Муқаддима
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат намуда, ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин рӯ, дар сиёсати давлатӣ маориф соҳаи афзалиятнок пазируфта шуда, тадриҷан ба низоми ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ гардонида мешавад. Дар ин замина, омӯзишу корбасти таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар раванди рақамикунонии таҳсилот муфид буда, шароит фароҳам меорад, ки низоми маориф ҳамқадами замон гардад. Дар ин миён, Ҷумҳурии Эстония дар самти рақамикунонии таҳсилот ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, омӯзишу таҳлил ва татбиқи он дар низоми маориф судманд хоҳад буд. Бинобар ин, дар мақолаи мазкур ба таври муқоиса ҷараёни таҳсилот дар кишварҳои Тоҷикистон ва Эстония баррасӣ шудааст.
Таҳсилоти томактабӣ
Дар Эстония таҳсилоти томактабӣ ба таври васеъ роҳандозӣ шудааст. Гарчанде таҳсилоти томактабӣ дар ин ҷо ҳатмӣ нест, аммо ба ин зинаи таҳсилот 90 фоизи кӯдакони 4-6-сола фаро гирифта шуда, кӯдакистонҳо дорои усулҳои интерактивӣ ва рақамӣ мебошанд. Ин таҷриба барои рушди малакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳнии кӯдакон хеле муассир аст.
Танҳо дар пойтахти ин кишвар – Таллин 125 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст. Дар умум, муассисаҳои томактабӣ дар Эстония ба категорияҳои зерин тақсим мешаванд:
– яслӣ барои кӯдакони аз 1,5 то 3-сола;
– кӯдакистонҳои асосӣ барои кӯдакони аз 3 то 7-сола;
– кӯдакистон-мактаби ибтидоӣ – системаи омехтаи таълим.
Монанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Эстония низ кӯдакистонҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият менамоянд. Фарқи асосии байни онҳо дар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон низ тайи солҳои охир ба таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барномаҳои нави таълиму тарбияи томактабӣ таҳия мегарданд.
Муҳимтар аз ҳама, ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2884 Маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131317 кӯдак таъсис дода шудааст. Тасмими мазкур барои амалишавии талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то соли 2025 ба 30% ва то соли 2030 ба 50% расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мебошад. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ дар Тоҷикистон 245066 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли қабл 43820 кӯдак зиёд аст.
Ғайр аз ин, дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба тарбияи ахлоқӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва омодасозии кӯдакон ба мактаб аҳаммияти махсус медиҳанд, ки ин ҷанба дар таҳсилоти Эстония то як андоза камранг аст.
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Низоми маорифи Эстония, хусусан, низоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то андозае аз ҷиҳати сохтор ба низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон монанд аст (ҳарчанд, баъзе фарқиятҳо дар байни онҳо низ мавҷуданд). Бартарии худи низом ҳамчун воситаи ба даст овардани таҳсил дар он аст, ки дипломҳои донишгоҳҳои Эстония аз ҷониби тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эътироф мешаванд ва хонандагони ин кишвар дар қатори 10 хонандаи фаъол (донишмандтарин) дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Марҳилаҳои таълим дар мактабҳо ба се зина тақсим мешаванд: аз 1 то 3, аз 4 то 6, аз 7 то 9. Аз синфи 10 то 12 аллакай таълим дар гимназия идома меёбад. Пас аз хатми синфи 9 хонанда метавонад ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шавад. Яъне, дар Эстония таҳсилоти умумӣ аз 9 синф иборат буда, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, системаи eKool ва муносибати инфиродӣ ба хонандагон зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Дар Тоҷикистон бошад, зинаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии ҳатмӣ то синфи 11 ба роҳ монда шуда, ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тадриҷан роҳ кушода мешавад.
Бартарии низоми таҳсилоти Тоҷикистон дар он аст, ки барномаҳои таълимӣ ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқиро фаро мегиранд. Омӯзиши фанҳои таърих, забони модарӣ ва адабиёти тоҷик дар тамоми зинаҳои таҳсилот мақоми калидӣ дошта, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон тавонистааст, ки дар солҳои охир шумораи муассисаҳои таълимиро афзоиш диҳад ва ҷойҳои нишастро таъмин намояд. Танҳо дар соли гузашта зиёда аз 150 ҳазор хонандаи нав ба мактабҳо ҷалб гардиданд, ки нисбат ба Эстония (дар Эстония 13 ҳазор хонандаи нав дар ду сол ҷалб шудааст) хеле бештар аст.
Дар маҷмуъ, дар Эстония 171 ҳазор хонанда дар 510 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 17 500 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Дар Тоҷикистон бошад, 2357056 хонанда дар 4037 муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 103731 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.
Тавре ишора шуд, дар Ҷумҳурии Эстония 17 500 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, ҳисоби миёнаи умри омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 55 сол баробар аст. Айни замон, норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 1300 (7,43 фоизи умумии омӯзгорон) нафар расида, ин шумора сол аз сол меафзояд.
Ба ҳисоби миёна, тибқи таҳлилҳои Маркази рушди мониторинг, 1200-1900 нафар омӯзгор дар як сол ё аз 8-12% тарки фаъолияти омӯзгорӣ мекунанд. Таҳлили Маркази мазкур нишон медиҳад, ки тарки мактаб кардани омӯзгорони ҷавони риёзӣ низ як мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, дар соли хониши 2021-2022 244 нафар омӯзгори фанни математика мактабро тарк кардаанд, ки 46%-и онҳоро ҷавонони то 40-сола ташкил медиҳанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Масъалаи бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо пайваста дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм ва маҷлисҳои назоратии назди вазири маориф ва илм мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Аз ҷумла, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, натиҷаи иҷрои аризаҳои даъвогӣ ва баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхат ба кор фиристода шудаанд, пайваста мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ба ҳолати моҳи марти соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон эҳтиёҷоти кадрӣ 281 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 нафар зиёд мебошад.
Таҳсилоти олӣ
Эстония бо се донишгоҳи пешрафта ва ҳамгироии густурдаи байналмилалӣ – Донишгоҳи Тарту, ки аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқ, психология, иқтисод, информатика, математика, тиб, Донишгоҳи технологии Таллин, ки аз рӯйи ихтисосҳои саноат, муҳандисӣ, тиб ва электроника ва Донишгоҳи Таллин, ки аз рӯйи ихтисоси педагогика мутахассис омода месозанд, маъруф аст. Тоҷикистон низ донишгоҳҳои маъруф, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дигарҳоро дорад, ки ба рушди илмҳои дақиқ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мусоидат менамоянд.
Таваҷҷуҳ ба таҳсилоти педагогӣ дар Тоҷикистон яке аз бартариҳои муҳим аст. Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дастгирии онҳо, пеш аз ҳама, озмунҳои гуногуну мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ созмон дода шудаанд.
Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханронии худ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва зимни сафарҳо ба минтақаҳои кишвар ҳатман бо омӯзгорон мулоқот баргузор менамоянд. Маҳз ин таваҷҷуҳи хоси Роҳбарияти олии кишвар буд, ки ахиран дар хусуси таҳияи қонуни вижа «Дар бораи мақоми омӯзгор» дастур доданд.
Хулоса
Низоми таҳсилоти Эстония бо рақамисозӣ, озодии педагогӣ ва муносибати инфиродӣ махсусияти худро дорад. Аммо Тоҷикистон дар рушди таълим ва тарбия, омӯзиши арзишҳои миллӣ, густариши шабакаи муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби омӯзгорони ҷавон бартариҳои худро нишон медиҳад.
Хусусан, густариши платформаҳои рақамӣ дар мактабҳо, ҷалби бештари волидайн ба раванди таълим тавассути системаҳои электронӣ, дастгирии омӯзгорон тавассути барномаҳои муосири такмили ихтисос, ташаккули муҳити созанда ва ҳамгиро барои рушди шахсият ва таълими ҷанбаҳои ахлоқию ватандӯстӣ аз зумраи иқдомҳоеанд, ки тайи солҳои охир рӯйи даст гирифта шудаанд.
Дар маҷмуъ, ҳарду кишвар дар низоми таҳсилот таҷрибаи худро доранд. Дар шароити муосир, зарур аст, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи рақамии Эстония истифода барад ва ҳамзамон, Эстония таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти ҳифзи арзишҳои миллию ахлоқии худ, ки асоси устувории ҷомеаанд, мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Эҳсони Хушбахт,
«Омӯзгор»