Маълум аст, ки истиқлоли сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто, об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад. Махсусан, дар ҷаҳони имрӯза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад.
Ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қатънома қабул намуд. Дар лоиҳаи қатъномаи мазкур иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.
Ин гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байналмилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мисоли инро мо метавонем дар татбиқи барномаҳои зикрёфта мушоҳида намоем, ки аз онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик метавонанд манфиат дарёбанд. Бинобар ин, дар Қатъномаи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баён шудааст: «Татбиқи барномаҳои зикршуда ва имсола… барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд».
Зарурати қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро СММ ба он нигарониҳои умумибашарие асоснок менамояд, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд. Аз ҷумла, дар Қатънома зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад».
Дар баробари ин, «хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд».
Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро СММ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуд. Дар он барои дар амал татбиқ гаштани ҳадафҳои башардӯстона таҳия ва амалисозии як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки «расидан ба ин ҳадафҳо бояд аз ҳисоби мукаммалгардонии истеҳсолот ва паҳн кардани дониш, осон намудани дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави марбут ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои обӣ, амалисозии фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ташкили шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаъолияти субъектҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор вобаста ба захираҳои обӣ, бо назардошти ташаббусҳои мавҷуда, инчунин, таҳкими фаъолияти коммуникатсионӣ дар сатҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ таъмин гарданд».
Бояд гуфт, ки дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, ки дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ, таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё мусоидат намояд.
А. ХОЛМУРОДОВ,
мудири кафедраи биологияи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон