Рашт ва Тоҷикобод. Хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, мактабҳои нав бунёд мегарданд

Субҳи 13-уми апрели соли ҷорӣ зилзилаи шадиде ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро такон дод. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, он рӯз зиёда аз 36 ҳазор нафар ларзиши шадид ва 122 ҳазор ларзиши миёнаро мушоҳида кардаанд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар қатори хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти аҳаммияти иҷтимоидошта, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ зарар диданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ин ҳодиса ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои бартараф намудани хисороти бавуҷудомада чораҳои фаврӣ андешанд. Бо дастури Сарвари давлат комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ба минтақаи зарардида сафарбар шуда, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллӣ ба арзёбии зарар ва расонидани кумакҳои аввалиндараҷа машғул гардиданд.

Бо мақсади дастгирии аҳолии осебдида ба маводи ниёзи аввал 15-уми апрел бо супориши Президенти кишвар кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла, маводи ғизоӣ, ашёи рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ ба минтақаҳои зарардида фиристода шуданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат ба роҳбарони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур доданд, ки корҳои барқарорсозии манзилҳо ва инфрасохторро суръ­ат бахшанд.

Дар доираи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат намояндагони Вазорати маориф ва илм дар ҳайати Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илм, муовини вазир ва кормандони раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафар карда, аз маҳаллаҳои аҳолинишини ҳар як ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳияҳои болозикр дидан намуда, аз вазъи муассисаҳои таълимии ноҳияҳои мазкур, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, шинос гардиданд.

Таҳлили амиқи вазъи мав­ҷуда дар муассисаҳои таълимии №№14, 37, 41, 56, 65, 67, 68, 103, 108-и ноҳияи Рашт муайян намуд, ки муассисаҳои таълимии мазкур зарари ҷиддӣ дида, истифодаи баъзе биноҳо, ки солҳои пешин бе риояи меъ­ёру қоидаҳои сохтмонӣ бунёд ёфтаанд, ғайриимкон аст. Дар ноҳияи Тоҷикобод муассисаҳои таълимии №16 ва №33 зарар дида, бинои муассисаи таълимии №16 таъмирталаб ва бинои муассисаи таълимии №33 корношоям гардидааст.

Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм барои ҳарчи зудтар барқарор намудани бино ва иншооти муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои мазкур ва ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия чораандешӣ намуда, ба ҳолати имрӯза бо мақсади идомаи раванди таълиму тарбия таҳсили хонандагонро дар дигар мактабҳои наздик ва хаймаҳо ташкил карда, оид ба вазъи воқеии муассисаҳои таълимӣ санад тартиб дод.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт аз 4 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза 3 бинои он зарар дида, истифодаи минбаъдаи он ғайриимкон гаштааст. Дар муассисаи мазкур 364 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 22 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нави он дуош­ёна буда, иборат аз 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ мебошад. Аз биноҳои садамавӣ дар ду бино китобхона, маркази инкишофи кӯдак ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ва дар бинои дигари он 9 синфхонаи таълимӣ ҷойгир карда шудаанд, ки онҳо соли 1960 бунёд гардидаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар назди муассисаи мазкур бо дарназардошти дурнамо сохтмони 6 синфхонаи таълимӣ бо ду ҳуҷраи корӣ ва бинову иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и деҳаи Қуллои Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт аз 4 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза 1 бинои таълимӣ ва иншооти ёрирасон зарар дидаанд. Дар муассисаи мазкур 297 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 20 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нави он иборат аз 5 синфхона ва 1 ҳуҷраи корӣ соли 2017 сохта шуда, бинои куҳнаи он иборат аз 8 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхонаи хурд соли 1970 сохта шуда, дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст. Дар муассисаи мазкур низ сохтмони 8 синфхонаи таълимӣ бо ду ҳуҷраи корӣ ва бинову иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Барот Шарифи Ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт аз 3 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза пурра зарар дидааст. Дар муассисаи мазкур 408 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои якуми он соли 1968 иборат 7 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, бинои дуюм аз 4 синфхона, маркази инкишофи кӯдак соли 1975 ва бинои сеюми он иборат 2 синфхона соли 2018 сохта шудааст. Ин муассиса ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ сохт­мони бинои нави муассиса барои 320 ҷойи нишаст дар як баст бо ҳуҷраҳои техникиву ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт аз 3 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза 2 бинои он зарар дида, истифодаи минбаъдаи биноҳо ғайриимкон мебошад. Дар муассисаи мазкур 164 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 18 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нави он иборат аз 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, китобхонаи хурд ва 1 ҳуҷраи корӣ соли 2012 ва 1 бинои дигар иборат аз ду синфхона соли 2015 ва бинои сеюми он соли 1970 сохта шуда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва 1 ҳуҷраи корӣ иборат буда, як қисми он ҳамчун анбор истифода мешуд. Дар натиҷаи офати табиӣ ду бинои он, яъне, соли 1970 ва соли 2015 сохташуда садамавӣ гашта, истифодаи минбаъдаи онҳо ғайриимкон мебошад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар назди муассисаи мазкур бо дарназардошти дурнамо сохтмони 4 синфхонаи таълимӣ бо бинову иншооти ёрирасон ба нақшаи иншооти сохташаванда ворид гардидааст. Айни замон хонандагони муассиса ба пуррагӣ ба таълим фаро гирифта шуда, илова ба ин, хонандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103-и деҳаи Сафедтундак дар ҳамин муассиса таҳсил менамоянд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт аз 2 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза 1 бинои он зарар дида, истифодаи минбаъдаи он ғайриимкон гаштааст. Дар муассисаи мазкур 147 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 8 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нави он иборат аз 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва ҳуҷраи кории директор соли 2016 сохта шудааст. Бинои дигари он, ки дар он китобхонаи хурд ва ҳуҷраи муаллимон ҷойгир буд, дар натиҷаи заминларза пурра хароб гардидааст. Айни замон хонандагони муассиса дар бинои нави он таҳсил доранд. Бо дарназардошти дурнамо дар оянда зарурати сохтмони бинои таълимӣ иборат аз 3 синфхона, ҳуҷраи муалимон ва китобхона ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и деҳаи Навдонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт аз 3 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза 1 бинои он зарар дидааст. Дар муассисаи мазкур 415 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 22 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нави он иборат аз 8 синфхона ва ҳуҷраи муаллимон сохта шудааст. Дар бинои дуюми он ҳуҷраи кории директор, муҳосибот ва бойгонӣ ҷой доранд. Биное, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дорои 9 синфхона буда, солҳои минбаъда дар назди он 2 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар назди муассисаи мазкур бо назардошти дурнамо сохтмони 8 синфхонаи таълимӣ бо бинову иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и деҳаи Ярхаби чуқураки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт аз 2 бино ва иншооти ёрирасон иборат буда, дар натиҷаи заминларза 1 бино ва иншооти ёрирасони он зарар дидааст. Дар муассисаи мазкур 90 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 9 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои нави он иборат аз 5 синфхона ва ҳуҷраи муаллимон соли 2024 сохта шудааст. Дар бинои дуюми он, ки соли пеш сохта шудааст, 6 синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, он пурра корношоям гаштааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар назди муассисаи мазкур бо дарназардошти дурнамо сохтмони 6 синфхонаи таълимӣ бо бинову иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103-и деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт аз 1 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза истифодаи минбаъдаи он ғай­риимкон мебошад. Дар муассисаи мазкур 22 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 2 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои муассиса аз 2 синфхоани хурд ва 1 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Дар ин муассиса низ сохтмони 4 синфхона бо дарназардошти шумораи хонандагон бо ду ҳуҷраи корӣ ба нақшаи иншооти сохташаванда ворид шудааст. Айни замон, хонандагон дар муассисаи таълимии №56-и деҳаи Гулханӣ таҳсил мекунанд.

Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №108-и деҳаи Қалайчаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт аз 1 бино иборат буда, дар натиҷаи заминларза истифодаи минбаъдаи он ғайриимкон мебошад. Дар муассисаи мазкур 29 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1 нафар омӯзгор фаъолият менамояд. Бинои муассиса аз 2 синфхонаи хурд ва 1 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Бо мақсади фа­роҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ сохтмони бинои нави муассиса иборат аз 4 синфхона бо дарназардошти шу­мораи хонандагон бо ду ҳуҷ­раи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Кули калони ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи заминларза зарар дида, тибқи хулосаи комиссияи ҳукуматӣ таъмирталаб гашта, зарурати таҷдиду барқарорсозии он пеш омаааст. Бинои муассиса соли 2010 сохта шуда, дар он 165 хонанда таҳсил доранд, ки ба онҳо 12 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Бино аз 5 синфхона ва ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Айни замон бинобар сабаби ҳолати бавуқуъомада 35 нафар хонандаи он дар муассисаи таълимии №22 ва 130 нафар дар муассисаи таълимии №42-и ҳамин ҷамоат ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии №16-и ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи заминларза зарар дида, ин муассиса низ тибқи хулосаи комиссияи ҳукуматӣ пурра садамавӣ ва истифодаи минбаъдаи он ғайриимкон гаштааст. Дар муассисаи мазкур 14 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1 нафар омӯзгор ба онҳо дарс медиҳад. Бинои муассиса аз 3 синфхона ва 1 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Айни замон, бинобар сабаби ҳолати бавуқуъомада, хонандагон дар хаймаҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бояд қайд кард, ки айни замон эҳтимоли кӯчонидани аҳолии деҳа мавҷуд буда, дар ҳолати муайян гаштани масъалаи мазкур ҷиҳати сохтмони бинои муассисаи таълимӣ чораҷӯӣ мешавад.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати маориф ва илми кишвар, бо вуҷуди вазъи ҷойдошта айни замон хонандагони ноҳияҳои зарардида ба пуррагӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Тавре зимни суҳбат муовини вазири маориф ва илм Б. Музаффарзода иттилоъ дод, ҷиҳати пурра бартараф намудани оқи­бати заминларза ва фароҳам овардани шароити таҳсил барои хонандагони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод вазорат бо шарикони рушд ҷиҳати расонидани кумакҳои молиявӣ барои таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ вохӯрию мулоқоти судмандро анҷом дод. Вазорати маориф ва илм тасмим дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ то оғози соли нави таҳсил бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои аз заминларза зарардидаро ба анҷом расонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани оқибатҳои заминларзаи 13-уми апрел ва дастгирии аҳолии зарар­дида тадбирҳои судманди саривақтӣ андешиданд. Аз ин ҷост, ки раванди ободкориву бунёдкориҳо ҳам дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки дар натиҷаи заминларза зарар диданд, бомаром идома дорад.

«Омӯзгор»