Дар марҳилаи нави рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим буда, рӯ овардан ба илмомӯзӣ, хусусан, ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами қавӣ ва боэътимод мебошад. Зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод, бе омӯзонидани донишҳои замони муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияи замонавӣ дар ҷаҳони муосир ҳеҷ як ҷомеа наметавонад ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуда, рушди минбаъдаи сармояи инсониро таъмин намояд. Асри 21 асри илм ва технология буда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ танҳо мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат ва соҳибкасб метавонанд дар пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллии ҳар як давлат саҳми бориз дошта бошанд.
Тамоми дастовардҳои инсоният маҳсули омӯзиши амиқи қонуниятҳои табиат буда, нақши илмҳои табиатшиносӣ дар рушди ҷаҳони муосир мавқеи калидӣ дорад.
Воқеан, дар ҷаҳони муосир, ки дар он инқилоби бузурги илмию техникӣ ҷараён дорад, дур мондан аз омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзию техникӣ кишвар ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноил шуда наметавонад. Ояндаи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз он, ки мо чӣ гуна метавонем дар камтарин фурсат ба фазои илми ҷаҳонӣ ворид шуда, дастовардҳои илмро дар истеҳсолоти миллӣ мақсаднок истифода барем, робитаи ногусастанӣ дорад.
Омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмҳои мазкур боиси рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлат гардида, ҳамзамон, пешрафти ин илмҳо муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд. Омӯзиши қонунияту равандҳо ва ҳодисаҳои илмҳои техникӣ барои ба даст овардан ва ё истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, эҷод намудани дастгоҳҳову таҷҳизоти замонавӣ нақши бузург доранд. Омӯзиши илмҳои табиӣ маҷмуи донишро доир ба хусусиятҳо ва таъсири байниҳамдигарии шохаи дигар фанҳо, таъсири онҳо ба ҷамъият дар арсаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва муҳити зист таъмин месозанд.
Пешравиҳои илмӣ-техникӣ дар баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот ва беҳтар намудани шароити зисти одамон муҳим аст. Маҳз бо рушду омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ метавон пешрафти босуботи иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин намуд.
Аз ин лиҳоз, барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли наврас ва дарёфти истеъдодҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ моро мебояд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсил, аз кӯдакистон то макотиби олӣ воситаҳои муосири тарғиб ва шавқманд гардонидани насли наврасро ба роҳ монем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ба масъалаҳои саноатикунонӣ, истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт диққати махсус дода, ба ин васила, сатҳи зиндагии аҳолиро зина ба зина баланд мебардорад.
Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дастури саривақтӣ буда, бо амалӣ гардидани он метавон дар сарнавишти таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи заррини рушди илмҳои муосирро боз намуд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият ва суръат бахшидан, инчунин, дарёфти чеҳраҳои нави илм, олимони эҷодкор, ихтироъкорон, навоварон дар партави барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро эълон намуданд. Мақсади асосии озмуни зикршуда, пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ, ба монанди математика, информатика, кимиё, биология, физика, география ва ихтироъкориву навоварӣ мебошад, ки метавон ба ин роҳ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба самти илму маърифат равона кард. Ба ин васила, илму маорифи кишвар такомулу таҳаввул ёфта, сатҳу сифат ва касбияти мутахассисон баланд мегардад. Заминаи донишҳои замонавӣ амиқ ва мустаҳкам гардида, дар ин замина, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ низ ташаккул меёбад.
Дар робита ба ин, муассисаҳои соҳаи маориф ва илм ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Чунин дастгириву ғамхориҳо ва ҳавасмандсозиҳо донишҷӯёну донишмандон ва дигар толибони илмро водор месозад, ки баҳри пешрафту шукуфоии соҳаи маорифу илми миллӣ нақши босазои худро гузоранд.
Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит баҳри афзун намудани донишу неруи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.
Дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040», Вазорати маориф ва илм тақсимоти соатҳои таълимиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҷдиди назар намуда, ба мақсади ба синфҳои таълими равия ҷудо намудани хонандагон, ба амал баровардани дифференсиатсияи тахассусӣ (тафриқа, яъне, гурӯҳбандии фанҳо аз рӯйи равия) ва фардикунонии таълим, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайқал додани малакаю истеъдод, азхуд кардани дониш аз рӯйи равияи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва технологӣ, ташаккули афкори шахсии хонанда, ҷаҳонбинӣ ва назари ӯ ба ҷомеа, фаъолгардонии мустақилияти хонандагон ва татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» таълими равиявиро аз синфи 7 пешниҳод намуд, ки он имрӯз мавриди амал қарор дорад.
Стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар синфҳои ибтидоии таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4) ва стандарт ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии соҳаи STEM (фанҳои математика, физика, химия ва биология)-ро таҳия карда истодааст.
Беҳтар гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ташкил кардани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои фанҳои математика, физика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ, касбу ҳунар ва география вобастагӣ дорад. Зеро бе таҳкими заминаҳои моддӣ-техникии кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагонро ба таври самаранок ташкил кардан ғайриимкон аст.
Ба хотири ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ будани он, зарурати таҳия ва қабули барномаву стратегияҳо пайдо гардид, ки яке аз онҳо «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025» ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии қабули барномаи мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо истифода аз асбобҳои аёнӣ, иҷрои амалии корҳои озмоишӣ, ки бо мақсади мустаҳкамкунии дарс ба роҳ монда мешавад, инчунин, ташкил ва гузаронидани тадқиқоти фардӣ ва гурӯҳӣ, ҳосил кардани иттилоот оид ба дастовардҳои илмӣ ва техникии замони муосир, маълумоти муосир оид ба фанҳои зикршуда маҳсуб меёбад.
Донистан ва пешниҳод намудани маълумоти фарогир оид ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҳадафҳои дигари «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад. Амалӣ гардидани барнома ба тараққиёту пешрафти илму техника мусоидат менамояд.
Ҳамаи ин иқдомҳо ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ихтироъкорию кашфиёт ва рушди устувори иқтисоди миллӣ шароит фароҳам меоварад.
Тавре иттилоъ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат ва аз давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани он, солҳои 2021-2026-ро «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ бояд, пеш аз ҳама, мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаро омода созем, ки яке аз мақсадҳои эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» низ дар ҳамин мебошад.
Шавкат КАРИМЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм