Саёҳат ба табиати маҳал

Тавассути саёҳат хонанда ҳама чизро дар табиат бо чашми худ мебинад, назарияро бо амалия мепайвандад, малакаю маҳорати худро баланд мебардорад. Мазмуни мавзуъҳои барномаи табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ як қатор корҳои амалӣ ва ташкилӣ, аз ҷумла, экскурсияҳоро фаро мегирад.

Ҳангоми баргузории саёҳат дар синфҳои 2,3,4 аз фанни табиатшиносӣ ба корҳои амалӣ диққати махсус додан зарур аст, зеро онҳо ба ташаккули малакаю маҳорати корҳои тадқиқотӣ мусоидат мекунанд. Ташкили саёҳат ба табиат эҳсоси муҳаббат ба табиатро ба вуҷуд оварда, мушоҳидакории хонандагонро тақвият мебахшад.

Саёҳат хонандагонро ба ҳодисаҳои табиат, гуногунии наботот ва ҳайвоноти маҳалли худ шинос мекунад. Бисёр мавзуъҳои табиатшиносӣ дар синфҳои ибтидоӣ, масалан, «Муайян кардани самт­ҳои уфуқ аз рӯйи Офтоб», «Маҳалли атрофи мактаб», «Сатҳи Замин», «Ҷарӣ», «Теппа», «Хок», «Кӯҳ», «Ҷангал», «Чашма» ва чанде дигарро бе ташкил кардани саёҳат азхуд кардани хонандагон амри маҳол аст. Асосан, ба шарофати саёҳат хонандагон доир ба мафҳумҳои номбаршуда тасаввуроти амиқ ҳосил мекунанд.

Саёҳат (дарс-саёҳат) шакли махсуси машғулияти таълимӣ буда, берун аз мактаб гузаронида мешавад. Онро дар саҳро, полез, боғ, ҷангал, осорхона ва дигар ҷойҳои таърихӣ гузарондан мумкин аст. Ҳар як саёҳат се марҳалаи муҳимро дар бар мегирад:

  1. Тайёри ба саёҳат.
  2. Рафти саёҳат.
  3. Истифодаи маводи саёҳат дар дарсҳои оянда.

Муаллим пешакӣ ба саёҳат тайёрӣ дида, вазифаҳои он, ҳаҷм, мавзеъ ва мазмуни маводи омӯхташавандаро муқаррар мекунад.

Дар вақти суҳбат вазифа ва мақсади саёҳат ба хонандагон фаҳмонда мешавад. Масалан, ҳангоми ташкили саёҳат ба боғ дар аввали фасли баҳор чунин супоришҳоро додан мумкин аст:

*Намуди боғ нисбат ба зимистон чӣ тавр тағйир ёфтааст?

*Дарахтони зардолу, шафтолу, нок, себ, тут ва ғайра дар фасли зимистон чӣ тавр тағйир ёфтаанд?

*Дарахти гулкардаро мушоҳида кунед, ки кадом ҳашарот рӯйи он нишастаанд?

*Ҳашарот кадом вазифаро иҷро мекунад?

*Дар боғ кадом парандаҳоро мебинед? ҳамроҳи муаллим номи онҳоро ёбед.

*Парандагони боғ дар куҷо лона месозанд?

Ҳангоми саёҳат хонандагон як қатор корҳоро иҷро карда метавонанд.

Аз ҷумла, кашидани расми муғҷаи барг ё гул, кашидани расми барг, тасвир намудани ягон дарахти боғ, кашидани расми парандаҳои боғ, тасвири табиати маҳал ва боғ…

Дарс-саёҳат хонандагонро дар руҳияи табиатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия мекунад. Чунин дарс ба рушди тафаккур ва инкишофи нутқи хаттиву шифоҳии хонандагон низ мусоидат мекунад.

Мироббег САФАРОВ,

омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №21-и ноҳияи Варзоб