Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар хеле ноором буд ва низомиёни касбӣ дар ҷумҳурӣ кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ шуруъ шуд.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Артиши миллӣ дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишваршаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ девори номуси миллат гардид. Аз рӯзи таъсисёбиаш то имрӯз, яъне, бо фаъолияти 32-солаи худ бо чӣ қадар шикасту рехт тавонист ба артиши тавоно ва қобили мубориза бо рақибони хеш табдил ёбад.
23-юми феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иди расмии давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Тавоноии ҳар як давлат ба доштани артишаш вобаста аст. Вазифаи ҳар як сарбози бонангу номус марзҳои Ватанро посбонӣ кардан аст.
Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад».
Албатта, хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба диёри маҳбуб аст. Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст.
Тоҷикистон бо сарбозони шуҷоъу сарбаландаш фахр мекунад.
Муҳаммадҷон ҲУСАЙНОВ,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиию риёзии Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ