Файзобод: камбудиҳо бартарафшавандаанд

Як рӯзи мактаб

21 майи соли равон субҳи барвақт барои шинос шудан аз фаъолияти омӯзгорону устодон ва дар умум вазъи таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озими ноҳияи Файзобод гаштем.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кимиё Мирзозода иттилоъ дод, ки дар ноҳия 68 муассисаи таҳсилоти умумӣ (47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ) ва 1 гимназияи хусусӣ фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 28744 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст.

Дар мактаби №16

Аз дарвозаи осмониранг вориди мактаб шудем. Мактаб аз бинои пасти куҳнасохт бо дару тирезаҳои қисман чӯбин ва қисман пластикӣ иборат аст. Ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ба номи Карим Саидови деҳаи Шерамон, Ҷамоати деҳоти Меҳробод аст, ки фарзандони сокинони чор деҳаи гирду атроф (Чорбоғ, Шерамон, Арча ва Муллоашӯрӣ) дар он ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мавриди зикр аст, ки бо сабаби дар деҳаҳои Арча ва Муллоашӯрӣ фаъолият дош­тани мактаби 9-сола, хонандагони деҳаҳои мазкур барои идомаи таҳсил ба МТМУ №16 меоянд. Дар ин мактаб ба 401 хонанда 21 омӯзгор таълим медиҳад. Муассиса дорои 9 синфхона буда, дар ду баст фаъолият мекунад. Шахсони саховатпеша ва Кумитаи падару модарон дар ободонии муассиса саҳмгузор буда, бо маблағи 10000 сомонӣ 6 адад шоҳчароғи равшанидиҳандаро дар симчӯбҳои ат­рофи муассиса насб ва барои посбони мактаб ҳуҷра бунёд намудаанд.

Дар долони таълимгоҳ гӯшаи китобҳо мавҷуд аст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар муассиса дар он ҷо китобҳои бадеӣ ҷой дода шудаанд. Директори муассиса Ниматулло Ҳасанов иброз дошт, ки ҳафтае як маротиба хонандагони фаъол оид ба китобҳои бадеии хондаашон маълумот дода, ба ҳамсолонашон мутолиаи онро тавсия медиҳанд.

Мо дар дарси забони тоҷикӣ дар синфи 6 «а» иштирок намудем. Муаллима Шаҳноза Салимзода хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо намуд. Вазифаи хонагӣ «Ҷонишин» буда, гурӯҳҳо бо навбат оид ба ин ҳиссаи нутқ маълумот медоданд. Яке аз гурӯҳҳо «Донояк» ном гирифта, аъзои он бо истифода аз ҷонишинҳои нафсӣ-таъкидӣ ҷумлаҳо ва порчаҳои шеърӣ гуфтанд. Сипас хонандагон бо ёрии муаллима шеърҳоро таҳлил намуданд. Инчунин, дар лаҳзаи фароғат гурӯҳи «Донояк» ба ҳамсабақони худ чистонҳо мегуфтанд. Пас аз ин, Ш. Салимзода мавзуи нав «Сифат»-ро дар тахтаи синф навишта, тибқи усули муносибати босалоҳият атрофи ҳиссаи мустақили нутқ – сифат саволу ҷавоб ва мавзуъро пурра намуд. Ӯ дар тахтаи синф калимаҳоро дар шакли пароканда навишта, ба хонандагон супориш дод, ки бо истифода аз ин онҳо ибора сохта, сифатҳоро муайян кунанд. Қисме аз хонандагон дар рафти дарс фаъол буда, супоришҳоро сари вақт иҷро менамуданд. Аммо дар ҷараёни дарс хонандагоне низ ба мушоҳида мерасиданд, ки фаъолият нишон надоданд. Дар охир муаллима ба хонандагон вазифаи хонагӣ дод.

– Шогирдони мо пайваста дар озмуну олимпиадаҳо ширкат меварзанд. Аз забони тоҷикӣ 4 нафар то даври ниҳоии олимпиадаи фаннӣ роҳ ёфтаанд. Аз онҳо 3 нафар: Ёсуман Абдуллоева, хонандаи синфи 6 ҷойи дуюм, Марямбону Олимова ва Бибиҳадя Зоирова, хонандагони синфи 9 ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд, – афзуд Ш. Салимзода ҳангоми суҳбат бо мо.

Мо аз китобхонаи мактаб низ дидан намудем. Шаҳриноз Немонова, мудири китобхона ҳангоми суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар китобхона зиёда аз 3000 китоби бадеӣ ва 5000 китоби дарсӣ мавҷуд аст. Соли ҷорӣ 300 китоби нави дарсӣ ба китобхонаи муассиса ворид шуд. Дар умум, вобаста ба эҳтиёҷоти муассиса 1500 адад китоби дарсӣ дархост шудааст. Ба ҷуз аз хонандагони муассиса, аҳолии деҳа низ метавонанд аз китобхона истифода намоянд. Мутаассифона, китобхона шароити хуб надошта, масоҳаташ хурд ва ҷевонҳои китобҳо куҳнаву фарсудаанд. Инчунин, барои мутолиаи донишомӯзон толори хониш мавҷуд нест.

– Хонандагони муассиса ҳамасола дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Соли ҷорӣ 30 нафар дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, 4 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфтанд ва 2 нафар Ёсуман Абдуллоева ҷойи аввал ва Судоба Зайниддинзода ҷойи дуюмро ишғол намуданд, – гуфт мудири китобхона Ш. Немонова.

Сипас дар дарси забони англисӣ дар синфи 11 иштирок намудем. Дар оғоз устод бо хонандагон ҳисоботи навбатдори синфро бо забони англисӣ шунид. Омӯзгор Юсуф Холов дар дарс бештар бо забони англисӣ ҳарф мезад. Ӯ бо ёдовар намудани мавзуъҳои гузашта ба хонандагон саволу ҷавоб кард. Инчунин, хонандагон бо забони англисӣ аз рӯйи расм ҷумлаҳо тартиб доданд. Истифодаи расмҳо ва баргузор намудани бозиҳову викторинаҳо дар дарси омӯзгори ҷавон Ю. Холов хеле хуб ба роҳ монда шуд.

Ҳамин тавр, омӯзгор вазифаи хонагиро пурсон шуд. Аксари хонандагон ба дарс бо тайёрӣ омада, бо навбат ҷумлаҳоро хонда, тарҷума карданд. Пас аз он Ю. Холов ба баёни мавзуи нав -«The opposite» (калимаҳои зидмаъно) шуруъ намуд. Ӯ баъди ба хонандагон фаҳмонидани дарс супориш дод, ки дар давоми 3 дақиқа зидмаъноҳоро бо забони англисӣ навишта, ҷумла созанд. Хонандагон дар вақти муайяншуда супоришро иҷро намуда, ба ҷуз 2-3 нафар, дигарон фаъолияти хуб нишон доданд. Муаллим кӯшиш мекард, ки дар раванди дарс бо ҳамаи хонандагон корбарӣ карда, ба онҳо дар иҷрои супоришҳо кумак расонад.

Баъд аз ин мо бо вазъи синфхонаи технологияи иттилоотӣ шинос шудем. Ҳангоми дар муассиса будани мо қувваи барқ набуд. Дар синфхона компютерҳо, ноутбукҳо, тахтаи электронӣ ва принтер мавҷуд аст, ки тибқи иттилои директори муассиса, ҳамаи ин васоити техникӣ коршояманд, вале бо интернет пайваст нестанд.

– Солҳои қаблӣ мо дар муассиса курсҳои омӯзишии барномасозӣ ташкил карда будем ва бо роҳбарии омӯзгорон хонандагон кор бо компютер ва забонҳои барномасозиро омӯхтанд. Бояд қайд кард, ки дар компютерҳо ҳамаи барномаҳои ба хонандагон зарурӣ, аз қабили забонҳои барномасозии Qbasic, Visual Basic, барномаҳои офисӣ ва монанди инҳо насб шудаанд. Аммо бо сабаби норасоии омӯзгори технологияи иттилоотӣ хонандагон аз омӯзиши ин фан бебаҳра мондаанд, – гуфт Н. Ҳасанов.

Директори муассиса Н. Ҳасанов қайд кард, ки яке аз мушкилоти аввалиндараҷа дар муассиса норасоии омӯзгорон мебошад.

Дар назди муассиса маркази инкишофи кӯдак амал мекунад. Аз сабаби набудани ҷой барои кӯдакон 2 синфхонаи хурд ҷудо шудааст, ки шароити он қадар хуб надорад ва таҳсил дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар умум, синфхонаи мазкур таъмирталаб буда, ҷевонҳо ва мизу курсиҳо куҳна мебошанд. Директори муассиса қайд намуд, ки бо дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ин мушкилот ба зудӣ роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт.

Мактаби деҳи Ҳаймаҳмадӣ

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар деҳаи Ҳаймаҳмадии Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия ҷойгир аст. Саҳни ҳавлии мактаб калон буда, бинои таълимгоҳ якошёна мебошад. Дар ду тарафи долон синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассиса пайи ҳам ҷой гирифтаанд. Дар деворҳо шиору овезаҳои гуногуни таълимиву тарбиявӣ насб шудаанд. Директори муассиса Фурқат Назаровро дар дафтари кориаш саргарми суҳбат бо ду хонандаи мактаб дарёфтем. Директор дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, ки мактаб соли 1980 бунёд ёфта, дорои 10 синфхона буда, дар он 429 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо сабаби кам будани синфхонаҳо дар мактаб аз кабинетҳои фаннӣ танҳо ҳуҷраи компютерии алоҳида мавҷуд асту халос. Утоқи компютерӣ бо 16 адад компютери соли истеҳсолашон гуногун таҷҳизонида шуда, 6 адади он корношоям мебошад.

– Тибқи меъёр бояд дар ҳар як компютер ду нафар хонанда кор кунад. Дар синфҳо ба ҳисоби миёна аз 16 то 35 нафар хонанда таълим мегиранд. Бо сабаби он ки теъдоди компютерҳои муассиса каманд, мо меъёрро риоя карда наметавонем. Барои ҳалли мушкилӣ ба раиси ҷамоат муроҷиати хаттиву шифоҳӣ кардем. Ваъда доданд, ки бо дастгирии соҳибкорону афроди саховатпеша 5-6 компютер ба муассиса кумак менамоянд, – иброз намуд Ф. Назаров.

Ҳамчунин, маълум гардид, ки дар баробари ин, хонандагони муассиса танҳо ҳангоме ки дар интиқоли барқ маҳдудият нест, метавонанд дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ аз компютерҳои мавҷуда истифода баранду халос, чун қувваи барқи таҷҳизоти махсуси барқдиҳанда барои кор бо компютерҳо кофӣ нест. Мудири бахши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи ноҳия Ҳакимҷон Амруллозода қайд намуд, ки дар компютерҳои мавҷудаи тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барномаҳои таълимӣ ва ҳарфҳои тоҷикӣ ҷой дода шудаанд. Азбаски дар муассисаҳо хатти Интернет нест, барои кор бо баъзе барномаҳо омӯзгорон аз модем ва телефонҳояшон истифода мекунанд ва то қадри имкон ба хонандагон роҳҳои кор бо барномаҳои компютериро меомӯзанд.

Ба дарси нақшакашӣ дар синфи 9 «б» (омӯзгор Абдулҳафиз Сайфиддинов) ворид шудем. Чун дарси амалӣ буд, омӯзгор ба хонандагон супориш дод, то аз рӯйи китоб расмро тасвир кунанд. Хонандагон оромона ба кори мустақилона шуруъ намуданд. Омӯзгор дар байни онҳо гаштугузор намуда, дар рафти кор ба онҳо тавсияҳо медод. Ҳангоми машғулият мушоҳида шуд, ки шумораи ками хонандагон китоби дарсӣ доранду аз як китоб чанд нафар истифода мебаранд. Пас аз ба итмом расидани дарс китобҳои «Нақша»-и синфи 8-9-и чанде аз хонандагонро аз назар гузаронидем, ки муаллифи баъзе китобҳо Т. Қ. Ҷӯраев соли 2004 ва муаллифони қисми дигар Т.Қ. Ҷӯраев дар ҳаммуаллифӣ бо С.А. Гадоев мебошанд, ки соли 2017 нашр шудаанд. Ба суоли «барои чӣ китобҳо аз фанни нақшакашӣ каманд ва он ҳам нашри куҳна?» директори муассиса Ф. Назаров чунин посух дод:

– Мо соли ҷорӣ рӯйхати китобҳоеро, ки каманд, тартиб дода, ба шуъбаи маориф пешниҳод кардем. Аллакай қисме аз китобҳо дастрас шуданд. Омӯзгор Абдулҳафиз Сайфиддинов изҳор дошт, ки собиқаи кории 18-сола дошта, ғайри ихтисоси худ ба хонандагон аз фанни мазкур дарс дода истодааст.

– Бо сабаби нарасидани мутахассисон ва кам будани соатҳои суруду мусиқӣ, ба хонандагон аз фанни нақшакашӣ низ сабақ медиҳам. Солҳои қабл аз фанни биология низ дарс дода будам. Ҳамин тавр, кӯшиш мекунем, то ёфтани мутахассисон хонандагон бекор ва аз омӯзиш дур намонанд, – афзуд омӯзгор.

Соати панҷумро дар дарси физикаи муаллим Садбарг Пирова дар синфи 11-ум гузаронидем. Дар синф 13 нафар буд ва ду нафар ҳузур надошт. Мавзуъ «Ҳалли масъалаҳо» буд. Дар раванди машғулият воситаҳои аёнӣ мавҷуд набуд. Ҳарчанд омӯзгор кӯшиш мекард, хонандагон фаъол бошанд, аммо қисме аз онҳо ба дарс камтаваҷҷуҳӣ зоҳир мекарданд.

Китобхонаи муассиса дар қафои ҳав­лии он, дар бинои синфхонаҳои иловагӣ ҷойгир аст. Дар дохили китобхона ҷевонҳои фарсудаи китобдор, як мизу курсӣ ва дар кунҷ бастаи китобҳои дарсӣ, ки аз Вазорати маориф ва илм барои соли хониши нав дастрас гардида буд, ба назар расид. Сулаймон Ризоев, ки собиқаи кории 50-сола дар китобхонаи муассисаро дорад, изҳор дошт:

– Дар китобхона, дар умум, тақрибан 6000 китоб мавҷуд аст, ки аз ин теъдод бештарашон китобҳои дарсӣ буда, 1500 нусхаи онро китоби бадеӣ ташкил медиҳад. Қисми зиёди китобҳои бадеӣ бозмондаи замони Шуравиянд. Хонандагон бештар ба адабиёти классикӣ ва муосир майлу рағбат зоҳир мекунанд. Аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон 270 нафар, кормандони муассиса 36 нафар мебошанд.

Аз ду тарафи китобхона ду синфхонаи иловагӣ ҷойгир аст. Синфхонаҳои мазкур барои фаъолияти маркази инкишофи кӯдак пешбинӣ ва дар онҳо дар басти аввал, дар умум, 42 нафар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар басти дуюм хонандагони синфи чорум дарс мехонанд. Мо пеш аз оғози дарс вориди яке аз синфхонаҳо гардидем. Деворҳои синфхона куҳна, мизу курсиҳо фарсудаю шикаста… Сипас вориди синфхонаи дуюм шудем. Мизу курсиҳои барои хонандагони маркази инкишофи кӯдак мувофиқ гузошта шуда, дар гӯшае ҷевони пур зи бозичаҳои куҳнаву нав ҷой гирифтааст. Дару девор ва тирезаҳои синфхона фарсуда буданд.

– Солҳои пеш ин ҳуҷраҳоро ҳамчун анбор истифода мебурдем. Бо дарназардошти талаботи зиёди волидон ба маркази инкишофи кӯдак ин биноро бо кумаки аҳолии деҳ таъмир намудем ва мавриди истифода қарор додем. Акнун тибқи Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар муассиса сохтмони бинои иловагии дорои 18 синфхона дар назар аст. Агар лоиҳа амалӣ шавад, ин мушкилот низ паси сар мегардад, – қайд кард бо қаноатмандӣ директори муассиса Ф. Назаров.

Ҳамчунин, вобаста ба ин мавзуъ тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Кимиё Мирзозода, дар баробари афзоиши аҳолии ноҳия ва зиёд гардидани шумораи хонандагон, талабот ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ меафзояд.

Вобаста ба ҳолати ҷойдоштаи муассисаҳои таълимӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзободро мебояд тадбирҳои судманд андешад.

Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

Ирода ТИЛАБОВА,

«Омӯзгор»

Душанбе – Файзобод – Душанбе