ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ ОМӮЗГОРОН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

– Хуб медонем, ки масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо аз муҳимтарин вазифаҳои донишкада маҳсуб меёбад. Сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба ин паҳ­луи фаъолияти омӯзгорон бештар гардидааст. Чанд сухан перомуни донишкада ва филиалҳои он мегуфтед.
— Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилот ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ин бахши таҳсилот дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ба ин маънӣ, Донишкадаи ҷумҳуривии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ягона муассисае мебошад, ки вазифаи асосии он такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Донишкада ва филиалҳои он дар тӯли фаъолияти худ дар самти такмили маҳорати касбии кормандони соҳа корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Ҳамасола 20 фоизи кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар донишкада ва филиалҳо 561 курс баргузор гардид, ки дар он 12 934 нафар омӯзгору корманди соҳа фаро гирифта шуданд. Мусаллам аст, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардидан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва ба ин васила, самараноку муассир гардондани сифати таълим муҳим мебошад. Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккул ва такмили ихтисоси омӯзгорон нақши бориз дошта, дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Яке аз шаклҳои он омӯзиши омехта мебошад, ки дар донишкада роҳандозӣ гардид. Он модели омӯзишест, ки дар он шаклҳои омӯзиши аудиторӣ (семинар, машварат, лексия), омӯзиши фосилавӣ (тариқи воситаҳои технологияҳои иттилоотиву комму­никатсионӣ), иҷрои корҳои амалӣ ва роҳбаладӣ ба мақсади тақвияти маҳорати касбии омӯзгорон ба таври ҳамгиро доир карда мешавад.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷиҳати амалӣ намудани рақамикунонии соҳаи маориф 22%-и курсҳои такмили ихтисос дар шакли омехта баргузор карда шуд.
– Маълум мегардад, ки фаъолияти донишкада тадриҷан рушду инкишоф меёбад. Ба ин маънӣ, Дурнамо (стратегия)-и рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 қабул гардид ва дар ин ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати вусъати фаъолият кадом афзалиятҳо ба инобат гирифта шудаанд ва чӣ бартариҳо доранд?
– Вазъи имрӯзаи соҳаи маорифи кишвар тақозои онро дорад, ки дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ карда шавад. Бо ҳамин мақсад, аз ҷониби кормандони донишкада Дурнамо (стратегия)-и рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардид. Дар доираи стратегияи мазкур афзалиятҳо ба самтҳои зерин дода шудааст:
— дастрасии кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
— таъмин намудани сатҳи сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
— рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
— идоракунии низоми курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
— баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорони донишкада.
Дар самти дастрасии кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва таъмин намудани сатҳу сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар донишкада бо дарназардошти талаботи имрӯзаи соҳа ба ғайр аз шакли ягонаи амалкунандаи такмили ихтисос (анъанавӣ — классикӣ) шаклҳои дигари такмили ихтисос, аз ҷумла, фосилавӣ, омехта, дуалӣ, худомузӣ ва мавзуӣ роҳандозӣ карда шавад.
Таъмини сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз таҷдиди барномаҳои муосири таълимии курсҳои такмили ихтисос вобастагии амиқ дорад. Тибқи стратегияи мазкур то соли 2030 шумораи барномаҳои таълимии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир аз 64 адад ба зиёда аз 700 адад расонида шавад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо имкони дастрасии баробари кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва таъмини сатҳи сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро таъмин менамояд.
Масъалаи дигар, ки раёсати донишкада дар аввалият қарор додааст, рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар платформа маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта мешавад. Айни замон зиёда аз 24 ҳазор нафар омӯзгор дар платформа ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи дурнамои рушд (стратегия) то соли 2030 таъсиси якчанд платформа дар самти ба роҳ мондани пешбурди таълим аз рӯйи омӯзиши омехта, фосилавӣ ва худомӯзӣ дар назар дошта шудааст.
– Чунон ки дар боло ишора намудед, дар асоси стратегия зарурате ба миён меояд, ки барномаҳои нави таълимӣ коркард гардида, ба баланд шудани сатҳи таълими курсҳои омӯзишӣ мусоидат намоянд. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шудааст?
– Имрӯзҳо дар донишкада аз рӯйи 64 барномаи таълимӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Бо дарназардошти ворид намудани ислоҳот дар ин самт бояд барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисос ба чунин категорияҳо ҷудо карда шаванд:
— омӯзгорони собиқаи кории то 5-сола дошта;
— омӯзгорони собиқаи кории то 10-сола дошта;
— омӯзгорони собиқаи кории то 15-сола дошта;
— омӯзгорони собиқаи кории аз 15-сола зиёд дошта;
— омӯзгорони дорои таҳсилоти олии касбии тахассусӣ;
-омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тахассусӣ;
-омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
— омӯзгорони дорои таҳсилоти ғайритахассусӣ (ғайрипедагогӣ).
Тибқи нақшаи миёнамуҳлати амали стратегия то соли 2030 барои 64 барномаи таълимии курсҳо аз рӯйи ҳашт категория барномаҳои таълимии курсҳо таҳия карда мешаванд. Дар назар дошта шудааст, ки номгӯйи барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос низ зиёд карда мешаванд.
Дар самти мазмуни барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ислоҳот давом дорад. То соли 2026 тамоми 64 барномаи таълимӣ бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва талаботи имрӯзаи соҳа таҷдиди назар карда мешавад. Дар ин самт гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи донишкада таъсис дода шудааст. Барномаи намунавии таълимии курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси он то моҳи сентябр 6 барномаи таълимӣ таҳия гардида, то охири сол ба таври пилотӣ-озмоишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
– Мусаллам аст, ки бо густариши фаъолият ва баланд гардидани сатҳи таълим равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо ва табодули таҷриба то кадом андоза ба такмили курсҳои омӯзишӣ такони ҷиддӣ мебахшанд?
– Донишкада бо як қатор кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд роҷеъ ба самтҳои гуногуни корӣ шартнома ба тасвиб расонид. Ҳуҷҷатҳои имзошуда, асосан, самтҳои табодули таҷрибаи педагогӣ, коркарди барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, чопи маводи таълимӣ, гузаштани таҷрибаомӯзии кормандони муассисаҳои ҷонибҳо, доир намудани семинару омӯзишҳои илмӣ-педагогӣ ва омода намудани тренерони ҷавобгӯ ба сатҳи байналмилалиро дар бар мегирад.
Моҳи марти соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази маҳорати педагогии Ташкилоти худмухтори таълимии «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Дар доираи ҳамкориҳо моҳи май бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада барои омода намудани 50 нафар тренери сатҳи байналмилалӣ курси омӯзишии 12-рӯза баргузор гардид. Курси мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби намояндагони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуда, 7 июни соли 2024 бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Омӯзгорони донишкада ва филиалҳои он ҳамчун тренер соҳиби сертификати сатҳи байналмилалӣ гардиданд.
Инчунин, дар доираи санади мазкур аз 29 июл то 23 августи соли ҷорӣ 50 нафар тренери донишкада дар ҳамкорӣ бо тренерон аз Маркази маҳорати педагогии «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев»-и Ҷумҳурии Қазоқистон 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз семинари омӯзишии 10-рӯза оид ба «Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон» (PISA) дар се сатҳ (саводнокии табиӣ, математикӣ ва хондан) гузаронида мешаванд ва соҳиби сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ мегарданд.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи «Даря» бо мақсади баланд бардоштани мақоми донишкада ба 60 нафар омӯзгори ҷавони шаҳри Душанбе (аз 4 ноҳия), ки донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ мебошанд, семинар ва курсҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ, аз ҷумла, оид ба PISA ва Lesson stady ташкил карда мешавад. Онҳо дар татбиқи лоиҳаҳо ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Шоистаи таъкид аст, ки дар донишкада маҷаллаи «Омӯзгор ва замон» таъсис дода шуд, ки бо нашр гардидани он ҳамчун роҳнамо дар хидмати омӯзгорон қарор гирифта, шакли электрониаш дар сомона ва платформа ҷойгир карда мешавад.
– Дар баробари пешрафт баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд, ки дар ин миён метавон аз ҷониби масъулини бархе аз шаҳру ноҳияҳо таъмин накардани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисосро ёдовар шуд. Барои ба таври фарогир ҷалб намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бартараф намудани мушкили мазкур чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
– Донишкада ҳамасола бо мақсади иҷрои нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ба сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсусро барои соли 2024 дастрас мегардонад. Ҷиҳати таъмини шунавандагон ба курсҳо ба унвонии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардида, рӯйхати иштирокчиён то оғози курсҳо тартиб дода мешавад. Новобаста аз ин, баъзе шаҳру ноҳияҳо омӯзгоронро ба курсҳо тибқи нақша таъмин намекунанд.
Бояд қайд намуд, ки вазифаи донишкада ва филиалҳои он баргузории курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ буда, таъмин намудани иштироки омӯзгорону кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос тибқи сархати 13, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вазифаи мақомоти маҳаллии идоракунии маориф мебошад.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷиҳати аз курсҳои 5-сола ба 3-сола гузаштани омӯзгорон ва корман­дони соҳаи маориф тағйирот ворид карда шуд.
– Масъалаи дигаре, ки ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ иртиботманд аст, фарогирии омӯзгороне, ки таҷрибаманд ҳастанд, вале аз рӯйи равияи омӯзгорӣ мактабҳои олиро хатм накардаанд. Инчунин, ҳастанд нафароне, ки мувофиқ ба ихтисоси худ таълим намедиҳанд. Оё донишкада барномаи мушаххасро ҷиҳати ҳалли ин масъала дорад? Яъне, омӯзгороне, ки ҳам методу услуби ҷолиби тадрис ва ҳам таҷрибаи кофӣ доранд, дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб гардида, бо гирифтани сертификат ва ё ҳуҷҷати дигари махсус ҳамчун омӯзгори ихтисосманд пазируфта мешаванд?
— Маълум аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии кишвар фаъолияти теъдоди муайяни омӯзгорони ғайриихтисос ба назар мерасад. Бо мақсади аз байн бурдани ин мушкилот зарурати ҷорӣ намудани бозомӯзии омӯзгорони соҳа ба миён омадааст. Донишкада ҷиҳати бозомӯзии кормандони соҳаи маориф лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаи диплом барои хатмкунандагони курсҳои бозомӯзии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро таҳия намуда, онро барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод намуд ва айни ҳол дар коркард қарор дорад. Пас аз баррасӣ нақша ва барномаҳои таълимии бозомӯзӣ бо дарназардошти талаботи имрӯза таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Амалӣ гардидани бозомӯзи имкон медиҳад, ки он омӯзгорон ва кормандоне, ки солҳои тӯлонӣ ғайри ихтисос фаъолият мекунанд, аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ, яъне, «Диплом» мегарданд. Мусаллам аст, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди онҳо зиёд буда, таҷрибаи зиёди корӣ доранд ва мутахассиси соҳа мебошанд. Аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштани онҳо мушкилоти норасоии кадрӣ ва ғайриихтисос дарс додани омӯзгоронро аз байн мебарад.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»