Дар замони муосир қувваҳои Мусаллаҳ як ҷузъи ниҳоят муҳимми кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо дарки ин маънӣ, бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар шароити мушкил Артиши миллӣ таъсис дода шуд.
Бо талоши Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуд. Қувваҳои Мусаллаҳ аз сифр бунёд гардид.
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва бозёфти муҳимми даврони истиқлол ба шумор меравад. Боиси шукргузорист, ки аз оғози таъсисёбӣ ва марҳалаҳои баъдӣ артиш ташаккулу устувор гардид.
Ба таърихи тайнамудаи Артиши миллии кишвар назар афканем, маълум мегардад, ки саҳми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар арзишманд аст. Ин нукта дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад: «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.»
Бешак, имрӯз мо соҳиби артиши ташаккулёфтаву пурқудратем ва он сипари боэътимоди кишвар мебошад. Мусаллам аст, ки тамоми дастоварду пешравиҳои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба заҳмату талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат иртиботманд мебошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз ҷавонони кишвар ба қадри фазои сулҳу субот, ободкориву созандагиҳо, дар маҷмуъ, ба қадри истиқлол мерасанд.
Дарвоқеъ, хизмат ба Ватан мактаби ҷасорату мардонагӣ, рафоқату дӯстист. Бешубҳа, ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо менамоянд, неруманду ҷасур, далеру тавоно ва ватандӯсту хештаншинос мебошанд.
Анис ШАРИФЗОДА,
омӯзгори омодагии ибтидои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии МТМУ №20-и ба номи М. Олимови ноҳияи Айнӣ