Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хоса, русиву англисӣ тақозои замон мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки методикаи таълими забонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ нисбатан куҳна шудааст, он ба раванди зиндагӣ, шароити иҷтимоӣ ва талаби замон чандон мувофиқ нест. Барои мисол, талаба дар мактаби миёна 9 сол ва дар мактаби олӣ 2 сол дарси забони англисӣ меомӯзад, аммо ба истиснои азхуд кардани чанд калимаву ибора озодона гуфтугӯ карда наметавонад. Акси ин ҳол, дар марказҳои забономӯзии ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ тӯли 6 моҳи таҳсил хонанда дар сатҳи кофӣ ин ё он забони хориҷиро аз худ мекунад. Зеро дар ин марказҳо усули таълим дигар аст, омӯзгорони ботаҷриба машғулият мегузаронанд, аз методҳои интерактивӣ самаранок истифода мебаранд. Дар макотиби олӣ забономӯзиро, асосан, аз нав оғоз мекунанд, ки ин завқи донишҷӯи забондонро мекоҳонад. Зарур аст, ки имрӯз тарзи таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисиро дар макотиби таҳсилоти миёнаву олӣ тағйир диҳем, омӯзгорони ботаҷрибаро ҷалб намоем, аз методу усулҳои нави замонавӣ, таҷҳизот, васоити техникӣ сабтҳои овозиву намоишӣ моҳирона ва самаранок истифода барем. Дар синфҳои поёнӣ ба ҷойи омӯзиши имло бояд бештар ба тарзи муоширати хонандагон эътибор диҳем, зеро дар ин синну сол наврас қобилияти дарки қоидаҳои забонро надорад. Дар муассисаҳои таълимӣ ҳар чи бештар гузарондани «Ҳафтаи забонҳо» ба манфиати кор аст.
Яке аз роҳҳои таъсиррасонӣ ба омӯзиши забони хориҷӣ ва баланд бардоштани маърифати забондонии наврасону ҷавонон бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, васоити ахбори омма, адабиёти бадеӣ фароҳам оварадани шароити мусоид мебошад. Мутахассисони соҳа, адибон, журналистон ва публитсистонро мебояд ба ин масъала аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, оид ба забономӯзӣ асару маводи тарбиявию таблиғотӣ омода кунанд. Шояд тасвири муваффақиятҳои «қаҳрамони забондон» ва нокомиҳои персонажи бепарво дар бедории майли забономӯзии хонандагон ва дучанд гардидани завқашон низ мусоидат кунад.
Дар сайтҳои иҷтимоии шабакаҳои интернет, бахусус, ба воситаи телевизионҳои «Сафина» ва «Баҳористон» пахш шудани дарсҳои забономӯзӣ падидаи тоза аст. Ин амал боиси дастгирӣ бояд бошад, зеро чунин барномаҳо ёрирасони беминнати мо – омӯзгорони забонҳои хориҷиянд.
Забони англисӣ яке аз паҳнгаштатарин забонҳои рӯйи дунё ба ҳисоб меравад, ки бо он 337 миллион одам ҳамчун забони модарӣ ва 350 миллион ҳамчун забони дувум ҳарф мезананд.
Омӯзиши забони англисӣ дар вазъияти имрӯзаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ рӯз то рӯз зарурати бештар пайдо намуда истодааст. Ҳамчунин, кишвари мо бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва дипломатӣ дорад ва ин робитаҳо тақозо менамояд, ки мо-омӯзгорон барои омӯзиши забони хориҷӣ ба хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ҳар чи бештар ва беҳтар усули фаъоли таълимро ба роҳ монем. Агар дар рафти дарс шавқи хонандаро ба забономӯзӣ бедор карда тавонем, ӯ ба худомӯзӣ майл пайдо карда, мустақил мешавад. Ҳамин тариқ, омӯзгор ҳамчун як шахси роҳнамо ва ёрирасон барои хонанда дар раванди омӯзиши забони хориҷӣ нақши бориз гузошта метавонад.
Дилшодаи ДАВЛАТШО,
омӯзгори забони англисии МТМУ №63-и ноҳияи Шоҳмансур