23 июли соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ректори академия Даврон Сафарзода зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ академия ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар академия 523 нафар устодону омӯзгорон фаъолият менамоянд ва шумораи донишҷӯёну магистрантон 4839 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2024 академияро 1298 нафар хатм намуданд.
Донишҷӯён, магистрантон ва кормандони академия дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» иштирок намуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Хазинаи китобхонаи илмӣ ва электронии академия 2 279 125 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 23 125 нусха дар хазинаи асосӣ ва 2 256 000 маводи электронӣ дар фонди китобхона дастраси истифодабарандагон қарор дорад.
Ҳамчунин, дар ин давра чор ихтисоси нав, аз ҷумла, ду ихтисос дар зинаи бакалавриат ва ду ихтисос дар зинаи магистратура таъсис дода шуд.
Салима МӮСОЕВА
«Омӯзгор»
