Коррупсия яке аз монеаҳои асосии пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи волоияти қонун ва озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Мафҳуми «коррупсия» аз вожаи лотинӣ (Corruption) гирифта шуда, маънояш «вайрон кардан», «харида гирифтан» мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки мафҳуми «коррупсия» на танҳо ришвахӯрӣ, балки амалҳои дигар, аз қабили порадиҳӣ, туҳфаи гаронарзиш ба шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, тарафгирӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вазифаҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ (бештар дар заминаи афзалиятҳои аломатҳои хешутаборӣ ва ғайра) фаҳмида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид зикр намудаанд: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳурот, ба поён овардани шиддати он сафарбар намоем».
Воқеан, бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳадафҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин, баргузории назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад. Вобаста ба ин масъала, агентии мазкур баҳри татбиқ намудани вазифаҳои дарпешгузоштаи хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, аксар ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҷомеаамон рухдодаро ошкор намудааст.
Дар тӯли фаъолият аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои зиёд, ба монанди азхудкунии маблағҳои буҷетӣ, ошкор ва зарари ба буҷети давлат расондашуда барқарор карда шудааст.
Бояд гуфт, ки муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад. Беҳтарини василаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.
Бо ин мақсад, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати тақвият бахшидани мубориза бар зидди коррупсия бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Тавассути расонаҳои хабарӣ доир ба ин зуҳуроти нангину номатлуб мунтазам маводу матолиб пахш гардад.
Аксар онҳое, ки пора гирифтаанд, онро туҳфа маънидод карда, гӯё ҷинояте содир накарда бошанд, вале дар асл, байни пора ва ришва тафовути калонест ва инро содиркунандагони ҷиноят ҳам худашон хуб медонанд. Набояд фаромӯш кард, ки туҳфа нишонаи самимияту эҳтиром аст ва туҳфагиранда дар оянда бояд масъулиятро ҷиддан эҳсос намояд. Бинобар он, ҷомеа ва умуман, насли наврасро аз хурдӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, дарёфти луқмаи ҳалол, оштинопазирӣ ба коррупсия ва пешбурди тарзи ҳаёти солим тарбия намудан вазифаи ҳар як шахси бофазилату соҳибфарҳанг мебошад.
Яке аз амалҳои бисёр ҳам мақбули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани вохӯриву суҳбатҳо бо кормандони вазорату корхонаҳо ва идораву муассисаҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ омили асосии паст намудани сатҳи коррупсия мебошад. Ҳамин гуна мулоқоту вохӯриҳо чанд маротиба дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гардид, ки натиҷаҳои нек доданд.
Ҳар як корманди соҳаи маориф, аз ҷумла, омӯзгоронро лозим аст, ки барои маблағи андак худро назди шогирдону ҷомеа сархам нанамоянд. Дар дарсҳои тарбиявӣ баррасии мавзуъҳо доир ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ба мақсад мувофиқ аст. Дар синфҳои болоӣ, дар дарсҳои ҳуқуқ доир ба ин масъала низ мавзуъҳо пешкаш гардидааст. Омӯзгорон онро бояд ба шогирдон бо овардани мисолҳои воқеӣ фаҳмонанд. Хусусан, донистани моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Гирифтани пора» унвон дорад, дар асоси он онҳое ки ба ин ҷиноят даст мезананд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол ва моддаи 320-и ҳамин кодекс «Додани пора» бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар кардааст, муҳим мебошад.
Бояд гуфт, ки коррупсия ба сатҳу сифати таълим низ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардумамон эътибори ҷиддӣ диҳем, дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат зиндагӣ ва кору фаъолият карданро омӯзем ва риояи муқаррароти қонунро ба одати ҳатмӣ ва ҳаррӯзи худ табдил диҳем». Мувофиқи чунин андешаҳои омӯзанда мо метавонем дар бартараф намудани падидаи мазкур ҳиссаи муносиб гузорем.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»