КӮЛОБ: хобгоҳҳо ба талаби рӯз ҷавобгӯянд?

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Кӯлоб донишҷӯёни зиёде аз шаҳру навоҳии дурдаст таҳсил мекунанд. Дар баробари фароҳам сохтани шароити мусоиди таълим, онҳо бояд бо хобгоҳ ва ҷойи зист таъмин гарданд. Вазъи будубоши донишҷӯдухтарон дар хобгоҳҳо чӣ тавр аст? Барои посух ба ин суол мавзуъро пайгирӣ кардем.

ДДК: хобгоҳ бо гармидиҳии мутамарказ пайваст мебошад

Сарраввал ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омадем. Мувофиқи маълумоти масъулин, дар донишгоҳ 380 нафар донишҷӯ (аз ҷумла, тибқи квотаи Президентӣ 100 нафар, маъюб 3 нафар, нимятим 10 нафар) бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Бинои хобгоҳ аз 4 ошёна иборат буда, дар он 85 ҳуҷра мавҷуд аст. Дар оғози соли таҳсили ҷорӣ 8 адад асбоби хӯрокпазии замонавӣ (комфортка) харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд. Хобгоҳ дорои маркази алоҳидаи гармидиҳӣ буда, дар фасли зимистон тамоми ҳуҷраҳо бо гармӣ таъмин мебошанд. Тибқи нақшаи садорати донишгоҳ бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳи замонавӣ барои омӯзгорону донишҷӯён соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар Коллеҷи омӯзгорӣ

Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб чорошёна аст. Дар он 80 ҳуҷра мавҷуд аст, ки айни замон 206 нафар донишҷӯдухтар аз шаҳру навоҳии дурдаст бо ҷойи хоб таъмин мебошанд. Дар ҳар як ошёна ошхона, ҳаммом ва толори хониш ҷой гирифтааст. Ҳар як ошёна бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошад. Дар хобгоҳ ҳам аз тарафи маъмурият ва ҳам аз тарафи омӯзгорон навбатдорӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз тарафи омӯзгорон маҳфилу чорабиниҳо, мизҳои мудаввар ва шабнишиниҳои илмӣ доир карда мешаванд.

ДТМИК: сохтмони ҳобгоҳи нав

Рустам Шарифов, сардори раёсати тарбияи Донишкадаи теҳнология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, моро ба хобгоҳи донишкада роҳбаладӣ кард.

Хобгоҳ соли 2011 таъсис ёфтааст ва дорои як бино буда, аз 4 ошёнаи 32 ҳуҷрагӣ ва 128 ҷойи хоб иборат мебошад. Дар хобгоҳи донишҷӯён 125 нафар, аз ҷумла, 73 нафар духтар ва 53 нафар писар иқомат доранд. Ятимони кул ва маъюбон аз пардохти маблағ озоданд. Хобгоҳи донишҷӯён дорои майдончаи футболи хурд, маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона мебошад.

Бо мақсади бартараф кардани норасоии ҷойи хоб зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (5 октябри соли 2016) дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ барои 600 нафар дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшида шуд.

Коллеҷи тиббӣ: дар интизории бинои нав

Хобгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб аз 4 ошёна ва 131 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Айни замон дар хобгоҳ 340 нафар донишҷӯдухтар истиқомат мекунанд. Пеш аз оғози соли таҳсил хобгоҳ аз таъмир бароварда шуд. Хобгоҳ бо оби ошомиданӣ, ҳаммом, ошхона обгармкунакҳои барқӣ ва таҷҳизоти хӯрокпазӣ таъмин мебошад. Барои гармидиҳӣ дар ҳуҷраҳо аз печҳои барқӣ (радиатор) истифода мебаранд.

Дар шафати бинои хобгоҳи ҳозира сохтмони бинои нави хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад.

Мактаби Президентӣ: тадбирандешӣ барои шароити беҳтар

Тавре аз Муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, аксари хонандагон аз манотиқи дурдаст буда, бо хобгоҳ таъминанд. Айни ҳол дар хобгоҳ 480 хонанда аз шаҳру навоҳии дурдаст зиндагӣ мекунанд. Хобгоҳ аз се ошёна иборат буда, барои 620 кати хоб пешбинӣ гардидааст.

Дар воқеъ, баҳри истироҳату фароғати тарбиятгирандагон шароити зарурии зист фароҳам оварда шудааст.

Худододи ИСЛОМ,

«Омӯзгор»