Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳи истеъдодҳоро ба сӯйи илму дониш боз кард. Сафи ҳаводорони китоб дар ҷомеа афзоиш ёфта, таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон рӯз ба рӯз ба омӯзишу мутолиа бештар гардидааст.
Дар вилояти Хатлон соли 2025-ум «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон карда шуд. Ташаббуси мазкур мо – аҳли кормандони соҳаи фарҳанг, бахусус, китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро водор месозад, ки баҳри бештар китобхону китобдӯст шудани наврасону ҷавонон саъйу талош намоем.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо дар масъалаи ба омӯзишу мутолиа ҷалб намудани хонандагон, волидайн, омӯзгорон ва китобдорон мебошанд. Барои бедор намудани шавқу завқи китобхонии насли наврас ва ҷавонон ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама, худ китобхон ва барои кӯдак намуна бошем.
Тарбияи фарҳанги мутолиа нахуст аз оила оғоз меёбад. Маҳз падару модар масъулу вазифадоранд, ки китобҳои ҷолибу баландмазмунро аз фурӯшгоҳ харида ё аз китобхонаҳо дастрас намоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки дар ҳар як хонадон китобхонаи шахсӣ ташкил карда шавад.
Падару модар бояд аз овони кӯдакӣ бо фарзандонашон дар бораи ахлоқ, росткорӣ суҳбат кунанд ва тарбияи дурустро дар майнаашон ҷо диҳанд. Аз ҳама муҳим, фарзандонро дар руҳияи донишомӯзӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбият кардан зарур аст, то дар оянда ӯ ҳамчун инсони комил ва созандаи ҷомеа ба воя расад.
Аз ин хотир, чанд пешниҳоде ба аҳли ҷомеа, бахусус, падару модарон, омӯзгорон ва китобдорон манзур менамоем:
- Барои аҳли ҷомеа ва волидон:
— ҷалби соҳибкорон барои бунёди китобхонаҳо дар маҳалҳо;
— харидорӣ ва туҳфа намудани китобҳои бадеӣ аз ҷониби соҳибкорон ва саховатмандон ба оилаҳои серфарзанд ва ниёзманд;
— беҳтар намудани ҳамкориҳои оила бо мактаб ва китобхонаҳо.
Барои омӯзгорон ва китобдорон:
— ташкили озмуни «Китобхонӣ» байни синфҳо, омӯзгорон ва кормандони муассиса;
— баргузории озмунҳои китобхонӣ: «Хонандаи беҳтарин», «Дӯстдорони китоб», «Китоб дӯсти ман!» ва ғайра байни гурӯҳҳо дар синф ва омӯзгорону кормандон. Натиҷагирӣ ва ҳавасмандии синфҳо ва хонандагони алоҳида, омӯзгорон ва кормандон аз ҷониби маъмурияти муассиса (кадом синф зиёд китоб хонд, кадом хонанда, кадом омӯзгор ва кадом корманд);
— ташкили лавҳаҳои фахрӣ вобаста ба ҳамин самт (оилаҳои беҳтарин, синфи беҳтарин, хонандаи беҳтарин, омӯзгори беҳтарин, корманди беҳтарин);
— ба роҳ мондани омӯзиши луғат (омӯхтани луғат ба бой гардидани таркиби луғавӣ, ҷаҳонбинӣ ва инкишофи нутқи хонанда мусоидат мекунад);
— азёд кардани шеърҳо, зарбулмасалу афоризмҳо дар ситоиши китоб ва китобхонӣ;
— дар машғулиятҳои иловагӣ ва чорабиниҳои оммавӣ ташкили саҳначаҳои хурди тарбиявӣ аз осори ниёгон;
— китобдори имрӯз бояд донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад;
— аз равандҳои гуногуни омодагардонӣ ва пахши иттилоот дар шаклу намуди ба худ хоси он баҳравар бошад;
— ба истифодабарандагон маълумоти саҳеҳ ва пурра расонда, аз уҳдаи таъминоти эҳтиёҷоти иттилооти хонандагон барояд;
— роҳу усули нави хадамоти иттилоотӣ, методӣ ва библиографиро тавассути васоити анъанавӣ ва электронӣ ба роҳ монда, корҳои методӣ ва библиографии китобхонаро ба дӯш гирад;
— аз истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ огоҳӣ дошта бошад;
— ба хонандагон қоидаҳои умумии китобхонию муносибат бо китобро тавзеҳ додан;
— мунтазам муаррифӣ намудани китобҳои муҳимтарин (вобаста ба синну сол) ва тозанашр (дар матбуоти даврӣ, ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ);
— ташкили гӯшаҳои (намоишгоҳҳои) китобҳо бо иқтибосу зернавиштҳо оид ба мухтасари мундариҷаи онҳо;
— таъсиси гӯшаи муаррифии осори адибони маъруф ва феҳристи онҳо (вобаста ба низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ);
— баргузор намудани вохӯриҳо бо шоиру нависандагон вобаста ба таҳлилу муҳокимаи асари алоҳидаашон;
— беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳо (муҳайё кардани шароити хуби китобхонӣ ва китобҳои дархости хонандагон);
— ба роҳ мондани ҳисоботи ҳарҳафтаинаи гардиши китобҳои мутолиашудаи хонандагон дар байни волидайн, омӯзгорон ва масъулини соҳа ба воситаи гӯшаҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ;
— омӯзиши асарҳои гаронбаҳои мутафаккирони тоҷику форс ва таҳлилу баррасии асарҳои онҳо ва мувофиқ ба синну соли наврасону ҷавонон шарҳу тавзеҳ бахшидан корест муфид барои аҳли ҷомеа.
Саймуҳаммад ОБИДЗОДА,
корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб