Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Тоҷикон ҳамчун халқи хирадпарвару маърифатгустар табиатан майлу рағбат ва эътиқоди самимӣ ба илму дониш дошта, омӯзиши пайвастаро меписанданду талқин менамоянд. Сардафтари адабиёти тоҷик устод Рӯдакӣ донишро «андар дил чароғи равшан» ва «бар тан ҷавшан» донистаасту таъкид ба он бинмудааст, ки волотарин фазилати одамӣ илм омӯхтану соҳиби маънавиёт будан аст. Абушакури Балхӣ, ки дар қатори шоирони барҷаставу тавонманди тоҷик қарор дорад, таъкид карда аст:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.

Маҳз ба шарофат ва баракати илму дониш инсон дар ҷомеа мавқеи шоистаеро дармеёбад, ба камолот мерасад, ба кашфиёти навин комёб мешавад ва ба фатҳи қуллаҳои мурод мушарраф мегардад. Илм қудратафзо ва нишотбахши башарият ва заминагузори музаффариятҳост.

Дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби омӯзиши пайвастаи илм мавқеи меҳварӣ дорад.

Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат маориф ва илмро аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ҳисобида, танҳо дар соли 2024 ду маротиба бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот ороста, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуданд ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ин ҷост, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ба илму илмомӯзӣ арҷгузор асту дар ин росто, пайваста тадбирҳои муассиру ҳадафгир андешида мешаванд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) Пешвои миллат бо ҳадафи таҳкими омӯзиши илм­ҳои дақиқ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (аз 26.01.2021) Президенти ҷумҳурӣ боз як иқдоми наҷиб нишон дода, дастур доданд, ки минбаъд дар мамлакат озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» ҳамасола баргузор карда шавад. Сарвари кишвар ҳадаф аз ин озмунро «боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон» унвон намуданд. Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» тафаккури илмию техникии аҳли ҷомеаро густариш мебахшад ва ба тавсеаи навовариву ихтироъкорӣ, робитаи босамари илм бо истеҳсолот, кашфи истеъдодҳову омӯзиши васеи фанҳои дақиқ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат мекунад.

Тоҷикистон ва фардои шукуфои онро наметавон бидуни рушд бахшидани технологияҳои навин ва таҳкими фанҳои дақиқ тасаввур намуд. Ин масъалаи муҳим ба иқтидору тавонмандии давлат, амнияти миллат ва такмили батадриҷи некуаҳволии аҳли ҷомеа ҳамбастагӣ дорад. Вобаста ба ин нукоти зикршуда, озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аҳамияти боз ҳам барҷастатаре пайдо карда, он марҳилаи тозаеро дар кишвари мо дар ҷодаи омӯзишу арҷгузории илм боз кардааст. Илм, ба таъкиди ниёгони барӯмандамон, «қуфлкушои ҳама дарҳост» ва он калиди дари саодатмандиҳоро ба дасти одамон медиҳаду ба комёбиҳояшон замина мегузорад.

Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои миллат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута дар муддати ду моҳ муваззаф гардиданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Масъалаи дигаре, ки Президенти мамлакат дар Паёми охирашон ба он дахл карданд, «таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълим, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон мебошад».

Такмилу таҳрири стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълим ба омӯзиши ҳаматарафа ва саводомӯзии хонандагон мусоидат карда, рушди ҷаҳони фикриву қобилияти зеҳнии онҳоро такмил мебахшад. Зеро ҳақиқати илмӣ зимни таҷриба дар ҳаёти инсон собит мегардад.

Ба воситаи илм равандҳои ҷаҳони муосир, ҳодисаҳои табиат, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, характер (маниш) ва арзишҳои миллии ҳар як халқу миллат омӯхта мешавад.

С. Тӯронов,
сармутахассиси шуъбаи фанҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ