КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

барои ишғоли вазифаи мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон барои соли таҳсили 2024-2025 озмун эълон менамояд
Мудирони кафедраҳо
1. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ
2. Мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ
3. Мудири кафедраи молия ва қарз
4. Мудири кафедраи ҳисобдорӣ ва андоз
Талаботи озмун
— таҳсилоти олии касбии соҳаҳои гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ, иқтисодӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;
— дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра метавонанд шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ё омӯзгорони таҷрибадори на кам аз 10 сол собиқаи омӯзгоридошта иштирок намоянд;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири кафедраро ба танзим медарорад;
— ба мудири кафедра илова ба маоши вазифавӣ, ҳангоми доштани унвони илмӣ 30% иловапулӣ дода мешавад.
Маоши вазифавӣ 2204 сомонӣ
1,0 воҳиди кории омӯзгорӣ.
Инчунин, дар кафедраи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ 1,0 воҳиди кории омӯзгорӣ.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда
— ариза ба унвони директори коллеҷ;
— нусхаи шиноснома;
— дафтарчаи меҳнатӣ;
— гувоҳнома аз ҷойи истиқомат;
— ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;
— билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайд­гирӣ;
— хуҷҷат дар бори муоинаи тиббии пешакӣ гузаштан (намунаи №38);
— нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
— шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
— маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси муассиса қабул карда мешаванд.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад — 48/32, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
Суроғаи электронӣ: www.tkd_2020@mail.ru, телефон: 234-58-08: 918-77-57-07