23-юми июли соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок карданд. Дар оғоз ба таври мухтасар ректор оид ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2024 маълумот дод. Сипас нишасти матбуотӣ, асосан, тавассути саволу ҷавоб сурат гирифт. Таъкид гардид, ки донишгоҳ фаъолияти таълимиро аз рӯйи се зинаи таҳсилот: бакалавр, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (доктор Ph.D) дар шуъбаҳои рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ мондааст. Дар 126 кафедраи донишгоҳ (119 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1316 нафар омӯзгор (12 нафар академики АМИТ ва 17 нафар узви вобастаи АМИТ), аз ҷумла, 218 нафар доктори илм, профессор, 695 нафар номзади илм, дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Шумораи донишҷӯён 22039 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 16523 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона, 4753 нафар донишҷӯи шакли таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, 761 нафар магистр мебошанд. Соли равон 357 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, ки 247 нафари онҳо хатмкунандаи шуъбаи рӯзона ва хатмкунандаи шакли таҳсилоти фосилавӣ, 10 нафар хатмкунандаи таҳсилоти 2-юми олӣ ва мутахассис, 100 нафар хатмкунандаи зинаи таҳсилоти магистратура мебошанд.
Дар заминаи донишгоҳ 18 шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 шурои олии диссертатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия таъсис дода шудааст. Дар пояи шуроҳои диссертатсионии донишгоҳ дар ин давра 123 рисолаи номзадию докторӣ дифоъ гардиданд.
Яке аз бахшҳои фаъолияти донишгоҳ татбиқи лоиҳаҳои илмӣ дар парки технологӣ мебошад. Дар ин самт низ фаъолияти парки технологии донишгоҳ вусъат ёфтааст. Тадбири мазкур боис гардид, ки номгӯйи маҳсулоти парки технологӣ зиёд гардад. Аз ҷумла, дар заминаи пойгоҳи дорусозии парки технологӣ хатти нави технологии истеҳсоли саноати маҳсулоти химияи шустушӯй (собунҳои моеъ) ва ороишӣ (собунҳои ороишӣ-пешгирикунанда) ба роҳ монда шуда, истеҳсоли таҷрибавии якчанд силсилаи маҳсулоти нав оғоз гардид.
Маркази биотехнологии донишгоҳ бошад, дар доираи мавзуъҳои «Омӯхтани хусусиятҳои бактерияҳои термофилии манбаи геотермалии Хоҷаобигарм» ва «Коркарди усулҳои самараноки биотехнологии афзунгардонидани микроклоналӣ ва тарзи ҳифзи дарозмуддати генофонди растаниҳои иқтисодан муҳим» фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ба саволҳои хабарнигорон доир ба вазъи қабули донишгоҳ дар соли равон, татбиқи таҳсилоти дуалӣ, дастгирии омӯзгорону муҳаққиқон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, гузаронидани ихтисосҳои донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ, таъсиси ихтисосҳои нав ва ғайра ректори донишгоҳ, муовинони ректор ва деканҳои факултетҳо ҷавобҳои мушаххасу қаноатбахш доданд.
Н. ОХУНЗОДА,
И. ТИЛАБОВА,
«Омӯзгор»
