ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

барои соли таҳсили 2024-2025 ҷиҳати ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаҳои мудири кафедра, профессор, дотсент, саромӯзгор, омӯзгор, ассистенти кафедраҳо ва кормандони сохторҳои зерин озмун эълон менамояд:
1. Кафедраи анатомияи нормалӣ ва забони лотинӣ
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, дотсент;
— саромӯзгор;
— ассистент.
2. Кафедраи забонҳо
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, дотсент;
— номзади илм, саромӯзгор;
— саромӯзгор;
— омӯзгор.
3. Кафедраи химияи тиббӣ ва экология
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
-номзади илм, дотсент;
— саромӯзгор;
— омӯзгор.
4. Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, дотсент;
— номзади илм, саромӯзгор;
— омӯзгор.
5. Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
— номзади илм; саромӯзгор;
— саромӯзгор;
— омӯзгор.
6. Кафедраи фанҳои муолиҷавии №1
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, саромӯзгор;
— саромӯзгор;
— ассистент.
7. Кафедраи фанҳои муолиҷавии №2;
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, саромӯзгор;
— саромӯзгор;
— ассистент.
8. Кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— саромӯзгор ;
— ассистент.
9. Кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— номзади илм, саромӯзгор;
— ассистент.
10. Кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— номзади илм; саромӯзгор;
— ассистент.
11. Кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— номзади илм, саромӯзгор;
— саромӯзгор ;
— ассистент.
12. кафедраи фанҳои педиатрӣ
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— ассистент.
13. Кафедраи беҳдошт ва эпидемиология
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— саромӯзгор;
— ассистент.
14. Кафедраи бемориҳоистоматологӣ
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— доктори илм, дотсент
— ассистент.
15. Кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, дотсент;
— ассистент.
16. Кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм; дотсент;
— ассистент;
17. Кафедраи фармакология ва микробиология
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— саромӯзгор;
— ассистент.
18. Кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дарматовенерология
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, дотсент;
— ассистент.
19. Кафедраи ҷарроҳии №4
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— номзади илм, дотсент;
— ассистент.
20. Кафедраи биохимия ва биологияи тиббӣ
— мудири кафедра, номзади илм, доктори илм;
— саромӯзгор;
— ассистент.
21. Дармонгоҳ ва озмоишгоҳи марказӣ
— озмоишгари калони озмоишгоҳи таълимӣ-клиникии биохимиявӣ;
-озмоишгари калони озмоишгоҳи илмӣ-ташхисии вирусологӣ;
-лаборант.
Номзадҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
— маълумоти олии тиббӣ ва тахассусӣ;
— собиқаи корӣ аз рӯйи ихтисос на камтар аз 3 сол дошта бошад (барои дипломи аъло, ординатори клиникӣ, магистратура бе собиқаи корӣ);
— донистани асосҳои илми педагогика ва психология;
— кор кардан дар компютер ва шабакаи интернет;
— донистани ҳатмии забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
— қобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ.
Имтиёз ба дорандагони дараҷаи илмӣ ва дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.
Эзоҳ! Мутахассисони равияи табиӣ- риёзӣ ва гуманитарӣ, ки донандаи сатҳи баланди забони англисӣ мебошанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.
Кормандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба кор ҷалб мегарданд, дар хобгоҳи омӯзгорони донишгоҳ бо ҳуҷраи истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба номи ректори донишгоҳ;
— варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи дипломҳо;
— 6 адад расми 3х4;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи РМА-ИНН (рақами мушаххаси андозсупоранда);
— нусхаи РМИ-СИН (суғуртаи иҷтимоӣ);
— маълумотномаи тиббӣ №038;
— маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
— тавсифнома аз ҷойи кори пешина.
Ҷиҳати иштирок дар озмун маълумотнома (CV)-и номзадон то 31 июли соли 2024 ба суроғаи ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шариф — 3, тел: 98-107-51-51; (83312)21407; (83312)21034 қабул карда мешавад.
Инчунин, номзадон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба почтаи электронии kadr@khatmedun.tj ирсол намоянд.
Музди миёнаи кормандон вобаста ба вазифаҳо аз рӯйи 1,0 воҳиди корӣ аз 2000 то 5000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Музди миёнаи кормандон вобаста ба вазифаҳо аз рӯйи 1,5 воҳиди корӣ аз 3000 то 7500 сомонӣ муқаррар шудааст.