ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РИВОҶИ СУННАТҲОИ ФАРҲАНГИ КИТОБДОРИИ ТОҶИКОН

     Дар низоми сиёсати фарҳанг­пар­варона ва раванди анҷоми тадбирҳои маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза ба низом ва тарҳандозии дархури замон ба роҳ андохта шуда, аз мақоми шоистае бархурдор гардид. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб ки «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин ма­қо­ми шоиста касб кардааст» ва «китоб­хонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли нав­рас» мебошад, нашри осор, бунёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхониро таҳти таваҷҷуҳ ва парастории ҳамешагии худ қарор дод. Ҳамин арзиш ва ҷойгоҳи китоб­хонӣ дар тафаккури миллӣ буд, ки дар тақвими санаҳои таърихиву миллии тоҷикон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб арзи ҳастӣ намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷи­кистон дар соли 2007 эълом доштанд.
     Ҷиҳати дастрасии лозими ҷомеа бо осори классикони адабиёти тоҷик ба нашри силсилаи панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» асос гузошта шуд, ки он шомили мероси муътабари адабиёти классикии форсу тоҷик мебошад. Дарозои даҳ соли охир тавассути наш­риё­ти «Адиб» «Осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Ашъори ҳамасрони Рӯ­да­кӣ», нуҳ ҷилди «Шоҳнома»-и Фир­давсӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Рубоиёт»-и Умари Хайём, қасоиди Хоқонии Шарвонӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, мас­навиҳо ва девони Аттор Нишобурӣ, Девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Бедили Деҳлавӣ ва баргузидаи ғазалиёти шоирони дигар ва дар умум, наздики панҷоҳ ҷилд аз ин силсила ва чандин асари олиқадр аз шумори осори диниву маърифатӣ ва ахлоқӣ ба дасти хонанда расидаанд. Дар идомаи силсилаи корномаҳои илмии хеш Пешвои миллат худ ҳамчун аҳли китоб бо таълифоти гаронмояашон дар саргаҳи марҳалаи нави худшиносӣ ва худо­гоҳии мардуми тоҷик дар асри имрӯз қарор гирифта, ба василаи силсилаи асарҳои ҷовидонаи худ чароғи маърифат ва маънавиёти ҷомеаро барои имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар равшану мунаввар доштаанд. Нахуст бо дарназардошти созгор омадани ниёз­ҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ба афкор ва андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва зарурати таваҷҷуҳи амиқ ба фалсафаи инсон ва ҷаҳони ботинии ӯ бо такя бар ҳақиқати инсоншиносии ӯ зарурати таҳқиқи ин афкорро ба хотири ҳидояти инсони сайёра дарк намуда, маҷмуи баррасӣ, биниш ва диду назариёти хешро дар китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» фароҳам оварданд, ки соли 2012 аз чоп баромад. Мабоҳиси меҳварии қобили аҳамияти ин асар дар истиқрори пайванди андешаҳои Мавлоно бо сарнавишти башар таҷассум дорад, ки ба таъкиди Пешвои миллат, ин афкори маҳфуз дар осори ҷовидонаи Мавлоно «имрӯз беҳтарин ва муассиртарин таблиғгари ваҳдати инсоният, садо­қату дӯстӣ ва ҳамкории созгор бо тамоюлот ва тақозоҳои рӯз ва ормонҳои бузурги башарият аст. Беҳуда нест, ки ин осор ва боз ҳам қабл аз ҳама «Маснавӣ» аз осори хонданитарин ва сернашртарин дар Ғарбу Шарқ, бахусус, Амрико ва Аврупо аст».
     Таълифи китоби арзишманди «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ҷилди аввали он дар соли 2016 ва ҷилди дувуми он дар соли 2020 ба нашр расид, ба марҳалаи нави бузургдошти забони давлатӣ ва сарнавишти таърихии он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошт, зеро ин асар ба зоти хеш баробари бар пояи сарчашмаҳои муътамади адабиву илмӣ муқаррар намудани сарнавишт ва ҷуғрофиёи таърихии забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик ба тав-ри амиқ собит намуд, ки ин забони ғаноманд дар тӯли қарнҳо барои башарият хидмат намуда, ҳамчун забони умумиҷаҳонӣ дар ривоҷи илму адабиёт, фарҳанги умумиинсонӣ нақши муассир гузоштааст. Албатта, шинохти аҳдофи нигориш ва дидгоҳҳои тозаву мутаккӣ бар омӯзаҳои таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси ин таълифоти арзишманд хостори як баррасии ҷудо­гонаву амиқ аст, вале ба вуҷуд омадани он ҳамчун як китоби пурарзиши илмӣ дар қатори таълифоти дигари Пешвои миллат чун «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва амсоли ин дар навбати аввал таваҷҷуҳи амиқи Роҳбари давлати тоҷиконро нисбат ба ташаккули ҳамаҷониба ва татбиқи бисёрҷабҳаи сиёсати забонӣ ва маърифати таърихии сарнавишти он бозтоб мебахшад. Маҳз, чунин муносибат ба яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ – забони давлатӣ аз он башорат мерасонад, ки дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳи­доят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат сарнавишт ва ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ дубора ва бо сурати комилан барҷаста ва натиҷаи ибтикороти судманди пуштибони ҳақиқии он — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардида, ба тахтгоҳи ҳақиқии хеш менишинад.
     Дар нашри аввали китоби «Чеҳ­раҳои мондагор» Пешвои миллат нақшу мақом ва ҷойгоҳи таърихии 25 тан шахсияти бузурги миллати то­ҷикро, сар карда аз Куруши Кабир то ба Сотим Улуғзода шарҳу тафсир намуданд, ки бегумон, аксари ин бузургони мо аҳли китоб ва соҳиби ин хазинаи бузурги маънавии башарият мебошанд, ки ба василаи корномаҳои ақлонии муҷассам дар китобу осори хеш дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ва андешаи бузурги инсонӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Дар нашри дуюм ин чеҳраҳо ба 30 нафар расиданд, ки ҳамагӣ шореҳи шинохти симоҳои бузурги миллат дар оинаи андеша ва афкори Пешвои миллат ба шумор мераванд.
Дар канори ин бевосита бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат рӯйи чоп омадани силсилаи осоре, аз қабили «Таърихи ҷомеи тоҷикон» дар шаш ҷилд, Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ, осоре дар силсилаи «Тоҷ­но­ма», ки дар доираи он беш аз 20 ҷилд осори адабиву таърихӣ ва сарчаш­маҳои муҳим бевосита дар заминаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯйи чоп омаданд, «Донишномаи Сомониён» дар се ҷилд, «Донишномаи Рӯда­кӣ» дар ду ҷилд, «Донишномаи фар­ҳанги мардумии тоҷик», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» дар як ҷилд, «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар шаш ҷилд ва осори мутааддид дар силсилаи «Китобхонаи мактаб» ва садҳо китоби дигар осори мутааддид аз илму адаби гузаштагон, ки бештарини онҳо бори аввал ба ҳуруфи имрӯза чоп шудаанд ва даҳҳо иқдоми дигар, аз қабили таҷдиду тармим ва бунёди китобхонаҳои нав, таъсиси дуконҳои китобфурӯшӣ дар ҳама манотиқи кишвар аз эҳёи бузургдошти китоб ва суннати китобхонӣ, аз татбиқи муваффақонаи ин ибтикороти густардаи фарҳангӣ паём мерасонанд. Баробари ин, дар доираи бар­номаҳои эълони соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ибтикори Пешвои миллат ба нашр расидани китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ба тамоми хона­водаҳои мардуми кишвар дастрас шудани он воқеан, ибтикор ва корномаи беназири Сарвари давлати мо буд, ки дар амри таҳкими шуури маънавию динӣ, худшиносиву худогоҳӣ нақши муассир гузошт.
     Бо ҳадафи ҷалби густурдаи мардум ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа сар аз соли 2019 бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид. Ҳоло соли шашум аст, ки озмуни мазкур давом дорад. Баргузории ин озмун дар давраҳои мухталифи шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ башорат аз он овард, ки воқеан, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳ намуда, новобаста аз синну сол, дар амри хондану аз бар намудани осори фаровони адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт ва тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш нақши муассир гузоштанд. Хосса, ширкат ва ҳузури фаъоли кӯдакону наврасон дар ин озмун гувоҳ аз он дод, ки насли имрӯзи кишвар зербинои кохи муҳташами маънавиёт ва маърифату дониши хешро аз имрӯз тавассути андӯхтаву омӯхтаҳои хеш аз осори ниёкону адибони имрӯзи кишвар ва ҷаҳон истеҳком бахшида, дар шинохти ҷаҳони муосир бо диду назари нав роҳ мекушоянд. Ҳузури гус­тарда ва фаъоли намояндагони касбу кори гуногун ва наслҳои мухталиф дар озмун бори дигар ҳақиқати ин андешаҳои судманди Пешвои миллат­ро дар робита ба фарҳанги мутолиа ва китобхониву китобдории тоҷикон дар масири таърих собит намуд, ки барҳақ фармудаанд: «…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд».
     Қобили таъкид аст, ки қомат афрохтани бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар айёми Наврӯзи соли 2012 ҳамчун маҳсули бузурги корномаҳои Пешвои миллат дар мутобиқат бо меъёрҳои замонавии байналмилалӣ ва бо корбандии усулҳои меъмории шарқӣ ҷараён гирифт, таҷаллии барҷастаи сиёсати фарҳанггустарӣ ва маърифатгароии Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Ин тадбири наҷиб имконият фароҳам овард, ки Китобхонаи миллии Тоҷи­кистон чун нишони бузурги фарҳанги олии китобдории тоҷикон дар асри имрӯз таҷассуми равшан пайдо кунад, зеро аз таърих бароямон равшану ҳувайдост, ки ҷойгоҳи китоб ва китобхона дар масири таърих дар андешаву афкор ва пайкорҳои мардуми тоҷик махсус ва хеле муҳим будааст. Гувоҳи равшани ин ҳақиқат мақоми барҷастаи китобхонаи «Савонеҳ-ул-ҳикмат» дар низоми давлатдории Сомониёни шарафманд ба шумор меравад, ки бешак, пояҳои аслии илми китобдориву китобшиносии башариро бунёд ниҳодааст.
     Насли имрӯзи маърифатпарвари тоҷик бар пояи маҷмуи ин иқдомот ва ташаббускориҳои Пешвои миллат дар роҳи таблиғи фарҳанги китобдории тоҷикон, ривоҷи суннатҳои оини китобдориву китобшиносӣ, мутолиаи осор ва ташаккули маърифат ва маънавиёти хеш ҳақиқати фармуда ва ҳидоятҳои зерини Пешвои миллатро дар ҷону ҷаҳони хеш кашф хоҳанд кард, ки « ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».

Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ,
профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров