Худогоҳу ватанпарвар бошем

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024) тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан рушду пешрафт мекунад ва дараҷаи некуаҳволии мардум беҳтар гардида, раванди бунёдкориҳо дар кишвар бомаром идома дорад. Имрӯз ба ҳар як гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, шоҳиди рушду пешрафт ва дигаргуниҳо дар ҳама соҳаҳои кишвар мешавем. Мардум бо дасту дили гарм барои пешрафти Ватани азизамон заҳмат мекашанд. Бо эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар бунёди корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта, ҳамасола даҳҳо корхонаи нав сохта, ба истифода дода мешавад. Ба ин маънӣ, дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, ки «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст».

Дар баробари ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш ёфта, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳофар шинохта шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид хуш пазируфта шуданд ва ҳамасола пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе мизбони чандин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ мегардад. Сарвари кишвар дар ин маврид дар Паём зикр карданд: «Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд».

Шоистаи таъкид аст, масъалаи асосие, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони варзида ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо ҷомеае ба пешрафту шукуфоӣ мерасад, ки наврасону ҷавонони он дорои ҷаҳонбинии пешрафта ва соҳибкасбу истеъдодманд бошанд. Аз ин ҷост, ки дар кишвар ба бунёди муассисаҳои таълимӣ диққати асосӣ дода мешавад ва ҳар сол муассисаҳои зиёди таълимии ба талаботи замон ҷавобгӯ бунёд мегарданд. Пешвои миллат дар ин маврид қайд карданд: «…то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам».

Аз ин рӯ, барои мо – омӯзгорон бояд Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи амал қарор гирад ва дар доираи он ҳамвора талош намоем, ки наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия ёфта, донишҳои муосирро фаро гиранд. Дар зимн, барои соҳибкасбу забондон ва ба камол расондани мутахассисони варзида ҳамвора талош намоем.

Лола Қурбонова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб-интернати шаҳри Бӯстон