ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМ БА МИЛЛАТ АСТ

Ҳиҷоб имрӯз ба як навъ мӯд мубаддал гаштааст. Дар наворҳои интернет мебинем, ки зану духтарони русу немису фаронсавию олмонӣ ба сар ҳиҷоб бастаанд. Аз сӯйи дигар, ин кор ҷуз худнамоию худписандӣ чизи дигаре нест. Қисмате аз ҳиҷобдорон гӯё гуфтанӣ мешаванд, ки ана, бинед, ман чӣ хел мусулмонам, аз шумо аз замин то осмон фарқ дорам. Мутаассифона, бисёриҳо мусулмониро дар зоҳир мебинанд, ки хатост. Мусулмонӣ ба гуфтору рафтору кирдор зебост. Агар дар рӯ ҳиҷобу дар дил кинаву нафрату адоват дошта бошем, ягон кори хайру савобе накардаем ва ин зоҳирмусулмонии мо ба касе даркор нест.
Гоҳе дар Фейсбук мехонем, ки «мусулмоне» зардуштиеро наҳ мезанад, «кофир» – аш мегӯяд ва ғайра. Аммо ин маврид як чизро аз ёд мебарем: мо 1400 сол пеш мусулмон шудем, вале обову ниёи мо пеш аз милод то асри ислом бутпарасту зардуштиву пайрави дигар ҷараёнҳо буданд. Пас, ба хотири ин ки зардуштӣ ё бутпараст буданд, онҳо кофиранд? Ё дигар онҳоро ниёву обои худ намеҳисобем? Хоҳем ё нахоҳем, мо авлоди ниёи худ ҳастем. Ин чиз муҳим нест, муҳим ин аст, ки онҳо тоҷик буданд, миллат буданд, либоси миллии худро доштанд. Онҳо на танҳо тамаддуни ғанӣ, суннату арзишҳои миллӣ, балки ҳазорсолаҳо либоси миллии худро аз даст надоданд. Ана, ин чиз ҳам бисёр муҳим аст! Пайравӣ ба дигар миллат моро аз худ, аз асолатамон, аз решаву кундаамон дур месозад. Ин рафтори мо ҳикояти зоғро ба хотир меорад.
Зоғе хиромидани кабкро дида, мехоҳад ба ӯ монанд шавад ва хиромашро тақлид мекунад. Аммо хиромидани кабкро ёд нагирифту рафтори худро низ аз даст дод. Мо бояд тоҷик будани худро бо суннату таомули тоҷиконаамон ба ҷаҳониён манзур кунем. Сару либоси миллӣ тоҷик буданамонро аён месозад, имрӯз, намояндагони бисёр миллатҳо, қатъи назар аз пайрави кадом дин буданашон, ҳиҷобро ҳамчун мӯд меҳисобанд. Ба фикри ман, аксар бонувони тоҷик на ба хотири мусулмонӣ, балки ба хотири мӯду худнамоӣ ҳиҷоб мегиранд. Либоси миллӣ чунон зебову назаррабост, ки беихтиёр диққати ҳар касро ба худ мекашад. Ба бар кардани либоси миллӣ на фақат бонувонро зеб мебахшад, балки он нишони эҳтиром ба миллат, эҳтиром ба гузаштаи худ, эҳтиром ба фарҳангу асолати миллии худ аст. Касе мусулмон будану риояи одоби мусулмониро бароямон манъ накардааст, балки Конститутсияи кишвар озодии виҷдонро кафолат додааст. Аммо тоҷик будан, миллат будан, маънои нангу номуси миллӣ, маънои ватандору ғурури миллӣ доштанро дорад.
Аз ин ҷо ба натиҷае мерасем, ки риояи либоси миллӣ гувоҳи ифтихор аз тоҷик будан аст, ҳиҷоб доштан хоҳем ё нахоҳем, нишоне аз бегонапарастии мост, либоси миллӣ пӯшидану айни замон мусулмон будан дар пеш ягон монеае надошту надорад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»