Наврӯз ҳамчун оғози соли хуршедӣ ва баробар гардидани рӯз бо шаб, дорои рамзи эҳё ва тоза шудани табиат мебошад. Дар илми нуҷумшиносӣ низ ин навъ шукӯҳи бахши табиатро беҳтарин замон барои таҷдиди ҳаёт мешуморанд.
Яъне, дар эътидоли баҳорӣ тобиши Офтоб ба сатҳи Замин дар нимкураи шимолӣ бештар гардида, дараҷаи гармӣ тадриҷан боло меравад. Пас аз рӯзҳои тӯлонии сармо ва торикиҳои дарозтари зимистон, рӯшноӣ зиёд шуда, растаниҳо ҷавлона мезананд, ҳаво гармтар мешавад ва обу ҳаво барои фаъолияти нави зистӣ мувофиқ мегардад. Аз дидгоҳи илми нуҷумшиносӣ, ин ҳама натиҷаи дақиқи ҷараёни гардиши Замин дар мадораш ва пайвастагии муназзами «ҳамкорӣ»-и Замин ва Офтоб аст.
Дар маросими Наврӯз аз нигоҳи аҷдоди мо, ҳангоми гузаштан аз зимистон ба баҳор, табиат на танҳо дар шакли зоҳирӣ, балки дар умқи маънавӣ низ нав мешавад. Нуҷумшиносон, ки муносибати зичи байни ҳаракати Замин ва падидаҳои табиатро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд, бозгӯйӣ мекунанд, ки ҳар як тағйирот дар сатҳи обу ҳаво ва дарозии рӯз омили куллии физикӣ ва кайҳонӣ дорад. Ҷашни Наврӯз, ки дар рӯзи баробар шудани шабу рӯз баргузор мегардад, гувоҳ аст бар он, ки ниёгони мо аз қадимулайём ба риштаҳои нозуки илмӣ пай бурда, вақти мувофиқи оғози соли навро меҳвари поён додани фасли сармо ва шуруи гармии баҳорӣ интихоб намудаанд. Дар рӯзҳои наздик ба эътидоли баҳорӣ, нуҷумшиносон вақти дақиқи гузаштани Офтобро аз хатти экватор ҳисоб мекунанд ва ҳамин лаҳза бар асоси тақвими хуршедӣ оғози Наврӯз дониста мешавад.
Дар гузаштаи дуру дароз, пеш аз он ки воситаҳои технологӣ, аз ҷумла, телескоп ва дигар усулҳои муосири мушоҳидавӣ арзи вуҷуд кунанд, ниёгонамон бо мушоҳидаи дақиқ ва ченкуниҳои саҳеҳ ба эътидоли баҳорӣ даст ёфта буданд. Минбаъд ин нукта дар арзишҳои маънавӣ ва расму анъанаҳо ҷойгоҳ пайдо кард. Чун тирамоҳ баробаршавии дигари шабу рӯзро дар пай дорад, аммо он оғозгари сардиҳо ва хазонрезӣ мебошад, аҷдодонамон баҳорро чун эҳёи зиндагӣ ва шодиву бузургдошти рӯшноӣ пазируфтаанд. Ҳамин тариқ, дар сарчашмаҳои гуногуни фарҳангӣ Наврӯзро рамзи табиат, зиндагӣ ва ободӣ маънидод мекунанд. Илми муосир ин ақидаро пурра тасдиқ намуда, паҳлуҳои мухталифи он, аз ҷумла, омилҳои кайҳониро, ки сабабгори гармшавӣ ва нашъунамои набототанд, шарҳ медиҳад.
Имрӯз ҳам, бо он ки навгониҳои илмӣ ва технологӣ ба ҳаёти мо ворид шудаанд, омили асосии ҷашни Наврӯз ҳамон эътидоли баҳорӣ мемонад. Моҳвораҳо, телескопҳо ва шумораи зиёди асбобҳои нуҷумшиносӣ ҳаргиз арзиши рамзии ин рӯйдоди табииву кайҳониро коста накардаанд. Баръакс, инсони муосир имрӯз бо дарназардошти натиҷаҳои илмӣ муътақидтар шудааст, ки вуҷуди ин падида дар гардиши Замин давоми як соли пурра, асоси даврият ва тартибу низоми мавсимҳо мебошад. Бинобар ҳамин, ҳар сол дар остонаи 20-21 март, соатҳои мушаххасе вуҷуд доранд, ки олимони нуҷумшинос «лаҳзаи фарорасии эътидоли баҳорӣ» номида, маҳз ҳамон дамро оғози Наврӯз мешуморанд.
Чаро Наврӯз ҳамасола дар рӯзҳои гуногун фаро мерасад?
Сабаби тағйир ёфтани санаи Наврӯз дар тақвимҳои гуногун ба ҳисоби дақиқи ҳаракати Замин дар мадораш вобаста аст. Як даври пурраи Замин атрофи Офтоб 365,2422 рӯз давом мекунад, ки аз 365 рӯзи тақвими суннатии мелодӣ андаке фарқ мекунад. Барои ислоҳ кардани ин ихтилоф, ҳар чаҳор сол як соли кабиса (366 рӯз) дар назар гирифта мешавад, ки боиси тағйирёбии санаи дақиқи Наврӯз мегардад.
Ҳамин тавр, аз нигоҳи илми нуҷумшиносӣ, Наврӯз танҳо як ҷашни куҳан ё як бозмондаи расму анъана нест, балки таҷассумгари кори дақиқи падидаҳои кайҳонӣ, аз ҷумла, майли меҳвари Замин ва мавқеи Офтоб дар бурҷи Ҳамал мебошад. Шинохти ин робитаи амиқи Замин бо ҷирми зиндагибахше чун Офтоб на танҳо дар такмили фаҳмиши мо оид ба мабдаъ ва моҳияти ин ҷашн кумак мекунад, балки нишонаи азалии пайванди инсон бо кайҳон низ ҳаст. Наврӯз ҳамчун рамзи оғози зиндагӣ, фаровонӣ ва эҳёи солимӣ, як ҷузъи муҳимми маънавиёт, фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардуми ориёнажод буда, имрӯз низ бо ифтихор дар саросари олам таҷлил мегардад. Дар пасманзари донишҳои нуҷумшиносӣ, шукӯҳу ҷаззобияти он боз ҳам возеҳтар шуда, арзиши баланди инсонмеҳвариву табиатмеҳвариашро таъкид менамояд.
Шамс ҚУРБОНОВ,
омӯзгори физикаи кафедраи фанҳои табиӣ-риёзии Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров