МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ТАҚВИЯТ МЕХОҲАД

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризму экстремизм мебошад.
Дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Бо паҳн шудани идеологияи созмонҳои экстремистиву террористӣ авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза боз ҳам мураккаб шудааст. Дар кишвар «Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дигар қонунҳо амал мекунанд, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизму терроризм муайян менамояд. Ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, тундраву ифротгаро яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар боқӣ монда, хатарҳои мудҳишро дар пай дорад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу савияи донишу маърифат ва эҳсоси худшиносиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ба таври ҷиддӣ муносибат намоем.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри татбиқи онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа тақозо карда мешавад. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин амалҳои манфӣ гирифта шавад. Инчунин, ҷавонон бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому ҳифз намоянд ва бар зидди терроризму экстремизм мубориза баранд. Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд.
Зарнисор НИЗОМОВА,
«Омӯзгор»