Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии ATT тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба гузаронидани экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ)-и китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, маводи дигари таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф миёни олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон оид ба таълифи барномаву китобҳои дарсии фанҳои зерин озмун эълон мекунад:
1.«Барномаи таълими фанни адабиёти тоҷик» (барои синфҳои 5–11-ум);
2. Барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» (барои синфҳои 8–9-ум;
3. Китоби дарсӣ аз фанни «Астрономия (нуҷум)» барои синфҳои 10–11-ум) аз рӯйи «Барномаи таълими фанни астрономия барои синфҳои 10–11-ум»-и таҳиякардаи У. Умаров, А. Сафаралиев);
4. Барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни «Геометрия» барои синфҳои 7–11-ум;
5. Китоби дарсӣ аз фанни «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 11-ум, аз рӯйи барномаи таълими амалкунанда);
6. Барномаи таълим ва китоби дарсӣ аз фанни «Маърифати оиладорӣ» (барои синфи 10-ум);
7. Китоби дарсии фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» барои синфҳои 10–11-ум, аз рӯйи барномаи амалкунанда);
8. Барномаи таълим ва китоби дарсӣ аз фанни «Санъати тасвирӣ» (барои синфҳои 5–7-ум);
9. Китоби дарсии фанни «Суруд ва мусиқӣ» (барои синфи 6-ум, аз рӯйи барномаи таълими амалкунанда);
10. Барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни «Физика» (барои синфҳои 7–11-ум).
Мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба гузаронидани экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ)-и китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ҷавобгӯ бошанд.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:
— маълумот дар бораи иштирокчии озмун (насаб, ном ва номи падар (пурра);
— дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад);
— номи муассисае, ки дар он иштирокчии озмун кору фаъолият менамояд;
— вазифаи ишғолнамуда;
— собиқаи корӣ дар соҳаи маориф;
— дар таҳия ва ё таълифи кадом барномаи таълим ва китобҳои дарсии дар боло номбаршуда иштирок менамояд;
— телефон, e-mail.
Эзоҳ: Бо нафарони дар озмун ғолибомада, шартномаи дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссияи тадорукотии озмуни таълифи барнома ва китобҳои дарсӣ дар муҳлати 30 рӯзи баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Нишонӣ: Комиссияи тадорукотии озмун, ш. Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
Телефонҳо барои тамос: 227-46-00; 2 27-45-25.
Нишонии электронӣ: prmatt@mail.ru