Ҳадаф: истироҳат, омӯзиш ва варзиш

Аз якуми июн машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ҷамъбаст мегарданд ва хонандагон бо супоридани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм ба таътили тобистона мебароянд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳадафманду самаранок гузаронидани истироҳати хонандагон мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Зеро таътили тобистона на танҳо фурсати истироҳат аз машғулиятҳои мактабӣ, балки як давраи пур аз имкониятҳои нав ҷиҳати омӯзиш ва рушди шахсияти хонандагон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, аз ҷониби вазорат бо фароҳам овардани муҳити мусоид барои омӯхтани малакаҳои нав, густариши ҷаҳонбинӣ ва истироҳати самараноки хонандагон корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Ба ин хотир, тибқа нақша дар гӯшаву канори мамлакат як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ, фароғатӣ ва эҷодӣ роҳандозӣ мегардад, ки ба ташаккули ҳамаҷонибаи хонандагон мусоидат мекунанд, ки ба таври иҷмолӣ онҳоро шарҳу тавзеҳ мебахшем.

Таътил дар истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ

Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолият таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ мебошанд. Дар истироҳатгоҳҳо, ки дар муҳити табиии сабзу хуррам ва дур аз шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулиятҳои таълимӣ ва варзишӣ фароҳам оварда мешавад. Хонандагон дар ин ҷо метавонанд бо бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо таҷриба намоянд.

Муассисаҳои таълимии назди мактабҳо низ дар давраи тобистон ҳамчун истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ фаъолият мекунанд. Дар истироҳатгоҳҳои мазкур хонандагон пас аз машғулиятҳои таълимӣ ба бозиҳо, расмкашӣ, ҳунарҳои дастӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин, дар назди баъзе мактабҳо «Гӯшаҳои эҷодӣ» ташкил мешаванд, ки хонандагон метавонанд истеъдодашонро муаррифӣ намуда, такмил бахшанд.

Маркази рушди эҷод ва малакаҳо

Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ки асосан, дар доираи «Марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон» фаъолият менамоянд, имконияти фаровон барои рушди малакаҳои эҷодӣ ва илмии хонандагонро муҳайё месозанд. Дар марказҳо хонандагон метавонанд ба омӯзиши технологияҳои нав, ҳунарҳои бадеӣ, расмкашӣ, робототехника, моделсозӣ ва дигар фанҳои эҷодӣ машғул шаванд.

Инчунин, маҳфилҳо ва курсҳои омӯзишӣ барои рушди истеъдодҳои кӯдакон гузаронида мешаванд. Чунин фаъолиятҳо на танҳо малакаҳои эҷодиро инкишоф медиҳанд, балки ба хонандагон ёрӣ мерасонанд, ки қобилияти мустақилона фикр кардан, таҳлил намудан ва ҳалли масъалаҳои мураккабро омӯзанд.

Китобхона ва рушди фарҳанги китобхонӣ

Таътили тобистона имконияти хубест барои ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ. Китобхонаҳои шаҳрӣ ва мактабӣ дари худро барои хонандагон боз мекунанд ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, «Рӯзи китобхонӣ» ва «Ҳафтаи китоб» баргузор менамоянд. Дар ин рӯзҳо хонандагон метавонанд бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмӣ шинос шаванд ва онҳоро мутолиа намоянд.

Илова бар ин, рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон ме­диҳад, ки аз захираҳои интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳо, ба монанди «Китобдӯст» ва www.marifat.tj захираҳои пурраи адабиёти бадеӣ, илмию таълимӣ ва навъҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, ки хонандагон метавонанд, бидуни маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд. Дар баробари ин, номгӯи асарҳои бадеӣ барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ вобаста ба синну сол (аз синфҳои 1 то 11) ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст, ки ҳамчун роҳнамо барои омӯзгорону хонандагон хидмат мекунад.

Озмунҳои зеҳнӣ — такмилбахши дониш

Дар таътили тобистона озмунҳои зеҳнӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ роҳандозӣ мегарданд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон иштирок намуда, донишу ҷаҳонбинӣ, истеъдод ва маҳорати худро нишон медиҳанд. Озмунҳо ба онҳо имкон медиҳанд, ки аз як тараф, дониши худро такмил диҳанд, аз ҷониби дигар, малакаи рақобатпазирӣ ва тафаккури мантиқии хешро сайқал бахшанд.

Озмунҳои адабӣ ва ҳунарӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи беҳтарин» ба муҳассилин шароит фароҳам меоранд, ки истеъдод ва дарку маърифаташонро тақвият диҳанд. Чорабиниҳои мазкур на танҳо ба рушди шахсият, балки ба баланд бардоштани фарҳанги мутолиа ва худомӯзии хонандагон мусоидат мекунанд.

Варзиш ва машғулиятҳои солимгардонӣ

Варзиш дар давраи таътили тобистона на танҳо василаи солимгардонӣ, балки имконияти бузург барои рушди ҷисмонӣ ва ҳамкории дастаҷамъона мебошад. Мактабҳову марказҳои варзишӣ машғулиятҳои солимгардонӣ, мусобиқаҳо ва бозиҳо гуногунро барои хонандагон ташкил мекунанд.

Машғулиятҳои варзишӣ, ба мисли футбол, волейбол, теннис, баскетбол ва шоҳмот на танҳо ба беҳтар шудани солимӣ, балки ба таҳкими ирода, ҳамкории гурӯҳӣ ва эҳтироми якдигар кумак мерасонанд. Илова бар ин, шиноварӣ ва гимнастика дар ҳавзҳои варзишӣ ва толорҳои махсус барои такмили малакаҳои ҷисмонӣ хеле муфиданд.

Саёҳати омӯзишӣ, боздид аз театр ва осорхонаҳо

Тобистон замони беҳтарин барои шиносоӣ бо мероси бойи таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра сафарҳои омӯзишӣ ва сайёҳӣ ба осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ ва театрҳо ташкил карда мешаванд. Хонандагон метавонанд дар сафарҳои кӯтоҳмуддат аз манзараҳои зебоманзари кишвар, аз ҷумла, кӯлҳо, боғҳои табиӣ, мамнуъгоҳҳо ва ғайраро тамошо намуда, таассуроту бардошти амиқ бардоранд, ки ин омил ба такмили ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани донишҳои таърихӣ ва эҳсоси ватандӯстии онҳо мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, боздид аз театр ва намоишномаҳои таълимӣ ба тарбияи фарҳангии онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Аз ин рӯ, аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар давраи таътили тобистона ҳамкориву робита бо хонандагонро бештар намуда, бо фароҳам овардани шароити созгори омӯзишу таътил, аз як тараф, хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифта шаванд, аз ҷониби дигар, ба густариши донишу ҷаҳонбнии онҳо такони ҷиддӣ бахшанд.

Хуршед ДАВЛАТАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм