Иттиҳодияи методии фаннӣ бахши касбии омӯзгорон буда, бо мақсади дастгирии методӣ барои рушди касбӣ ва шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва худшиносии онҳо, инчунин, ҷиҳати беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар муассиса ва дигар масъалаҳои дохилимактабӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчун як воҳиди сохторӣ ва методӣ буда, фаъолияти таълимӣ, лоиҳакашӣ, методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсиониро ташкил намуда, аз тарафи маъмурияти муассиса ва мушовирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо назорат карда мешавад.
Дуруст роҳандозӣ намудани шароити кори иттиҳодияи методӣ ташкили таъминоти методиро дар назар дорад, то ҳар як омӯзгор имконият дошта бошад, ки вазифаҳои асосии касби худро нишон дода, ҳамчунин, талаботи педагогиро қонеъ гардонад. Самаранокии фаъолияти иттиҳодияи методӣ ба омилҳои сохторӣ ва фаъолкунанда асос ёфтааст. Мақсади иттиҳодияҳои методӣ баланд бардоштани сифати таҳсилоти хонандагон дар муассиса буда, самаранокии раванди таълим дар рафти ҷустуҷӯи коллективӣ, таҳқиқ ва ҷорӣ намудани беҳтарин шаклҳои фаъолияти омӯзгорӣ, муоширати касбӣ, таҳияи усулҳои умумӣ, талабот, қоидаҳои баҳодиҳии натиҷаҳои таълими хонандагон ва фаъолияти касбии омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Самти фаъолияти иттиҳодияҳои методиро дар муассисаи таълимӣ оинномаи муассиса, низомномаи шурои методӣ ва низомномаи иттиҳодияи методии фаннӣ ба танзим медарорад.
Дар банди 1.1.-и «Низомномаи иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2013, №18/28 тасдиқ шудааст, чунин омадааст: «Иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ ҷузъи сохтории шурои методии муассисаи таълимӣ буда, бо мавҷуд будани на камтар аз се омӯзгори як фанни таълимӣ ва ё ихтисосҳои ба ҳам наздик ташкил карда мешавад».
Бо дарназдошти талаботи низомномаи иттиҳодияи методӣ пешниҳод менамоем, ки иттиҳодияи методӣ вобаста ба гурӯҳи фанҳо таъсис дода шавад. Масалан, иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ ва иттиҳодияи методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ. Ин тарзи кор аз он ҷиҳат аҳаммиятнок аст, ки агар дар як иттиҳодияи методӣ 3 нафар омӯзгор, яке аз онҳо роҳбари иттиҳодия ва 2 нафари дигар омӯзгори ҷавон бошанд, дар иттиҳодияи методӣ таҷрибаи бойи кӣ ё аз кадом усулҳои фаъоли таълим ҳангоми дарс истифода бурданро меомӯзанд. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи фанҳо таъсис додани иттиҳодияи методӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Роҳбари иттиҳодияи методӣ шахсест, ки барои роҳнамоӣ ва расондани кумак ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва роҳнамоии усулҳо, равишҳо, ё технологияҳои гуногуни педагогӣ ба омӯзгорон дар муассисаи таълимӣ масъул аст. Вазифаҳои ӯ аз ҳамгироии равандҳои гуногуни корӣ ва таъмини пайвастагии онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ иборат аст. Роҳбари иттиҳодияи методиро директори муассиса мувофиқи оинномаи муассиса ва қарори шурои педагогии муассиса ба вазифа таъйин мекунад. Ба вазифаи роҳбари иттиҳодияи методӣ омӯзгоре интихоб мешавад, ки таҷрибаи зиёди педагогӣ ва маҳорати хуби касбӣ дошта бошад ва корро аз рӯйи нақша пеш бурда, инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон саҳм гузошта тавонад. Фаъолияти иттиҳодияи методии омӯзгорон, пеш аз ҳама, ба масъалаи ёрии методии омӯзгорон нигаронида шудааст. Омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон самти дигари фаъолияти иттиҳодияҳои методии омӯзгорон мебошад.
Дар ҷаласаҳои иттиҳодияи методӣ масъалаҳои муҳимми таълимӣ, илмӣ, методӣ гузошта мешаванд. Инчунин, баррасии дастурҳои методии оид ба таҳлили равишҳои таълимӣ, худомӯзии касбии омӯзгорон, сафарбар намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус, омӯзиши технологияҳои муосир, таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон барои рушди маҳорати касбӣ, кори эҷодии омӯзгорон, натиҷаи фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, омодагӣ ба озмунҳои сатҳҳои гуногун ва монанди инҳо мавриди таҳлил қарор дода мешаванд.
Яке аз воситаҳои асосии ёрии ба омӯзгороне, ки шомили иттиҳодияҳои методӣ мебошанд, таъсиси гӯшаи иттиҳодияи методӣ дар мактаб мебошад. Онро дар баъзе муассисаҳои таълимӣ «Ёрӣ ба омӯзгорони ҷавон», «Гӯшаи иттиҳодияи методӣ», «Иттиҳодияи методии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик» (вобаста ва фанҳои таълимӣ номи гӯша иваз мешавад) ном мебаранд. Дар гӯшаи иттиҳодияи методӣ намунаи нақшаи тақвимӣ-мавзуӣ, намунаи нақшаи яксоатаи дарсӣ, дастурҳои таълимии тахассусӣ, нақшаи худомӯзӣ, тавсияҳои методӣ ва номгӯи чорабиниҳои иттиҳодияи методӣ гузошта мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбари иттиҳодияи методӣ бо пешниҳоди махсуси худ вобаста намудани омӯзгорони ҷавонро ба омӯзгорони собиқадор пешниҳод ва бо фармоиши директори муассиса ба тасвиб мерасонад. Омӯзгорони ҷавон пайваста зери роҳнамоӣ ва дастгирии омӯзгорони собиқадор қарор мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшаи баргузории курсу семинарҳои махсус, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва барои иҷро пешниҳод гардидааст, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он курси такмили ихтисоси роҳбарони иттиҳодияи методӣ ва роҳбарони иттиҳодияи методии роҳбарони синф ташкил ва гузаронда мешавад. Омӯзгорон дар 3 сол як маротиба аз курси такмили ихтисос мегузаранд ва то давраи фиристоданашон ба курси такмили ихтисос мушкилот ва методикаи омӯзиши баъзе аз мавзуъҳоро дар ҷамъомадҳои иттиҳодияи методӣ баррасӣ мекунанд. Иттиҳодияи методӣ маркази доимамалкунандаи таълимӣ ва методии омӯзгорон буда, як самти муҳимми рушди маҳорати касбии омӯзгорон ба шумор меравад. Вобаста ба ин, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он то имрӯз курси такмили ихтисоси роҳбарони иттиҳодияи методии МТМУ, ташкил ва гузаронида мешавад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои асосии иттиҳодияи методӣ барои коллектив ва муассиса иҷро шудаву сатҳи ҳуҷҷатнигории онҳо тибқи талабот ба роҳ монда шудааст.
Самти дигари фаъолияти роҳбари иттиҳодияи методӣ ва омӯзгорон ба даромадан ба дарси омӯзгорон мебошад. Аз рӯйи талабот директори муассисаи таълимӣ 70 соат, ҷонишини директор оид ба корҳои таълим 170 соат муайян шудааст. Барои роҳбари иттиҳодияи методӣ миқдори соат ҷиҳати бадарсдароӣ муайян нест, аммо аз 50 то 70 соат дар давоми сол даромадан ба мақсад мувофиқ аст. Бадарсдароӣ бо мақсадҳои гуногун ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама, ислоҳи омӯзгор ва расондани ёрии методӣ ба ӯ мебошад. Бадарсдароии маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бояд дорои мақсадҳои муайян бошад, аз ҷумла, истифодаи дурусти дидактика ва методикаи таълими фан, яъне, алоқамандии назария ба амалия ва татбиқи он дар дарс, истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди дарс, истифодаи вақт, маводи таълимӣ, аёният, маводи тақсимотӣ-таълимӣ, корҳои хаттию амалӣ дар дарс, ҷалби хонандагон ба фаъолият дар дарсҳои амалии фаннӣ ва ғайра.
Ҳамчунин, истифодаи принсипҳо, усулҳо ва равишҳои умумипедагогӣ ва тахассусӣ дар мақсади дарс ба инобат гирифта мешаванд. Ташхиси дарси объекти омӯхташаванда вобаста ба самти омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ мушоҳида ва арзёбӣ карда мешавад. Варақаи таҳлил ва мушоҳидаи дарс мувофиқи навъи дарс, амалӣ, назариявӣ, намунавӣ ва ғайра ба нақша гирифта мешавад. Варақаи таҳлили дарс бояд бо фарогирии ҷанбаҳои педагогиву психологӣ, тахассусӣ, риояи дурусти вақт таҳия карда шавад. Зимни банақшагирии дарс бояд хусусиятҳои зерин ба инобат гирифта шаванд: меъёрҳои мақсадгузорӣ мувофиқ ба мавзуъ бошанд, интихоби усул ва усулҳои мувофиқ ба дарс, ташкил карда тавонистани фазои ҳамкорӣ дар дарс: истифодаи маводҳои дидактикӣ, истифодаи аёниятҳое, ки мустақилона ё ҳамроҳи шогирдон сохтааст; ҷалб карда тавонистани диққати хонандагон ба дарс; истифодаи воситаҳои гуногуни арзёбии дониш ва малакаи хонандагон; татбиқ карда тавонистани навовариҳои илмӣ-педагогӣ дар дарс, усули мухталифи бартарафнамоии монеаҳо; камбудиҳо, мушкилоту ихтилофот ва роҳҳои бартараф кардани онҳо ва ғайра.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи низомномаи иттиҳодияи методӣ ҷаласаҳои иттиҳодияи методӣ дар 2 моҳ як маротиба гузаронда мешаванд. Азбазки дар фаъолияти иттиҳодияи методӣ масъалаҳои муҳим барои ҳар як моҳ гузошта шудаанд ва муҳлати иҷрои онҳо вақти муайянро талаб мекунад, ҳар моҳ ҷаласаҳо гузаронда шуда, дар 2 моҳ ҷамъбаст карда мешаванд, ки ин беҳтар аст.
Шаҳбоз РУСТАМШОЗОДА,
директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб