони ҷиддӣ мебахшад. Барои тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он 5 шурои диссертатсионӣ, аз ҷумла, 2 шурои диссертатсионии Федератсияи Россия фаъолият намуд.

Дар соли 2024 ду шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодири самти илмҳои техникӣ ва технология таъсис дода шуд. Ба ин маънӣ, дар соли 2024 ба комиссия 458 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз ин 198 адад ё 43,2% ба самти фанҳои табиӣ рост меояд, ки дар қиёс ба солҳои пешин зиёд гардидааст.

Маъхазҳои электронӣ

Барои расидан ба ҳадафи дарпешгузошта дар ин самт ташкил намудани адабиёти дарсии электронӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муҳим мебошад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани пойгоҳҳои электронӣ як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Ба ин мазмун дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 дастуру китоб ва маводи танзимкунандаи соҳа баҳри истифодаи устодону омӯзгорон қарор дорад. Дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (www.mjtik.tj) дар зиёда аз 3000 дарси видеоӣ ва маводи таълимӣ ҷой­гир карда шудааст, ки дар истифодаи омӯзгорон қарор дорад.

Анҷом

Шоистаи таъкид аст, ки татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф» қадами устувор дар роҳи татбиқи илм дар истеҳсолот ва барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Зарур аст, ки устодону омӯзгорон ва муҳаққиқону пажуҳишгарон фаъолияти хешро боз ҳам тақвият бахшанд ва бо дарсҳои рангину ҷолибу омӯзанда шавқу рағ­бати хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар намоянд ва мутахассисони донишманд ва ихтироъкору навоварро ба камол расонанд.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»