Барномаи «Вожаомӯз» – такмилбахши омӯзиши забони англисӣ

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст. Дар зимн, бояд зикр кард, ки тамоми имконоту шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Бо рушду пешрафти технологияҳои муосир ва истифодаи васеи телефон дар ҷомеа шаклҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ коркард мегардад. Бори аввал дар кишвар барномаи «Вожаомӯз» бо забони тоҷикӣ омода гардидааст, ки тавассути он калимаҳои забони англисӣ азхуд карда мешаванд. Зимни суҳбат муаллифи барнома Саъдӣ Тоирзода иброз дошт, ки ҳамчун омӯзгори забони англисӣ чанд сол дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуда, муҳити забономӯзӣ дар кишварро хуб медонам. Дар доираи таҷрибае, ки доштам, набудани чунин барнома бо забони тоҷикӣ эҳсос мегардид, аз ин рӯ, ҳамроҳи барномасоз Мирқурбон Наимов онро сохтем. Бояд гуфт, ки барномаҳои зиёде доир ба омӯзиши забони англисӣ мавҷуданд, вале бе тарҷумаи тоҷикӣ. Ҳадафу мақсади мо зиёд намудани маводи тоҷикӣ мебошад, бинобар ин, номашро низ «Вожаомӯз» («VozhaOmuz) гузоштем.
     Дар оғоз барнома якчанд мушкил дошт ва истифодаи он низ мувофиқ ба мақсад набуд. Ҳоло тарзи истифодаи он хеле беҳтар гардидаву наздики 40 ҳазор нафар истифодабаранда дорад, ки дар ин миён хонандагону донишҷӯён ва шаҳрвандони касбу кори гуногун мебошанд. Барномаи мазкур аз ҷониби истифодабарандагон низ баҳои мусбат гирифт ва ҳамарӯза вобаста ба фаъолияти барнома ба мо мактуб ва паёмакҳо ирсол мегарданд. Ба наздикӣ шакли нави барнома фаъол мегардад, ки тарзи истифодаи он боз ҳам осону муассир хоҳад буд.
     Дар баробари ин, барномаи «Вожаомӯз» сода буда, ба бахшҳо ҷудо шудааст. Ҳоло он 22 бахшро дар бар мегирад, аз қабили вожаҳои марбут ба маводи ғизоӣ, нақлиёт, маориф, тиб ва ғайра. Дар зимн, 400 калимае, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои аз ёд кардан ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шудааст, коркард гардида, ройгон дар хидмати истифодабарандагон қарор мегиранд. Истифодаи 60 фоизи барнома ройгон буда, баъдан бо пардохти маблағи муайян ҳамаи бахшҳо дастрас мегардад. Моҳонаи истифодаи пурраи барнома 31 сомонӣ мебошад ва як рӯзи он 1 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки ин маблағро метавонанд аз тариқи корти VISA пардохт кунанд.
     Воқеан, бартарии барнома дар он зоҳир мегардад, ки аз нигоҳи методологияи омӯзиши забони англисӣ тартиб дода шудааст ва ҳар як калимаро дар панҷ усул аз истифодабарандагон мепурсад; тарзи дуруст навиштани калима, тарзи дурусти талаффуз, ба тариқи шунавоӣ, аз тоҷикӣ ба англисӣ ва аз англисӣ ба тоҷикӣ. Ҷанбаи дигари мусбат барномаи мобилӣ будани он мебошад, ки дар ҳама ҳолат онро истифода менамоед. Ҳоло барнома 8957 калимаро дар бар мегирад.
     Саъдӣ Тоирзода вобаста ба заҳмате, ки дар таҳия барнома кашидааст, зикр намуд, ки дар таҳияи барнома ҳудуди 11 моҳ бо Мирқурбон Наимов заҳмат кашидем, онро сохтем ва калимаҳоро вобаста ба сатҳи забондонии дов­талабон муайян кардем. Барои сатҳи якум 10-12 калимаи одиро интихоб кардем. Бояд гуфт, ки забони англисӣ 6 сатҳ дорад. Якум сатҳ бигинер номида мешавад, ки қадами якум дар омӯзиши забони англисист. Дар ин сатҳ донистани аз 1 то 300 калима ба эътибор гирифта шудааст. Сатҳи дуюм аз 300 то 600 калима, сатҳи сеюм то 1000 калима, сатҳи чорум 2 ҳазор калима, сипас 4 ҳазор калима, 6 ҳазор калима ва аз ҳама сатҳи баланди забони англисиро адвенс мегӯянд, ки донистани беш аз 8 ҳазор калима дар ин сатҳ тақозо карда мешавад.
     Дар барнома барои ҳар як сатҳ калимаҳо алоҳида омода карда шудааст. Ҳоло барномаро коркард дорем ва бо мукаммал шудани он ҳангоми ворид шудан аввал тест мегиранд ва вобаста ба сатҳи донистани забони англисӣ калимаҳо пурсида мешавад.
     Ҳангоми таҳияи барнома чор унсури асосии омӯзиши забони англисӣ ба назар гирифта шудааст. Якум, визуалӣ, дуюм, аудиоалӣ, сеюм, ламс кардан ва чорум, навиштан. Калимаро аз назар мегузаронед, тарзи дурусти талаффузашро гӯш мекунед, баъдан тест оғоз меёбад ва ҳамон калимаҳои хондашуда пешниҳод мегардад ва дурусташро интихоб мекунед. Якум, расми калима нишон дода мешавад, баъдан тарҷума интихоб карда мешавад, масалан, расми пиёла бошад, аввал бо забони тоҷикӣ пиёла ва баъдан калимаи cup бо забони англисӣ пешниҳод мегардад. Сипас ба таври мустақим навиштани калима тавассути ҳарфҳо ироа мегардад. Баъдан калимаҳо боз ба шакли овозӣ пешниҳод мешавад. Калимаро мегӯяд, шумо дуруст ва нодурустии онро интихоб мекунед. Қадами охирин мувофиқаоварӣ мебошад. Яъне, 12 калима мебарояд, шашто тоҷикӣ ва шашто англисӣ. Бояд тарҷумаи ҳар як калима дуруст ёфта шавад. Барномаи мазкурро метавон дар Google Play дар телефон насб намуда, ба таври самаранок ба омӯзиши забони англисӣ машғул гардид.
     Дар такмил намудани барнома се нафар – ду муаллим ва як барномасоз фаъолият дорем ва дар он фақат калимаҳо оварда шудаанд. Дар оянда нақша дорем, ки видеоролик ва муколамаҳоро ворид кунем ва онро бо зеҳни сунъӣ пайваст кунем, то истифодабарандагон бо зеҳни сунъӣ суҳбат кунанд. Зеро барои он ки барномаи «Вожаомӯз» пурра ба платформаи забони англисӣ мутобиқ шавад, заҳмату талоши зиёдро талаб мекунад.
     Мусаллам аст, ки Саъдӣ Тоирзода дар самти омӯзиши забони англисӣ корҳои зиёдеро ба сомон расондааст, ки дар ин миён метавон аз китоби «1001 калимаи зарурӣ» ёдовар гардид. Китоби мазкур низ аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шудааст. Мавсуф доир ба ин китоб зикр кард, ки бояд ҳангоми таҳияи дилхоҳ китоб муҳити забономӯзӣ ба эътибор гирифта шавад ва ҳамчун омӯзгор, ки дар муассисаҳои таълимӣ, марказҳои забономӯзӣ фаъолият кардааст, бештар он калимаҳоеро гирд овардааст, ки дар ҳаёти ҳамарӯза истифода мегарданд. Китоб барои хонандагону донишҷӯён ва нафароне, ки ба омӯзиши забони англисӣ машғул мегарданд, муфид буда, ба таври сода ва мувофиқ ба ҳама синну сол омода шудааст.
     Саъдӣ вобаста ба рушди омӯзиши забони англисӣ нақшаҳои зиёд дорад, ки ин, пеш аз ҳама, бо истифода аз технологияи муосир равнақ бахшидани барномаи омӯзиши забони англисӣ мебошад.
Дарвоқеъ, барномаи «Вожаомӯз» метавонад дар омӯзиши забони англисӣ ба хонандагону донишҷӯён ва алоқамандон ёрӣ расонад. Мусаллам аст, ки бе донистани луғат такаллум бо дилхоҳ забон номумкин аст, бинобар ин, нахуст боят луғатҳоро азхуд кард.
     Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз маводу матолиб ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, танҳо шавқу рағбат ва истифодаи дурусти технологияи муосир ва заҳмату талоши пайваста инсонро ба мақсад мерасонад.

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»