Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву бародарии халқҳои сокини кишвари мо мебошад. Парчами давлатии мо анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос менамояд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 15-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуда, 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардад ва ҳамасола ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда шавад.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Ба андешаи ғолиб, имрӯз ҳар нафаре, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар бояд ифтихор аз рамзҳои давлатии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Пайдоиши парчам таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Нахустин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Ҳоло истилоҳ ё худ, вожаи парчам дар шаклҳои гуногун истифода мешавад. Бояд донист, ки парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ бошад, туркӣ, ливо ва алам арабиянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бори нахуст ҳамчун ид Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд ва ба ин муносибат чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва роҳпаймоии осоиштаи сокинони мамлакат зери парафшонии Парчами миллӣ баргузор гардиданд.
Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлоли давлат инъикос меёбад. Гузаштагони миллати тоҷик дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои гуногуни оини ҷавонмардию тавоноӣ истифода мекарданд. Масалан, дар ливои Куруши Кабир, ки тасвири нишонаи қудрату тавоноист, ин рангҳо нақш гардида буд. Ё худ, метавон аз ливои Коваи бузург (дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) ёдовар гардид, ки он нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгонамон маҳсуб меёбад. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ба ифодаи дигар, Парчами давлатӣ баёнгари ҳақиқии мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.
Парчами давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ифода менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мисоли равшани инро мо ҳангоми иштироки хонандагону донишҷӯён дар олимпиадаву озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ мушоҳида мекунем. Хонандагони бонангу номус, духтарону ҷавонписарони ватандӯст бо дастболо шудан бо ҳарифони худ Парчами миллии Тоҷикистонро баланд бардошта, бо ифтихор ба майдон мебароянд. Аз чунин партавафшонии Парчами миллӣ кулли мардуми Тоҷикистон ифтихор менамоянд.
Хуллас, қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ арҷгузорӣ ва ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Рангҳои Парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсат мебошанд. Ранги сурх – муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни Парчами миллӣ тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Аминем, ки Парчами давлати мо – Тоҷикистон партавафшон хоҳад монд ва мо зери парфишонии он аз бунёдкориву музаффариятҳоямон ба ҷаҳониён мужда хоҳем дод.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»