Иқтисоди рақамӣ ва рушди он имрӯз дар ҷаҳон давраи наверо фаро мегирад, ки ба инкишофи техникаю технология алоқаманд мебошад. Яке аз моделҳои нави иқтисодӣ иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар шароити кунунӣ гузаштани тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимoию иқтиcoдии ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ ва технoлoгияҳoи муocири иттилooтию кoммуникатcиoнӣ саривақтӣ буда, ба пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад. Давоми чанд соли охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузошта метавонем.
Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28 декабри соли 2024) ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки бояд дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
- Такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
- То шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
- Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
- Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
- Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзани маълумот;
- Ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Инчунин, пешниҳод гардид, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад.
Бо ноил гардидан ба чунин ҳадафҳои созанда ва ба ин васила, рушд бахшидан ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҷиҳати амалигардонии самтҳои дар Паёми навбатӣ пешниҳодгардида ва рушди рақамикунонӣ моро зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозиро ҷорӣ намоем. Зеро ташкили технологияҳои рақамии ватанӣ имконоти нави рушди иқтисодиётро фароҳам оварда, боиси пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мегардад.
Ин аст, ки имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурдаро пеш гирифта, айни замон бо 122 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар давоми соли 2024 донишгоҳ шартномаи дутарафаи ҳамкориро бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи барномаҳои таълимӣ, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ, курсҳои такмили ихтисос, мубодилаи олимон, аспирантон, донишҷӯёну магистрон, таҳияи мавод ва лоиҳаҳои илмӣ, ба курси забономӯзи равон кардани донишҷӯён ва омӯзгорон ба имзо расонид, ки ин аз қабили донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Молдова мебошанд.
Рақамикунонии иқтисодиёт бо автоматикунонии амалиёти иқтисодӣ-молиявӣ ва истеҳсолот алоқамандии зич дошта, тавассути барномасозиҳои компютерӣ ва расонаҳои интернетӣ амалӣ карда шуда, имкон медиҳад, ки арзиши аслии молу маҳсулот паст ва мониторингҳои арзёбии сатҳ ва сифати онҳо гузаронида шаванд. Инчунин, самаранокии онҳо таъмин ва таҳлилу муқоисаҳои саривақтӣ ва хулосаю натиҷагириҳо пешниҳод карда шаванд.
Такя ба дoнишҳoи нав ва азхуд кардани технoлoгияҳои муocир, рушд дoдани хизматраcoнии интернетӣ барoи рушди минбаъдаи фаъoлияти иқтиcoдии кишвар ва баланд бардoштани cифати аҳoлӣ заминаи уcтувoр мегузoрад.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, вобаста ба рушди инноватсия ба ҷавонони кишвар такя намуда, қайд намуданд: «….ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Ин аст, ки донишҷӯёни донишгоҳи мо ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди ихтирооти худ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Масалан, дар соли 2024 Соҳибназарзода Шамсиддин, донишҷӯи курси 3-юми факултети технология бо пешниҳоди ихтирооти худ бо номи «Мошинаи аэроамбифия» дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Рушди инноватсия имрӯз аз ҳар як нафар, бахусус, аз омӯзгорони мактабҳои оливу таҳсилоти умумӣ тақозо мекунад, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд ва аз технологияҳои инноватсионӣ самаранок истифода бурда, шогирдонро бо сохту таркиб ва истифодаи ин технологияҳо ошно созанд ва дар ихтироъкориву навоварӣ ба онҳо дасти кумак дароз намоянд.
Бобоҷон ҲАМИДОВ,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ