Ҳамаи мо, шаҳрвандони Тоҷикистони азиз, шоҳиди онем, ки ҳар як суханронии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навгонӣ, бо ибтикори тозае, бо ташаббусу пешниҳоде ва бо навиде иртиботманд аст. Ба шарофати ин ибтикороти созанда кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо боз ҳам пеш меравад, бештар ободу зебо мегардад. Дар заминаи ташаббусу пешниҳодҳои Сарвари ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди чеҳраҳои маъруфи миллат дар сатҳи баланд таҷлил карда шуданд, ба ифтихори санаҳои таърихӣ тадбирҳои судманду пуршукӯҳ амалӣ гардиданд, иншооти азим бунёд ёфтанд, муҳити моддию маънавии мамлакат хеле вусъат ва таҳким ёфт ва дар маҷмуъ, Истиқлоли давлатии кишвар боз ҳам устувор гашту обрую эътибори байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии ташаббускору осоишта ва рушдёбанда ба маротиб боло рафт.
Махсусан, Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат моломол аз далелу аркоми фараҳбахш ва дастуру ибтикороти навину раҳнамоянду ҳамагонро барои идомаи фаъолияти пурсамару бунёдкорона баҳри шукуфоии Ватан руҳу илҳоми тоза эҳдо мекунанд. Масалан, Паёми Пешвои миллат, ки 28 декабр соли 2023 ироа гардид, такони ҷиддие бахшид ба раванди созандагиҳо дар мамлакат ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон. Зимни ин Паём Сарвари кишвар даъват карданд, ки 30-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоқикистон дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои шоиста таҷлил шавад. Тавзеҳ бахшиданд, ки Конститутсия, ки он заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини давлати Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат, ҳамчунин, иброз доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия бо мо имкон дод, ки ғояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Вобаста ба ин нуктаҳои возеҳу ҳақиқатбунёд, Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод карданд, ки ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ — сиюмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шавад. Дар иртибот ба ин, 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» ба имзо расид. Ин тадбир гардиши куллӣ дар самти маърифатмандии аҳолӣ гардид.
Воқеан, Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳадафҳои хеле волою судманд дошт ва метавон гуфт, ки дар давоми соли сипаригашта аксар ҳадафҳояш амалӣ гаштанд. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9 марти соли 2024) Пешвои миллат бори дигар ба тадбири Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 руҷӯъ намуда, таъкид карданд, ки мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқии инсон мебошад. Сарвари кишвар боз ҳам ҳадафҳои аслии ин ибтикори муҳимро возеҳу саҳеҳ тавзеҳ бахшиданд: «Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самароноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуҳуқии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳадафҳои аслии Соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад».
Аслан, ҳадафҳои Соли маърифати ҳуқуқӣ танҳо бо як сол маҳдуд намешаванд. Ҳама сол, мунтазам бояд ҳуқуқ ва асноди ҳуқуқиро омӯхт.
Бояд ёдовар шуд, ки тоҷикон аз қадим ба маърифату маърифатмадӣ таваҷҷуҳи махсус доштанду соҳибмаърифат буданро аз муҳимтарин шартҳои ҳаёти шоиста эътироф мекарданд. Маърифат, ки ба маънии илму дониш аст мақому мартабаи шахсро ифода мекунад.
Шоири тавоно Анварии Абевардӣ бузургии Ибни Синои беназирро аз нури маърифат бархурдор будани ӯ медонад:
Дидаи ҷони Буалӣ Сино
Буда аз нури маърифат бино.
Маълум, ки ҳар қадар маърифати ҳуқуқии сокинони ҷумҳурӣ мукаммал бошад, ҳамон қадар зандагӣ ва фаъолияти онҳо бомарому пурсамар ва осоишта мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо, созмону идораю ташкилотҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд ва вусъат меёбанд. Ин ҳолат, яъне, фароҳам омадани пояи устувору қавии қонунгузорӣ рушди муназзаму пайвастаи тамоми соҳаҳоро таъмин менамояд ва барои комёбию пешрафти кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ шароити созгор фароҳам меоварад. Маълум, ки Тоҷикистон дар заминаи Конститутсияи кишвари маҳбубамон ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон шудааст. Дар ташаккулу такомули чунин ҷумҳурӣ — қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва маърифати ҳуқуқӣ нақши меҳварӣ доранд, зеро ҳама гуна муносибатҳо дар заминаи асноди ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ҷойи баҳс нест, ки дар маърифатмандии шогирдон ва аҳли ҷомеа кормандони соҳаи маориф нақши бориз доранд. Бояд аҳолии кишвар дорои маърифати ҳуқуқӣ бошанд. Зеро баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд, то қонунвайронкуниҳо пешгирӣ гардад ва волоияти қонун дар ҷомеа таъмин шавад.
Нуринисо АКРАМОВА,
устоди Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ