Вазифаҳои АВО ё Кумитаи падару модарон

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро афзалиятнок ҳисобида, маблағгузорӣ ба он пайваста меафзояд.

Бояд гуфт, ки ҳамбастагии оила-мактаб-ҷомеа яке аз омилҳои муҳимми рушди ислоҳоти маориф маҳсуб меёбад.

Чунончи, дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст, ҷорӣ намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, ташкили ассотсиатсияҳои падару модарон ва омӯзгорон, кумитаҳои падару модарон бо бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ таъкид гардидааст. Тибқи талаботи моддаи 41 (Худидоракунии муассисаҳои таълимӣ)-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» таъсис додани чунин мақомот дар муассисаҳои таълимӣ иҷозат дода шудааст. Ин модда имконият дод, ки ҳаракати сарпарастиву хайрхоҳӣ, иштироки ҷомеа дар идораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ бештар гашта, робитаю ҳамкории мактабу оила тақвият ёбад. Дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бошад, падару модарон вазифадор гаштаанд, ки дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд. Дар ин ҷо вазифаҳои мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ чунин таъкид шудааст: раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, иҷрои онро назорат менамоянд; фаъолияти молия­вию хоҷагидории муассисаҳои таълимиро назорат менамоянд; ба беҳтар шудани вазъи молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.

Дар банди 12-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси муассисаи таълимӣ ва падару модарон Шурои ҷамъиятӣ, Кумитаи падару модарон, Ассотсиатсияи падару модарон ва омӯзгорон, Шурои сарпарастон ташкил карда мешавад».

Кумитаи падару модарон яке аз шаклҳои мақомоти худидорӣ буда, умумимактабӣ ва синфӣ мешавад. Он як навъ миёнарав байни мактаб ва оила буда, масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи мактаббачагонро ҳал мекунад. Ин ниҳод ба ҷонибҳо кумак мекунад, ки дар ҳалли мушкилот ба хулосаи ягона оянд. Он одатан аз 3 то 5 нафар аъзо дошта, як навъ ба маҷлиси умумии падару модарон ҳисобот медиҳад. Кумита дар таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун, ки ба рушди таҳсилот ва муассисаи таълимӣ, дастгирии омӯзгорон, ҳалли масъалаҳои молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, дастгирии хонандагони камбизоат, ятим, маъюб, фаъолияти кумитаҳои падару модарони синфҳо мусоидат мекунанд, нақш дорад.

Зимни суҳбат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарварбӣ Ҷалолова зикр кард, ки дар мактабашон пулҷамъкунӣ аз ҳисоби падару модарон вуҷуд надорад, вале аз ҳисоби шахсони хайрхоҳ дастгирӣ меёбад.

Дар робита ба ин, ба қабули Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки соли 2010 аз ҷониби вазоратҳои маориф ва молия тасдиқ гардидааст, Ассотсиатсияи падару модарон ва омӯзгорон (Кумитаи падарону модарон, Шуроҳои ҷамъиятии волидайн) ҳуқуқи бештар пайдо карданд. Аз ҷумла, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таҳсилоти умумӣ, мусоидат дар беҳтар намудани заминаи моддӣ-техникии мактаб, дар бонкҳо суратҳисоб кушодан, аз ҳисоби пардохтҳои аъзоӣ ва ё дигар сарчашмаҳо фондҳо ташкил кардан ва чанде дигар. Дар ин замина, маъмурияти мактаб дар якҷоягӣ бо АВО сметаи ягонаи даромад ва хароҷотии худро барои соли буҷетӣ тартиб дода, маблағҳо бояд, пеш аз ҳама, ба моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, хароҷотҳои коммуналӣ, андоз) ва боқимонда ба моддаҳое, ки худи мактаб муайян мекунад, сарф шаванд.

Фаъолияти АВО дар ҳолати муто­биқат доштан бо оинномаи мактаб эътибори амалӣ дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои фаъолияти бонизоми АВО роҳандозӣ намудани чанд амал муҳим аст. Масалан, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ – омода кардани фармоиш ё қарори махсус, таҳияи дастурамал бо дарназардошти талаботи замон, ташкили курсҳои такмили ихтисос ё семинарҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон.

Бо дарназардошти он ки на ҳама аз фаъолияти АВО ё кумитаҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ воқифанд, зарурате пеш омадааст, ки аз ҷониби мутахассисон тартиб ё дастурамал доир ба фаъолияти онҳо таҳия карда шавад.

Саидаи ФАЗЛ,

“Омӯзгор”