Соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри пешрафти бомароми он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ин ҷост, ки фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он пайваста такмилу густариш ёфта, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд. Дар ин замина, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2023) таъсис дода шуд, ки қадами устувор дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030 буда, иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таъмин мекунад. Маркази мазкур беш аз як сол мешавад, ки фаъолият дорад ва дар меҳвари он бунёди самараноки маориф, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ ва стандартҳои низоми таҳсилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ, низоми байналмилалии арзёбии сифат ва воридшавии Тоҷикистон ба Барномаи давлатӣ оид ба баҳодиҳии дастовардҳои таҳсилоти хонандагон ба ҳисоб меравад. Дар доираи фаъолияти худ марказ вазъи соҳаи маориф, зинаҳои таҳсил, ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф, сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаи маорифро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, роҳҳои самарабахши онро барои аҳли маориф пешниҳод менамояд. Дар зимн, дар ҷараёни таҳия, мувофиқа ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, нақшаҳои рушд ва кумакҳои техникии соҳаи маорифро ҳамоҳанг намуда, ба ин восита, ба вусъати ҳамкорию сармоягузориҳо ва таъмини заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.
Зимни суҳбат директори марказ Насимҷон Давлатзода қайд кард, ки Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли фаъолияташ таъмини иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатии соҳаро якҷоя бо раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, оид ба татбиқ намудани навгонию пешрафтҳои соҳаи маориф, гузаронидани мониторинг оид ба татбиқи лоиҳаҳо, мониторинг ва баҳодиҳии иҷрои стратегия дар соҳаи маориф ба анҷом расонидааст. Зимни таҳлил маълум гардид, ки фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ такмил ёфтааст ва имконоту шароит ҷиҳати омӯзиш ва фаро гирифтани донишҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, нақши Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030 ва Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 назаррас буда, дар таъмини иҷрои босифати сатратегия, барномаҳои давлатӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор хидмати арзанда анҷом медиҳад. Дар ин самт, марказ ҳамкориҳоро бо шарикону рушд вусъат бахшида, нуктаҳоеро, ки дар стратегия ва барномаҳои таълимӣ зикр гардидаанд, марҳала ба марҳала иҷро мекунад.
Шоистаи таъкид аст, ки самтҳои асосии фаъолияти марказ таъмини иҷрои корҳо вобаста ба таҳлили вазъи соҳаи маориф, таҳия, татбиқ, маблағгузорӣ ва ҳамоҳанг сохтани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, стратегия, барномаҳо ва нақшаҳои рушди соҳаи маориф, инчунин, ташкил ва баргузор намудани машваратҳои Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ ва шарикони рушд мебошад. Яке аз самтҳои тақвиятбахши фаъолияти марказ ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин самт пайваста бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Бонки Исломии Рушд, ЮНЕСКО ва дигар аъзои шарикони рушд вохӯриҳо баргузор намуда, сармоягузориҳои соҳаи маориф ва пешрафти бадастомадаро баррасӣ мекунанд. Аз ин рӯ, марказ дар давоми як сол фаъолияти бавусъат дошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо шарикони рушд, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, иҷрои бандҳои стратегия ва барномаҳои давлатӣ густариш бахшида шаванд. Дар ин самт Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) таъкид доштанд: «…бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».
Вобаста бо ҳамкориҳои байналмилалии марказ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи маориф Н. Давлатзода зикр намуд, ки дар ин самт дар давоми як сол марказ корҳои назаррасро ба сомон расонд. Таври мисол, аз чанд чорабинии сатҳи баланд, ки ба тақвияти фаъолияти вазорат мусоидат карданд, метавон ёдовар шуд. Аз ҷумла, Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳлили муштараки соҳаи маориф 27-28 феврали соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор намуд. Дар оғози конференсия вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар ин ҳамоиш ҳамаи самтҳои «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати амалишавии стратегияи мазкур Вазорати маориф ва илм ҳавасманд аст, ки бо ҷонибҳои гуногун ҳамкориҳоро тақвият бахшад.
Роҳбари Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен ва сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории ин ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар сатҳи хуб қарор дошта, дар оянда низ тақвият дода мешавад. Дар конференсияи мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ намудани таҳсилоти ба салоҳият асосёфта тибқи Созишномаи шарикии «КОМПАКТ» яке аз масоили меҳварӣ ба ҳисоб мерафт. Дар он тамоюлҳо ва дастовардҳои умумие, ки дар «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» пешбинӣ шудаанд, дар асоси ба итмом расонидани Нақшаи амали миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023 ва оғози Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 баррасӣ гардид. Пешниҳод намудани сохтори умумии кумаки техникӣ дар доираи Созишномаи шарикии «КОМПАКТ» ва СМРМ-2030, аз ҷумла, механизмҳои институтсионалӣ барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ оид ба дастгирии гузариш ба таҳсилоти фарогир, рақамӣ ва ба салоҳият асосёфта, ташаккул ва фаъол кардани гурӯҳҳои кории мавзуии СМРМ-2030, аз ҷумла, сифати таҳсилот, такмили касбияти омӯзгорон, низоми миллии арзёбии омӯзиш, механизми идоракунии ахбори маориф, дастрасӣ ба таҳсилот ва идоракунӣ, маблағгузории маориф дар меҳвар қарор гирифт. Дар зимн, татбиқи ислоҳоти таҳсилоти ба салоҳият асосёфта, аз ҷумла, бозбинии барномаи таълимӣ, рушди касбии омӯзгорон ва арзёбии миллии омӯзиш дар авлавият ҳисобида шуд.
Ҳамчунин, 4-6 июни соли 2024 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбари Шурои директорони Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф Ҷокая Киквете, вазири рушд ва ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, узви Парлумони Олмон Свенжа Шултс ва ҳайати Шурои директорони созмони мазкур, вазирони маорифи мамлакатҳои аъзо, намояндагони ташкилотҳои сармоягузорӣ, нозирон аз созмонҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибистиқлол бо тамоми мамлакатҳои дунё муносибати хайрхоҳона дошта, бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Дар ин раванд Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) яке аз созмонҳое мебошад, ки дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурда дорад. Дар ин ҳамоиш як қатор ташаббусҳо мавриди омӯзишу мубодилаи тарафайн қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи маорифи кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Боиси ифтихор аст, ки моҳи июни соли 2025 ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Инчунин, 2 июли соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» баргузор шуд. Дар он вазири маориф ва илм қайд намуд, ки мақсади асосии ин стратегия бунёди низоми самараноки соҳаи маориф, ки имконоти инклюзивӣ ва баробар, инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ (интеллектуалӣ), шуғли кор кардан ва беҳтар намудани некуаҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, маҳсуб мегардад. Стратегияи мазкур бо дарназардошти афзалиятҳои соҳаи маориф ва илм таҳия гардидааст. Дар он дастрасии таҳсилот ва иштирок дар ҷараёни таҳсилот, самаранокии дохилии соҳаи маориф, сифат ва муҳиммияти соҳаи маориф, таъмини принсипҳои баробарӣ дар соҳаи маориф ва илм, идоракунӣ ва маблағгузории буҷети соҳаи маориф баррасӣ шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ҷаласа системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илм — EMIS баррасӣ карда шуд. Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёд гардидани ҳаҷми иттилоот ва маълумоти оморие, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ ҷамъоварӣ, коркард ва мавриди таҳлил қарор дода шавад. Дар ин шароит барои соҳаи маориф истифодаи воситаю усулҳои муосири низоми иттилоотии махсусгардонидашудаи ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ииттилооти соҳавӣ, ки ба таври худкор фаъолият менамояд, яке аз масъалаҳои калидӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки дигар шарикони рушд, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ҳамкор низ дар рушди соҳаи маориф саҳми арзанда мегузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Мусаллам аст, ки яке аз бахшҳои умдаи фаъолияти марказ ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим алоқаманд мебошад. Ба ин маънӣ, директори марказ иброз дошт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли маориф маҳсуб меёбад. Дар ин самт, пайваста талош карда мешавад, ки бо такмил бахшидани заминаҳои моддию техникии мактабҳо ва касбияти омӯзгорон сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад ва низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад. Таҳлилу баррасиҳои марказ дар ин самт натиҷаҳои хубро ба бор овард.
Кормандони марказ ҳангоми таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маориф дар кишвар ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Бинобар ин, вусъат бахшидани соҳа ва талаботи ҷаҳони имрӯза аз мо тақозо мекунад, ки мутахассисони варзидаро тарбия намоем.
Шоистаи таъкид аст, ки фаъолияти марказ марҳала ба марҳала такмилу тақвият ёфта, ба пешрафти соҳа мусоидат намуда, дар баланд гардидани сатҳу сифати таълим нақши босазо хоҳад гузошт.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»